Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср: Нуқтаи вазн миёни артиш, дунявиён ва исломиён


Миср дар ҷустуҷӯи роҳи оянда ба намунаи нисбатан муваффақ, яъне Туркия назар дӯхтааст.

Аҳолии аксаран мусалмон, шумори бузурги насли ҷавон ва низомиёни қудратманд - чунин аст як тасвири кӯтоҳ аз Миср, ки бо зери 80 миллион ҷамъияташ пурҷамъияттарин кишвари Ховари Миёна ба ҳисоб меравад.

ИМТИҲОНИ ДИГАР

Акнун дар пайи суқути давлати Ҳуснӣ Муборак суол ин аст, ки Қоҳира пой ба кадом пайроҳа хоҳад гузошт? Дар ин росто Туркия бо таҷрубаи гузаришаш аз як низоми худкома ба демократӣ як намунаи ибрат барои Миср дониста мешавад.

Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва давлати рӯй ба
Сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон
исломи ӯ дар зарфи ҳамагӣ чанд соли охир тавонистанд ба нуфузи аз замони Мустафо Камол Отатурк тайи даҳсолаҳо тардиднопазири низомиҳо поён дода, ҳукумати мулкиеро рӯи кор биоранд, ки бо роҳандозии ислоҳоти фарогире акнун ҳатто азми пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дар сар дорад. Ҳизби адолати ва тараққиёти Эрдуғон ҳам акнун як намунаи ҳизби мӯътадили исломӣ барои ҳамтоёнаш дар Ховари Миёна, аз ҷумла Ихвон-ул-муслимини Миср намудор мешавад.

ҶОЙГОҲИ ИСЛОМИ СИЁСӢ


Таҳлилгари турк Чингиз Ахтар мегӯяд, исломи сиёсӣ дар Туркия қоидаҳои бозӣ дар фазои дунявиро пазируфт ва ин намуна метавонад ҷунбишҳои демократии исломӣ дар кишварҳои дигарро низ ба эъмори гурӯҳҳои монанд ба аҳзоби аврупоие, чун ҳизби масеҳиёни демократ таҳрик диҳад:

“Ғайринизомишавӣ ба сурати мухталиф дар минтақаи баҳри Миёназамин сурат гирифт. Мо намунаҳои онро дар Португалияву Испания ва Юнон дар даст дорем. Дар Туркия ин ҳадаф тавассути Исломи сиёсӣ амалӣ мешавад, чунки дар инҷо ба ҷуз аз исломи сиёсӣ, нирӯи дигаре нест, ки инро анҷом диҳад.”

Вале барои Мисре, ки ба таъбири Барак Обама, дигар ҳеҷ гоҳ он Мисри қадим нахоҳад шуд, намунаи Туркия то куҷо қобили пайравӣ ва нусхабардорист?

Меҳрдоди Хонсорӣ, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон мегӯяд, ба муҷарради густариши демократия, коҳиш ёфтани нуфузи низомиҳо як амри табиист, вале комилан аз саҳнаи сиёсӣ дур афкандани ин нирӯи то ҳол мутанаффиз чӣ дар Туркия ва чӣ дар Миср кори саҳле нест, ки дар чанд сол анҷом шавад: “Дар ояндаи қобили мулоҳизае артиш пуштивонаи аслии ҳар ҳукумати мулкӣ дар Миср боқӣ хоҳад монд. Қадам ба сӯи ин аст, ки ҷомиа ғайринизомӣ шавад, вале дар Миср бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки тайи 60 соли охир аркони аслии ҳукумат тавассути низомиҳо идора шудааст, ин хеле баъид аст, ки он пешрафтеро, ки мо дар 10 соли гузашта дар Туркия, масалан, шоҳидаш будем, дар ояндаи наздике дар Миср бубинем.”

