Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борони хушунат дар Қафқози Шимолӣ


t
t

Ба думболи таркиши Домодедово, ки 36 кушта бар ҷой гузошт, Қафқози Шимолиро мавҷи хушунат фаро гирифт.

Дар се рӯз – 14, 15 ва 16-и феврал дар Доғистон, Чеченистон, ва минтақаи Ставропол ҳаводисе ба вуқӯъ пайваст, ки даҳҳо нафарро куштаву захмӣ кард.

Куштори ахир баҳсҳоеро авҷ дод, ки чаро бо вуҷуди талошҳои
Ман беҳтарин роҳи мубориза бо терроризмро медонам, ин ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқ аст...
даҳсола Русия натавонистааст, сулҳу осоишро ба ин минтақа баргардонад?

СЕ РӮЗИ ХУНИН


Як рӯз баъд аз изҳороти Доку Умаров, раҳбари шӯришгарони чечен, ки масъулияти таркиш дар фурудгоҳи Домодедоваи Маскавро бар дӯш гирифт, борони нави хушунат бар сари минтақаи Қафқози Шимоли рехт.

Рӯзи 14-и феврал дар пайи ду ҳуҷуми интиҳорӣ ба бинои
Таркиш дар Домодедово
ҳукумат ва постгоҳи полис дар Гурдени Доғистон ду ходими полис кушта ва 27 тани дигар захм бардошт. Ду шӯришгари дигар рӯзи 15-и феврал, баъд аз задухӯрди кӯтоҳ бо низомиён, худро дар Грозний пойтахти Чеченистон мунфаҷир карданд. Ҳамин рӯз ҳамчунин дар ҷараёни даргирӣ панҷ шӯришгар ва се ходими амният дар минтақаи Ставропол кушта ва се корманди полис маҷрӯҳ гардиданд.

Бо вуҷуди афзоиши хушунатҳо фармондеҳи нирӯҳои Вазорати умури дохилии Русия, Николай Рагозин ба хабарнигорон гуфт, ки “авзоъ таҳти назорат аст” ва ҳукумат истиқрори нирӯи бештар дар ин манотиқро барномарезӣ намекунад.

ШЕВАИ БАРХӮРД


Магамедсалом Магомедов, раисҷумҳури Доғистон, зимни сӯҳбат дар телевизион аз сиёсати Кремлин дар робита ба истифодаи зӯр алайҳи шӯришгарон пуштибонӣ кард: “Алайҳи бахше аз ҷангиён, ки мавқеъи оштинопазир доранд, бояд аз зӯр истифода кард. Онҳо бояд барои аъмоли худ ҷавоб бигӯянд.”

Магомедсалом Магомедов, раҳбари Доғистон
Хушунатҳои ахир як бахши тасвири ғамангез аз минтақаест, ки баъд аз суқути шӯравӣ ва оғози ҷанг бар зидди терроризм дар азобу азият қарор гирифтааст. Талошҳои Кремлин барои назорат бар авзоъ аз тариқи амалиётҳои амниятӣ, таҳкими субот ё шикастани камари шӯришгарон аз соли 1999 ба ин тараф бар ҳадар рафтанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи интиқодгарони Кремлин, нақзи ҳуқуқи аз тарафи нируҳои ҷонибдори Кремлин дар минтақа ба фоидаи шӯришгарон анҷом шуда, таваҷҷӯҳи мардумро ба онҳо бештар кардааст.

НАТИҶАҲОИ БАРЪАКС


Лариса Дорогова, вакили мудофеъ дар Налчик, мутахассиси қазияҳои афроди нопадидшуда ва табъизи мазҳабӣ мегӯяд, сиёсати ҳукумат он қадар баръаксу беҳосил аст, ки ӯ гумон надорад, Кремлин сидқан хоҳишманди сулҳу субот дар минтақа бошад.

