Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи нашрияҳои ин ҳафта


Нашрияҳои чопи Душанбе баҳманмоҳи хунин, таҳаввулоти Ховари Миёна ва лавғи сафари ду мақоми эронӣ ба Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтаанд.

"Имрӯз News" зери унвони "Чаро мақомҳои эронӣ ба Душанбе намеоянд?", менависад, "Моҳи равон бори дуввум аст, ки сафари мансабдорони воломақоми Эрон ба Тоҷикистон ба таъхир афтод. Дирӯз мебоист, сафари вазири саноати Эрон Алиакбари Меҳробиён ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо мақомоти Тоҷикистон сурат мегирифт. Аммо ин сафари вазири эронӣ ба таъхир афтодааст. Қабл аз ин сафари муовини раиси ҷумҳури Эрон Ҳамиди Бақоӣ низ ба Тоҷикистон ба таъхир афтода буд."

Ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» аз боздошти ду зани узви гурӯҳи ифротгарои маҳзабӣ хабар додаааст. Ин ду зани 32 ва 38 сола ба ҳангоми паҳн намудани варақа бо мазмуни даъват ба фаъолияти ифротӣ боздошт шудаанд. Ин нашрия аз қавли раисиҷ умҳури Тоҷикистон навиштааст, ҳадафи ин гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ, бо роҳи зурӣ тағйир додани низоми Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон аст.

Ислоҳот: зарур ё нозарур?

"Озодагон" дар матлабе бо номи "Ислоҳоти Қонуни асосӣ чӣ маъно дорад?" роҷеъ ба сару садо дар бораи эҳтимоли ислоҳоти Қонуни асосӣ пардохта ва аз коршиносон зарурати чунин иқдомеро суол кардааст.

Ин нашрия аз қавли як ҳуқуқдон бо номи Шӯҳрат Қудратов навиштааст, "Дар воқеъ, вақти он расидааст, ки ба Сарқонуни Тоҷикистон ислоҳ ворид шавад. Ба он хотир, ки салоҳиятҳои барои президент муқаррарагашта зиёд аст ва ҳангоми ворид кардани ислоҳот бояд як қисми ин салоҳиятҳо ба ҳукумати Тоҷикистон ва як қисми дигараш ба парлумон дода шавад."

Аммо ҳамзамон як ҳуқуқдони дигар бо номи Саъдулло Шеров гуфтааст, "ба назари ман, Қонуни асосии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ба ислоҳот ва тағйиру иловаҳо ниёз надорад."

Инқилобҳои арабӣ ва Тоҷикистон

"СССР" дар сармақолаи худ таҳти унвони "Инқилобҳои арабӣ ба Тоҷикистон таҳдид мекунад?" навиштааст, "Муқоисаи Мисру Тунис бо Тоҷикистон ҳоҷат надорад. Зеро ин ду давлат ҳарчанд робитаи динӣ бо Тоҷикистон доранд, аммо кишварҳои пешрафта ва доро мебошанд. Ва майли инқилоби онҳо низ динӣ нест, балки мардуми он кишварҳо аз дурӯягии раҳбаронашон ба дод омада буданд."

"Миллат" низ сармақолаи худро ба таъсири эҳтимолии ҳаводиси Миср ба Тоҷикистон бахшида ва навиштааст, "Дурӯғ нагӯед, мақомдорони мӯҳтарам, то ҳодисаҳои Миср такрор нашавад."

Ин нашрия мушкилоти таҳдиди омилони хориҷӣ, гурӯҳҳои тундгарои мазҳабӣ ва Маҳмуд Худойбердиевро аз як сӯ ва аз сӯи дигар мушкилоти иҷтимоии мардумро, назири болоравии қиматҳои бозор, хариду фурӯши замин аз сӯи мақомот, фасодзадагии мақомоти сатҳи мухталифи давлатро сабабҳое донистааст, ки метавонад ба нафъи бесубот шудани ҷомеа хидмат кунад.

Ҳукумат ва муносибат ба ислом

"Нигоҳ" аз раҳбарони чанд ҳизби сиёсӣ суол кардааст, ки "Оё барномаи муносибати солими ҳукумат бо ислом зарур аст?"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфтааст, "Гуфта наметавонам, ки барои солимгардонии муносибатҳо ҳукумат бояд як консепсия пешниҳод кунад. Агар намояндагони давлат бо ҳамдастии иттиҳодияҳои динӣ ва мутахассисони соҳа бо ҳам чунин як консепсияро таҳия ва пешниҳод кунанд, беҳтар аст."

