Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонуни тарбияи фарзанд


Дар Тоҷикистон баҳс сари тарҳи Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд авҷ мегирад.

Дар ин лоиҳа, ки аз сӯи раиси ҷумҳури кишвар пешниҳод шудааст, 5 ҳуқуқ ва 41 ӯҳдадории волидон нисбат ба омӯзонишу парвариши фарзандон дарҷ ёфтааст. Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, чанд амри калидии ин тарҳ баҳсбарангез боқӣ мемонанд.

Дар намоиши ҳаррӯзаи «Микрофони озод»-и Телевизиони Тоҷикистон, зоҳиран ҳама ин тарҳро "дуруст» ва «саривақтӣ» унвон мекунанд, аммо дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон шаҳрвандон аз тазодҳои тарҳ ва мухолифати он бо анъана ва суннатҳои миллию мазҳабӣ сӯҳбат мекунанд.

Ҳамин тавр, масъулoн ва коршиносони наздик ба давлат мегӯянд, ки ин қонун хеле муфид буда, шароитро барои парвариши як инсони бозаковат ва пешрафта фароҳам меорад. Вале коршиносони дигар тарҳро нозарур ва бархе аз нукоти онро дорои аҳдофи ниҳону низоъангез мешуморанд.

Тарҳи қонуни тарбияи фарзанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:33 0:00
XS
SM
MD
LG