Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин қудрати дуввуми иқтисодии ҷаҳон шуд


Барои аввалин бор иқтисоди Чин аз кишвари Ҷопон пеш гузашта, дар дунё пас аз ИМА, дар ҷои дуввум қарор гирифт.

Ба қавли коршиносон, агар суръати рушди иқтисоди Чин ба ҳамин шакл идома ёбад, баъд аз 15 сол, иқтисоди ин кишвар ИМА-ро низ пушти сар хоҳад кард.

Бар пояи иттилое, ки рӯзи 14 феврал нашр шуд, тавлидоти нохолиси миллии Чин дар соли 2010-ум 5 трилллиону 879 миллиард долларро ташкил додааст, ки дар ҷаҳон ҷои дуюм аст. Ҷопон, ки то ин замон иқтисоди дуввуми ҷаҳонӣ номбар мешуд, ба миқдори 5 триллиону 474 миллиард доллар тавлидот доштааст, ки нисбат ба Чин 404 миллиард доллар камтар аст.

Албатта набояд фаромӯш кард, ки аҳолии Чин даҳ дар сади аҳолии Чинро ташкил медиҳаду агар миқдори тавлидоти нохилиси миллии ин ду кишвари ҳамҷаворро бо шумораи аҳолии он муқоиса кунем, некӯаҳволии сокинони Ҷопон даҳ баробар беҳтар буда, соле ба ҳар сари аҳолии ин кишвар тахминан 40 ҳазор доллар рост меояд.

Дар Токио дабири ҳукумати Япония Юкио Эдано дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: “Бо васфи он, ки аз нуқтаи назари тавлидоти нохилиси миллӣ тавре шумо ҳам ёдовар шудед, ҳамсоякишварамон моро гузаштааст, вале боз ҳам дар муқоиса ба ҳар сар аҳолӣ, некӯаҳволии мо тахминан 10 баробар беҳтар аст. Мо бояд саъй кунем, ки дастовардҳоямон ва рушди кишвари ҳамсояро бо ҳадафи интиқоли дороиҳо ба наслҳои оянда истифода барем.”

Ҷои ёдоварист, ки Ҷопон 40 сол инҷониб иқтисоди дуюми ҷаҳон ба шумор мерафт. Аммо дар солҳои навадуми қарни гузашта, вақте бӯҳрони манзил ба вуқӯъ пайваст ва иқтисоди ҳамсоякишвари Чин ба давраи рушди босуръат оғоз намуд, Ҷопон давраи рукуди нисбиро аз сар мегузаронад. Кӯшишҳои ҳукумати Ҷопон баҳри поин бурдани фоизи қарзаи бонкӣ ва вуруди сармоя ё худ стимулус натиҷаи дилхоҳ наовардааст.

Ибтидои моҳи феврал Сандуқи байналмилалии Пул иброз дошт, ки қарзи Ҷопон ва касри буҷаи ин кишвар бояд ба зудтарин фурсат бартараф гардонида шаванд. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле, ки аҳолии ин кишвар рӯ ба коҳиш аст, шумораи мардуми нафақагир афзоиш меёбад, ба назм даровардани низоми молӣ кори осон нахоҳад буд.

Дар ин байн иқтисоди Чин рушди босуръаташро идома медиҳад. Дар давоми 20 соли гузашта рушди Чин солона ба 9 дарсад баробар буд. Тахмин зада мешавад, ки соли 2010-ум он 10 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Ҳоло раҳбарони Чин саъй доранд, ки таваррумро зери назорат гирифта, аз сар задани ихтилофҳои иҷтимоӣ миёни мардуми камбағал ва сарватманд ҷилавгирӣ кунанд. Масъалаи дигар вобастагии беҳадду андоза бузурги иқтисоди Чин ба содирот аст. Дар ҳар сурат агар чунин раванд идома ёбад, Чин имкон дорад дар соли 2025 ба ҷои аввал баромада, ИМА низ пушти сар гузорад.
XS
SM
MD
LG