Аммо Масъуд Собиров, раиси ҲДТ гуфтааст, "Мо дар интихоби дин озодем. Ислом дини мо аст ва мо ба он эҳтиром дорем ва касе ба ин дахолат кунад, ҷиноят кардааст. Касе, ки тарбияи динӣ надорад, ваҳшӣ аст. Пас, барои он ки мардум ваҳшӣ нашавад, набояд садди роҳи онҳо шуд. Фарзанд бояд ба масҷид равад, чунки тарбияи динӣ ҳам зарурт аст."

Олим Бобоев, раиси ҲИИТ гуфтааст, "Касе мегӯяд, ки ҳукумат барномаи солими муносибат бо динро надорад, хато мекунад. Чунки имрӯз Кумитаи дини назди ҳукумат амал мекунад, ки сиёсати давлатиро дар ин замина танзим менамояд."

Аризаи шикоятӣ тавассути факс

"Азия-Плюс", нашрияи русизабони чопи Душанбе, ба қазияи додгоҳии худ бо сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ Анвар Тағоймуродов пардохта, аз раҳбарияти ин вазорат хостааст, то ба чанд суол дар ин робита посух бигӯяд.

Ин нашрия аз ҷумла суол гузоштааст, ки "оё раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД ҳаққи як шахсияти мустақили ҳуқуқиро дорад, дар ҳоле ки воҳиди марбут ба ВКД аст?" Ва "оё сардори ин раёсат бе мувофиқат ва дастури вазорат ҳаққи шикоят ба додгоҳ дар мавриди паст задани ҳайсияти кории ин раёсатро дорад?"

"Азия-Плюс" аз вазири адлия ва ҳамчунин аз вазири корҳои дохилӣ суол кардааст, "оё аризае, ки тавассути факс ирсол шудааст, фоқиди эътибор нест ва додгоҳ метавонад онро ба инобат бигирад ва баррасӣ кунад?"

Пешгӯиҳо дар пеши сафари Клинтон

"Бизнес и политика" ба сафари пеши рӯи Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷии Амрико, ба Тоҷикистон пардохта ва навиштааст, ки "сафари хонум Клинтон ба Тоҷикистон, ки қарор аст дар соли равон анҷом шавад, тағйироти куллие дар робитаҳои ду кишвар ба вуҷуд нахоҳад овард. Бо эҳтимоли зиёд ин сафар ба ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ва интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико робита дорад, ки маъмурияти Обама мехоҳад барои боқӣ мондан дар қудрат аз ин роҳ истифода кунад."

Баҳманмоҳ ва мотами миллӣ

"Фараж" дар сармақолаи худ роҷеъ ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 менависад, "баъд аз пушти сар кардани ҷанги дохилӣ 30 нафар қурбонии ҳаводиси баҳманмоҳ дигар мардумро ба ваҳшат намеорад.

Аммо он 30 қурбонии бегуноҳ сароғози силсилакушторҳои минбаъда буданд. Имрӯз касеро ба гӯшаи хотираш намеояд, ки ин рӯз 25 тоҷикистонӣ аввалин қурбониёни дасисаи Кремл дар таърихи нави Тоҷикистон шуда буданд ва оё вақти он нарасидааст, ки рӯзи 14-уми февралро ба манзури ҷилавгирӣ аз чунин таҳқирҳое рӯзи мотами миллӣ эълон кунем?

Инсон ва генерал

Ҳамчунин бархе аз нашрияҳои Душанбе ба зиндагинома ва фаъолияти кории Саидамир Зуҳуров, вазири амнияти собиқи Тоҷикистон, дар остонаи шастсолагии ӯ пардохтаанд, ки 20-уми феврал таҷлил хоҳад шуд.

"Тоҷикистон" навиштааст, дар натиҷаи заҳматҳои бардавоми ӯ насли нави кормандони амният дар шароити истиқлолияти Тоҷикистон тарбия шуд ва созмони амниятии кишвар баъд аз суқути Шӯравӣ дубора бозсозӣ гардид.

"Миллат" дар матлабе аз Саидамир Зуҳуров ба унвони "Инсон ва Генерал бо ҳарфҳои бузург" ёд кардааст.
XS
SM
MD
LG