Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи КАМ дар ин робита гуфт: «Дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд дар мавзеъи Ҳушёрии Варзоб як автомашинаи Камаз боздошт карда шуд, ки аз даруни пинҳонгоҳи он 81 баста кашф ва мусодира шуд. Ташхис нишон дод, ки дар он 22 кило героин, бештар аз 34 кило чарс ва зиёда аз 23 килограм афюн дар ин бастаҳо ҷойгир карда шудааст. Вазни умумии маводи мухаддири дар ҷараёни ин амалиёт кашфшуда қариб 80 килограмро ташкил дод».
Нозирҷон Бӯриев ҳамчунин афзуд, дар зарфи ду моҳи охир, яъне аз оғози соли равон то кунун, нерӯҳои вобаста ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бештар аз 260 килограм маводи мухаддирро ошкор ва забт кардаанд. Аз ҷумла дар ноҳияҳои марзии Ҳамадонӣ ва Шӯрообод ҳудуди бештар аз 115 кило ва дар шаҳри Душанбе низ зимни як амалиёт 16 кило маводи мухаддир дар зарфи ду моҳи кашфу мусодира шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои дигари қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон низ, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонси назорат бар маводи мухаддир низ дар ин муддат даҳҳо килограм маводи мухаддирро ошкор ва забт кардаанд.
Ахбори вобаста ба вазъи қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон бештар аз ҳамаи кишварҳои дигари минтақа мунташир мешавад. Хоса расонаҳои русӣ ба ин мавзӯъ ва даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон қочоқи мухаддирот ба сурати муназзам таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Тоҷикистон ба сурати муназзам ва шаффоф ахбори вобаста ба мубориза, кашф, забт ва нобудсозии маводи мухаддирро тавассути расонаҳо мунъакис мекунад.
Коршиносон мегӯянд, дар шароите, ки кишварҳои дигари минтақа ва хоса худи Русия аз нашри ахбори комили вобаста ба маводи мухаддир дар дохили худ иҷтиноб меварзанд, бозтоби комили ин ахбори Тоҷикистон на ҳамеша ба нафъи обрӯи байналмилалии ин кишвар анҷом мешавад. Ва гузашта аз ин, бозтоби беш аз ҳадди ахбори вобаста ба маводи мухаддир боис шудааст, ки дар расонаҳои Русия шахсияти як тоҷик ва як қочоқбари маводи мухаддир ҳаммаъно тафсир мешавад.
Қосими Бекмуҳаммад таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳам ба ин мушкил мувоҷеҳ ҳастанд. Масалан, Узбакистон ва Туркманистон. Аммо ба ин гуна, ки Тоҷикистон ҳамеша ба расонаҳо бисёр возеҳу сареъ ин мавзӯъро эълон мекунад, дар он ҷо мо мушоҳида намекунем. Ин аст, ки ваҷҳа ё имиҷи байналмилалии Тоҷикистон бо кӯмаки расонаҳои хориҷӣ ва хоса Русия кишвари аз назари мубориза бо маводи мухаддир бесубот ҷилава дода мешавад. Хеле зиёд расонаӣ кардани ин мавзӯъ ба унвони як теғе мемонад, ки ду дам дорад».
Ба гуфтаи коршиносон, афзоиши боздошти маводи мухаддир ва гурӯҳҳои қочоқбар аз як сӯ агар баёнгари талоши ниҳодҳои муборизакунанда бо ин зуҳурот бошад, аз сӯи дигар нигарониеро низ эҷод мекунад. Зеро қочоқи мухаддирот ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноӣ дар шимоли Афғонистон робита дорад ва афзоиши он метавонад баёнгари густариши фаъолияти ин гурӯҳҳо дар марзҳои Тоҷикистон бошад. Нигароние, ки аз сӯи мақомоти амниятии бархе кишвраҳои минтақа баён шудаааст. Аз ҷумла, мақомоти Қирғизистон ва Қазоқистон гуфтаанд нигарони амалиётҳои таҳрикомези ин гурӯҳҳо дар баҳори имсол ҳастанд. Мақомоти дифоии Тоҷикистон, аммо бидуни он, ки бигӯянд, чунин нигароние доранд ё не, изҳор кардаанд, омодаи посухгӯи ба ҳар чолише ҳастанд.