Мақомоти Эрон ба ҷонибдорони худ имкон доданд, ки дар майдони Инқилоби Теҳрон алайҳи мухолифон, ки ин ҳафта бори аввал дар чанд моҳи ахир ба кӯча баромаданд, тазоҳурот баргузор кунанд.
Барномаҳои телевизиони давлатӣ ҳокӣ аз он буд, ки тазоҳуроте ҳамранги ин дар шаҳрҳои дигари Эрон низ баргузор шудаанд.
Мақомоти Эрон қабал аз ҷонибдорони худ даъват карда буданд, ки зидди мухолифон тазоҳурот кунанд ва хашму нафрати худро “ба раҳбарони фитнаҷӯи онҳо” баён намоянд. Телевизиони Эрон нишон дод, ки ба дунболи анҷоми намози ҷумъа тӯдаи густардаи мардум ба сӯи майдон ҳаракат кард.
Ширкаткунакндагони тазоҳурот аксҳои бузурги раҳбарони олии гузашта ва феълии ҷумҳурии исломӣ, хитобаҳои зидди мухолифон ва Амрикову Исроилро дар даст доштанд.
Телевизиони Эрон сӯҳбатҳои зиндаеро бо иштирокдорони тазоҳурот анҷом дод, ки ҳамагӣ ду раҳбари аввали мухолифон, Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубиро масъули ҳамаи талафоти ҷонӣ ва хунрезиҳои ду соли ахир дар Эрон номиданд. Тазоҳургарон ҳамчунин талаб карданд, Каррубӣ ва Мӯсавӣ, ки гуфта мешавад дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд, эъдом шаванд.
Намояндагони раҳбарии олии Эрон, Оятулло Алии Хоманаӣ ва имомҳои масоҷид дар манотиқи мухталифи Эрон ба даъватҳои муҷозоти раҳбарони мухолифин, ба думболи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар 14 феврал ҳамовоз буданд. Тазоҳуроти алайҳи ҳукумат дар ҳафтаи гузашта ду кушта ба ҷой гузошт ва чандин тани дигарро маҷрӯҳ кард.
Мухолифон ва фаъолони ҳаракати донишҷӯӣ мегӯянд, ки Муҳаммад Мухтории 22-сола ва Сонеъ Ҷолаи 27-сола аз тарафи нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Аммо ба иддаои матбуоти давлатии Эрон, Ҷола аз ҳаводорони гурӯҳи Басиҷ буд ва ӯро тазоҳургарон куштаанд.
Фаъолони мухолифин ин иддаоро рад ва мақомотро ба рабудани “шаҳид”- и худ муттаҳам мекунанд. Рӯзи сешанбе вакилони парлумони Эрон талаб карданд, ки Каррубиву Мӯсавӣ муҳокима ва ба дор овехта шаванд. Додситони кулли Эрон эълом дошт, ки додгоҳ ба қазияи таҳиягарони тазоҳуроти зидидавлатӣ сареъ ва қотеъона бархӯрд хоҳад кард.
Ҳафтаи гузашта раиси Додгоҳи Олии Эрон, Оятулло Содиқи Лориҷонӣ гуфт, ки ниҳоди таҳти назари ӯ ба муқобили Мӯсавӣ ва Каррубӣ иқдом хоҳад кард. Лориҷонӣ афзуд, бо он ки Додгоҳи Олӣ ҳамеша ба шафқати исломӣ арҷ мегузорад, аммо ба онҳое, ки мақсад доранд, ба низоми исломӣ осеб расонанд, ҳеҷ гоҳ тараҳҳум нахоҳад кард.