Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анӣ Жирардо: "Ҳамеша зани озод будам"


Анӣ Жирардо, яке аз ситораҳои рахшони театру синамои Фаронса, дар охирин рӯзи фасли зимистон оламро падруд гуфт.

Дар бораи даргузашти ҳунарманди маъруф пайвандонаш хабар доданд. Ӯ се соли ахир мариз буд ва дар ҳоли мадҳушӣ қарор дошт. Анӣ Жирардо солҳои ахир дар шаҳраки Лизи-сюр-Урк, дар канори Порис ба сар мебурд.

Анӣ, дӯстону пайвандон ӯро фақат бо номаш садо мекарданд, соли 1954 консерваторияи санъати драмавии Порис, яке аз бузургтарин донишгоҳҳои ҳунари театрии Фаронсаро хатм кард ва ӯро ба театри маъруфи «Комеди Франсез» даъват намуданд.

Ду сол баъд Анӣ дар ин театр дар намоишномаи Жан Кото «Мошинкаи чоп» нақши асосиро бозид.

Аввалҳои солҳои 60-ум Анӣ Жирардо дар экранҳои синамо зуҳур намуд – яке аз аввалин ва беҳтарин нақшҳояшро ӯ ҳамроҳ бо Ален Делон дар филми Лукино Висконти «Рокко ва бародарони ӯ» иҷро намуд. Филмҳо бо ширкати Ани Жирардо – «Аз муҳаббат метавон мурд», «Рабудани қабурғаи Муштарӣ», «Пианистка», «Ниҳонӣ» аз сертамоштарин филмҳои фаронсавӣ маҳсуб мешаванд.

ВАЛЕРИЙ АҲАДОВ: «РУФ» БА ЖИРАРДО ПИСАНД ОМАД

Анӣ Жирардо соли 1989 дар филми Валерий Аҳадов «Руф» нақши асосиро бозида буд. Валерий Аҳадов, таҳиягари тоҷики муқими Маскав, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки хонум Жирардо пешниҳод барои
Валерий Аҳадов, таҳиягари тоҷик
иҷрои ин нақшро бо мамнуният пазируфт, зеро филмнома ба ӯ хело писанд омада буд.

Ба гуфтаи ӯ, сарнавишти қаҳрамони филм – пианинонавози маъруфи фаронсавӣ Вера Лотар-Шевченко, зане, ки бо дипломати шӯравӣ хонадор шуда, баъдан як бахши умрашро дар маҳбас сипарӣ кард ва аз имкони бозгашт ба Порис маҳрум монда буд, хонум Жирадоро тасхир карда буд.

Анӣ Жирардо барои иҷрои нақш ва сафар ба Шӯравӣ розӣ шуд, ҳарчанд бисёриҳо хостанд, ки ӯро аз роҳаш баргардонанд. Валерий Аҳадов мегӯяд, «он давра воқеъан ҳам вазъ мушкил буд... Ва аммо хонум Жирардо ба Маскав омад ва мо ба навори филм шурӯъ кардем. Ду рӯз баъд ӯ ҳадафи моро хуб дарк намуд, ки ин барои ӯву барои мо хело муҳим буд».

БАҲМАНМОҲ НАХУСТНАМОИШРО МАВҚУФ ГУЗОШТ

Навори филми «Руф» дар Маскав сурат гирифт ва аммо Валерий Аҳадов мехост, ки нахустнамоишро дар шаҳри Душанбе доир кунад. Рӯзи нахустнамоиш ҳам пешакӣ маслиҳат шуда буд – 12 феврали соли 1990...

«Ман гумон кардам, ки моро бо оркестр истиқбол мегиранд ва аммо моро ронандаи микроавтобуси киностудия пешвоз гирифт... 12 феврал, вақте мо аз ҳавопаймо пойин шудем, авҷи ошӯбҳои баҳманмоҳ буд ва аз ин рӯ, ман Аниро на ба меҳмонхона, балки рост ба манзили зистам бурдам» - мегӯяд таҳиягари тоҷик.

Валерий Аҳадов меафзояд, «ҳарчанд дар Душанбе вазъ ноором буд, Жирардо тоқати хонанишинӣ надошт, пироҳанҳои зебои худро пӯшида ҳамроҳ бо духтару дугонаҳояш ба манзилҳои дигар аъзои гурӯҳи эҷодиямон меҳмонӣ мерафт. Ҳама аъзои гурӯҳи эҷодии филми «Руф» аз Душанбе буданд ва ҳар нафаршон мехостанд, ки ситораи синамои Фронсаро дар манзилашон меҳмондорӣ кунанд».

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, рӯзҳои сафараш ба Душанберо Ани Жирардо дар китоби ёддоштҳояш чун «сафари фавқулодда» тасвир кардааст. Хонум Жирадо ба Валерий Аҳадов гуфтааст, ки баъд бозгашт аз Душанбе ӯро дар Порис дар толори президентӣ пешвоз гирифтанд ва садҳо хабарнигорон дар бораи авзоъи Тоҷикистон суолаш мекарданд.

«МАН ҲАМЕША ЗАНИ ОЗОД БУДАМ»

Чанд сол пеш Ани Жирардо дар дигар филми Валерий Аҳадов «Зани озод» ҳам нақши асосиро иҷро кард.

«Ӯ воқеъан зани озоду мустақил буд ва табиати аҷибе дошт, мегӯяд Валерий Аҳадов, Агар касеро меписандид, аз ҷон беҳтар дӯсташ медошт ва аммо агар бо одами касифе дучор меомад, дигар ба ҳеҷ ваҷҳ рӯяшро дидан намехост. Бештари қаҳрамонҳояш дар филмҳо низ ҳамин гуна табиат доштанд».

Ба гуфтаи Валерий Аҳадов, бори ахир бо Ани Жирардо севуним сол пеш дидор дида буд – ҳунарманди маъруф бо вуҷуди маризӣ меҳмони ҷашнвораи синамо ба Маскав шуд.

«Баъдан дигар дидорбинӣ муяссар нашуд, зеро тақрибан дуву ним соли ахир маризияш хурӯҷ карда буду ӯ дигар касеро намешинохт. Тамоми ин муддат аз духтарашу дигар пайвандонаш ҳолашро мепурсидам... Бо вуҷуди ин хабари маргаш барои ман ногаҳониву андӯҳбор буд», мегӯяд таҳиягари тоҷик Валерий Аҳадов.

XS
SM
MD
LG