Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҷаҳони варзиш”: Легионерҳои футболи тоҷик


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар нахустин бозии сабқати интихобии Олимпиадаи соли 2012 дар минтақаи Осиё рӯзи 23-юми феврал дар шаҳри Маскат аз тими Умон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.

Дар ин бозӣ ҳисобро дар дақиқаи 11-ум меҳмонон кушоданд. Голро аз ҷаримаи 11-метра Самад Шоҳзуҳуров, капитани дастаи Тоҷикистон, ба ҳадаф расонд. Вале баъди 8 дақиқа мизбонон ҳисобро баробар карданд. Голи дуввуми умониҳо дар дақиқаи 35-ум зада шуд. Ду голи дигарро мизбонон дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд.

Шариф Назаров
Воқеъан, 23-юми феврал Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, 65-сола шуд. Вале шогирдонаш натавонистанд, ки ба ӯ дар рӯзи ҷашнаш пирӯзӣ тӯҳфа намоянд. Шариф Назаров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Ба ҳайати даста 17 футболбози ҷавон аз 7 бошгоҳи лигаи олии кишвар шомиланд. Вале дар ин бозӣ се бозигари аслӣ Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Комил Саидов ширкат накарданд, зеро ба онҳо барои сафар ба Умон раҳбарони тими “Истиқлол”иҷоза надоданд. Инчунин дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи мо ягон легионер набуд”.

Бозии ҷавобии дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Умон 9-уми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

“Хайр” - ғолиби сабқати интихобии Ҷоми Долтабоев

Дастаи футболи “Хайр”-и Ваҳдат ғолиби сабқати интихобии Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар минтақаи Душанбе гардид. «Хайр” дар бозии ниҳоӣ, ки 23-юми феврал дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов баргузор шуд, бар тими «Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Дастаи “Гвардия”-и
Душанбе, ки бар ҳайати ҷавонони “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, мақоми севумро касб кард.

Шералӣ Давлатов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Бар асоси низомномаи мусобиқа дар сабқати ниҳоӣ аз минтақаи Душанбе чаҳор даста - “Хайр”, «Энергетик”, “Гвардия” ва “Регар-ТадАЗ”, ду дастаи ғолиби минтақаи Хатлон - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, инчунин, ду дастаи беҳтарин аз минтақаи Суғд ширкат хоҳанд кард. Сабқати ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев 3-юми март дар шаҳри Душанбе шурӯъ хоҳад шуд”.

Легионерҳои футболи тоҷик

Теъдоди футболбозони хориҷӣ ё легионерҳо дар тимҳои лигаи олии Тоҷикистон сол то сол меафзояд. Дар айни ҳол шумораи онҳо қариб ба 20
Легионери "Регар" -и Турсунзода Арие Элайҷо, аз кишвари Гана
нафар расидааст, ки намояндагони 4 кишвар – Гана, Русия, Узбакистон ва Эрон мебошанд. Имсол ба дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Хайр”-и Ваҳдат ва ССКА “Помир”-и Душанбе, ки вазъи молиашон хубтар аст, легионерҳо даъват шудаанд.

Олимҷон Рафиков, сармураббии тими “Истиқлол”, ба радиои Озодӣ гуфт, ба дастаи қаҳрамони Тоҷикистон Фарҳод Юлдошеви узбакистонӣ, ки порсол дарвозаи тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро ҳимоя мекард, инчунин, ду легионер аз Русия ҳоло мавриди санҷиш қарор доранд. Яке ҳимоятгар Руслан Рафикови 24-сола ва дуввумӣ нимҳимоятгар Александр Кудряшови 21-сола мебошанд, ки дар тимҳои дивизиони дуввуми Русия - “Динамо”-и Киров ва “Север”-и Мурманск бозӣ кардаанд.

Дар ҳайати дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аз се легионер ду нафар – нимҳимоятгарон Сардорбек Эминови узбакистонӣ ва Арие Элайҷо, аз кишвари Ганаи Африқо, ҳунарнамоӣ мекунанд. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии даста, мегӯяд: “Жаилтон Оливейраи бразилӣ дастаро тарк кард. Бозии футболбози африқоӣ Уилям Гян, ки аз “Хуҷанд” даъват намудем, ба мо чандон хуш наомад ва ӯро ҷавоб додем”.