ҶОЙГОҲИ ҲАРБИЁН


Меҳрдоди Хонсорӣ артишро як садди муҳими боздорандаи раванди ногузири исломишавии ҷомиа дар Миср низ ном мебарад ва мегӯяд, ин нирӯ дар муқобили гурӯҳҳои тундрави исломие, ки ҳатман талош хоҳанд кард, то ҳар кадом аз обҳои лойи таҳаввулоти ахир “моҳӣ”-и худро бигиранд, хоҳад истод.

Давлат Усмон
Таҳлилгари тоҷик Давлати Усмон низ бо таваҷҷӯҳ ба чунин нақши муҳими артиш дар ҳаёти сиёсии Миср мегӯяд, ин нирӯ дар саҳнаи ин кишвари арабӣ то хеле муддати дигар як бозигари умда боқӣ хоҳад монд: “Артиши ҳам Туркия ва ҳам Миср бештар бо идеалҳои миллигароӣ тарбия дидаанд, то дар идеалҳои исломӣ. Дар ташкил ва ҷобаҷогузории ин артишҳо эҳтиёти зиёд мекунанд, ки дар инҷо аз нуфузи гурӯҳҳои дигар, хусусан исломгароҳо пешгирӣ карда шавад. Имрӯз ҳам артиши Туркия ва ҳам артиши Миср то андозае як балансанд байни нирӯҳои исломгаро ва дунявиҳо, ки қудратро метавонанд дар тавозун нигоҳ бидоранд.”

Аммо бо ин, ки исломи сиёсӣ дар Мисри баъди Муборак ҷойгоҳи баландтареро ба даст хоҳад овард, таҳлилгарон тардид надоранд. Давлати Усмон тағйири батадриҷи низом дар Мисрро ногузир медонад, вале мегӯяд, Қоҳира дар сиёсати хориҷии худ ҳамчунон мулзам аст, ба маҳзи нақши муҳимаш дар Ховари Миёна, хеле мӯҳтотона ва асосан дар ҳамон доираи хатти машши замони Муборак пой гузорад.

Вале дар дохил, ба бовари оқои Усмон, озодиҳои бештари сиёсиро, аз ҷумла барои гурӯҳҳои исломие, чун ҳизби то ҳол мамнӯъи Ихвон-ул- муслимин, ҳатман қоил хоҳанд шуд: “ Шояд худи Ихвон-ул-муслимин ҳам барои ба сари қудрат овардани нафари аввалаш ҳатман кӯшиш накунад. Аммо ин, ки дар саҳна нуфуз хоҳанд дошт ва ҷойгоҳи қобили мулоҳизаеро дар парлумон ҳам ба даст хоҳанд овард, инро бисёриҳо пешгӯӣ мекунанд.”

ҚОИДАҲОИ БОЗӢ


Меҳрдоди Хонсорӣ мегӯяд, агар ин гурӯҳҳои мазҳабӣ ба монанди ҳизби Эрдуғон дарТуркия қоидаҳои бозӣ дар як саҳнаи дунявиро бипазиранд ва бар асоси ҳамин қоидаҳо бозӣ кунанд, баъид аст, ки дар муҳосиботи сиёсии баъдӣ онҳоро нодида бигиранд.: “Мушкили асосӣ бо ин гурӯҳҳои ифротӣ ин аст, ки онҳо мехоҳанд аз як раванди демократӣ истифода бикунанд, то рӯи кор биоянд, вале баъд аз он дигар нагузоранд, ки нирӯҳои дигаре дар он ҷавомеъ арзи андом бикунанд. Ин мисолро мо имрӯз ба хубӣ дар эрон мебинем.”

Аммо ин ҳама пардохтҳо ба эҳтимоли аз Туркия намунаи роҳи оянда ҷустани Миср дар ҳолест, ки мунтақидони Раҷаб Эрдуғон дар худи Туркия мегӯянд, дар ин кишвар фақат таъйини фазои ҳоким аз артиш ба дасти ҳукумати мулкӣ гузаштааст, вале низом ҳамчунон худкома боқӣ монда, намунае зиёд муносиб барои пайравии Миср ё кадом кишвари дигари дар ҳоли гузор нест.
XS
SM
MD
LG