Вай меафзояд: “Ман беҳтарин роҳи мубориза бо
Вакил Лариса Дорогова
терроризмро медонам, ин ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқ аст: дигар на терроризм мешавад, на бандитизм ва на чизи дигар. Инсонҳо зиндагӣ кардан мехоҳанд. Мехоҳанд, бачаҳояшонро бузург кунанд, ҷавонҳо ҳалок мешаванд, вале касе парво надорад. Касе ин сиёсати сарбасар задани одамҳоро пиёда мекунад, то ин ки мардуми Қафқоз камтар шавад, онҳо якдигарро бикушанд. Ман аз ин авзоъ ба чунин хулоса омадам. Касе мехоҳад, Қафқозро холӣ аз қафқозиҳо бубинад.”


Дар пасманзари хушунатҳо вазъ дар минтақа Ҷумҳурии Ингушистон фарқ мекунад, мегӯяд Олег Орлов, раҳбари гурӯҳи ҳуқуқи башари “Мемориал” ва меафзояд, мақомот дар ин ҷумҳурӣ сиёсати нозуктареро пеш бурданд ва натоиҷи беҳтар ба даст оварданд.

Ӯ мегӯяд, дар солҳои гузашта теъдоди террористҳо дар Ингушистон ба маротиб коҳиш ёфт ва ин чанд сабаб дошт., ки яке сиёсати музокира бо ҷомеъа ва талошҳои ба зиндагии осоишта баргардонидани ҷангиён буд. Дигар, меафзояд Орлов, амалҳои муваффақи амнмятӣ буд, ки дар натиҷаи онҳо Саид Бурятский кушта шуд, бархе аз фармондеҳони номдор боздошт ва бархи дигар кушта шуданд. Акнун фаъолияти зерзаминии террористҳо шадидан коҳиш ёфтааст.

Гурӯҳҳои дигар низ Кремлинро ба он даъват мекунанд, ки дар тахриби шӯришгарон аз мардуми маҳаллӣ истифода кунад.

МИЁНИ ОБУ ОТАШ


Андрей Солдатов, коршиноси умури амният бар ин бовар аст, ки мубориза барои ёфтани дилу зеҳни мардум комилан сарфи назар шудааст.

Андрей Солдатов
Вай мегӯяд: “Мардум дар Қафқози Шимолӣ аз ду ҷониб зарба мебинанд, ҳам аз ҷониби ҷангиён ва ҳам аз тарафи нирӯҳо. Зеро ҳар амалиёте, ки нирӯҳо анҷом медиҳанд, дар бисёр ҳолат ба аҳолӣ таъсир мерасонад. Ҳеҷ кас манофеи онҳоро ба назар намегирад ва ҳеҷ кас бо онҳо сӯҳбат намекунад, ё хеле кам бо онҳо ҳарф мезананд. Ончӣ мардум дар ин минтақа ҳоло ниёз ба он доранд, муколама аст, то мардум худро дар майдони набард эҳсос накунанд.”

Бо ин ҳол ҳеҷ аломате вуҷуд надорад, ки ба тағйири самтгириҳои Маскав ва коҳиши хушунат дар Қафқози Шмимолӣ ишора кунад. Коршиноси умури сиёсӣ дар Пажӯҳишгоҳи Карнегии Маскав, Андрей Малашенко, ин вазъро “ҷанги дохилии давомдор” унвон мекунад. Ӯ мегӯяд, “сабаб ҷустан дар хуруҷи хушунатҳо гоҳ дар Доғистон, гоҳ дар Чеченистону Қабардину Балқор , гоҳе ҳамзамон дар ду минтақа, кори ҷиддӣ нест. Дар маҷмӯъ ончӣ мо ахиран дар Қафқози Шимолӣ мебинед, комилан ба консепсияи ҷанги дохилӣ мувофиқ меояд. Инро дигар касе наметавонад рад кунад, ҳатто раиси ҷумҳур.”
XS
SM
MD
LG