Ба ҳайати дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе имсол се бозигар аз Эрон даъват шудаанд. Инҳо ҳимоятгар Аббос Азизӣ, нимҳимоятгар Ҷаъфар Салоҳишур ва ҳамлагар Ҳамид Қамбарӣ мебошанд. Воқеъан, Ҳамид Қамбарӣ, ки соли 2007 ба Тоҷикистон омадааст ва дар дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Гвардия”-и Душанбе бозӣ мекард, пас аз танаффуси яксола боз дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Имсол ба дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бозигар аз Укроин – нимҳимоятгар Сергей Бербат ва ҳамлагар Евгений Таран, ҳарду аз тими “Қримтеплитса” ва нимҳимоятгар Денис Сенчук аз бошгоҳи футболи “Полтава”, инчунин, нимҳимоятгар Дмитрий Бойко аз дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон даъват шудаанд.

Дар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат нимҳимоятгар Габриел Донто (аз Гана), ки соли гузашта дар ҳайати ССКА “Помир” бозӣ мекард ва чаҳор футболбози эронӣ – ҳимоятгар Алӣ Олӣ, нимҳимоятгарон Ормони Ҳусейнзода, Саид Ломеӣ ва Беҳрӯз Покният даъват шудаанд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари дастаи “Помир”-и Душанбе, ки феълан мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазони Русия мебошад, на танҳо даъвати легионерҳо, инчунин, мутахассисони футболи хориҷиро ба Тоҷикистон мувофиқи мақсад меҳисобад. Вай гуфт: “Ин иқдоми хуб аст. Ба андешаи ман ба Тоҷикистон на танҳо легионерҳо, ҳамчунин, мутахассисони хориҷӣ, бахусус, мураббиёни футболи кӯдакону наврасонро даъват кардан зарур аст. Зеро ки бисёр мураббиён Тоҷикистонро тарк карданд ва имрӯз онҳое, ки ин корро ба ҷо меоранд, таҷрибаи кофӣ ва дониши мукаммал надоранд”.

Наргис Набиева, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамин ҳол Барномаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон таҳия мешавад, ки дар он, аз ҷумла, даъвати мутахассисони хориҷӣ дар назар аст.

Ба ин тартиб ба назари мураббиёну мутахассисон ва коршиносони соҳа ҷалби футболбозону мураббиёни хориҷӣ барои рушди минбаъдаи футболи тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Ахбори варзишӣ

Ташкилкунандагони Олимпиадаи Лондон ҷадвали мусобиқот ва нархи чиптаҳоро нашр карданд. Мусобиқот аз рӯи 26 навъи варзиш аз 25-уми июл то 12-уми августи соли 2012 баргузор хоҳад шуд. Нархи чиптаҳо аз 20 то 2000 фунт-стерлинг мебошад.Чиптаҳои аз ҳама қимат барои тамошои маросими кушоиши бозиҳо ва чиптаҳои аз ҳама арзон барои сабқати интихобии намудҳои мухталифи варзиш, ки аслан субҳ баргузор мешавад, муқаррар шудааст. Ҳамагӣ қариб 9 миллион чипта фурӯхта мешавад. Варзишгарон барои 302 маҷмӯи мукофотҳо талош хоҳанд кард.

Мэнни Пакяо, ситораи бокси ҷаҳонӣ, рӯзи сешанбе дар Қасри Сафед бо Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ва сенатор Гарри Рид вохӯрд. Муштзани маъруфро дар ин мулоқот ҳамсараш Ҷинки раҳбаладӣ кард. Дар ҷараёни мулоқот Обама ба Пакяо соат бо мӯҳри президентро тӯҳфа намуд. Мэнни Пакяо Обамаро ба Лас-Вегас барои тамошои рақобати худ бо Шейн Мозли, ки 7-уми май баргузор мешавад, даъват кард.

Мэнни Пакяо ягона қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст, ки сазовори даъват ба Қасри Сафед шудааст. Муҳаммад Алӣ, муштзани машҳури амрикоӣ, низ ба Қасри Сафед даъват шуда буд, вале ӯ он вақт собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сангинтарин маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG