Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

21 сол пас аз баҳманмоҳи хунин


Бо гузашти ду даҳсола аз воқеаҳои хунини баҳманмоҳ, ки бар асари он 25 нафар кушта шуд, ин ҳодиса ҳанӯз баҳои ҳуқуқӣ ва таърихӣ нагирифтааст.

Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 ба болои ин ҳодиса соя афканд ва идомаи таҳқиқи парванди баҳманмоҳ то кунун тавқиф мондааст.

Матбуоти Тоҷикистон ҳамасола ба ин сана солрӯз мегузорад, вале мақомот аз он ҳаводис ёд намекунанд. Балки танҳо санги ёдмони шаҳидони ин ҳаводисро аз паҳлӯи қасри раёсати ҷумҳурӣ барчиданд ва ҳатто маълум нест, ки дар осорхонае боқӣ нигаҳдорӣ шавад.

Ҳамчунин, фармони раисҷумҳури вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз соли 1992 дар мавриди рӯзи ёдбуди шаҳидони баҳманмоҳ низ беэътибор шудааст.

Хуни 30 фарзанди халқи тоҷикро кӣ рехт?

Бо гузашти 21 сол аз он рӯз, суоли аслӣ дар робита ба ҳодисаҳои баҳманмоҳ ҳамонест, ки дар майдони шаҳидон аз сӯи Камол Холов садо дода буд: "Хуни 30 нафар фарзандони халқи тоҷик рехта шуд. Кӣ барои он бояд ҷавоб диҳад?"

Ӯ барои ин суханонаш дар миёни гирдиҳамомадагони майдон дар 12-уми феврали соли 1990, ду сол дар пушти панҷараи зиндон нишаст ва дар 26-уми январи соли 1992 афв шуд. Аммо суоли ӯ ҳанӯз ҳам беҷавоб аст.

Ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 дар остонаи нахустин интихоботи рақобатӣ ба порлумони Тоҷикистон ва дар ҳоле, ки касби нуфузи бесобиқаи неруҳои миллӣ дар ҷомеа ба вуқӯъ пайваст. Ҳаводисе, ки ҷони 25 нафарро рабуд. Ва то ҳанӯз ҳам ҳаст, шахсе ва ё созмоне масъулияти роҳандозии тазоҳуроти 12-и баҳманро бар дӯш намегирад. Тавассути ин ҳаводис, зарбаи ҷуброннопазире ба пайкари наҳзатҳои ба камолнарасидаи миллӣ зада шуд.

Рахна ва шикофи қобили мулоҳизае дар миёни ҳукумат ва мардум ва нерӯҳои мардумӣ ба дунболи ин ҳаводис падид омад. Нурӯҳои миллӣ ва озодихоҳ, ки тавассути расонаҳои давлатӣ роҳандозони ин тазоҳурот унвон шуданд, интихоботи порлумониро бохтанд. Танҳо чанд нафар аз пешвоёни ин ҳаракат ба шумули Бозор Собир ва Тоҳири Абдуҷаббор ба порлумон тавонистанд роҳ ёбанд.

Зарба ба пайкари наҳзати миллӣ

Расонаҳои давлатӣ бо нашри матлабе зери унвони "Растохез" чӣ маъно дорад?", бо як садо ин тазоҳуротро ба дӯши нерӯҳои миллӣ ва созмони Растохез бор карданд. Ҳанӯз ҳам раҳбарони он вақти ҷумҳурӣ даъво доранд, ки нерӯҳои мардумӣ тавассути роҳандозии ин ҳаракатҳо мехостанд, ки ба қудрати сиёсӣ даст ёбанд.

Аммо раҳбарони "Растохез" ва нерӯҳои миллӣ дар маҷмӯъ на танҳо ҳар гуна робита бо ин ҳаводисро, балки огоҳ будан аз баргузории онро низ рад мекунанд. Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари фақиди созмони "Растохез"
ва вакили мардумӣ дар порлумони вақти Тоҷикистон, ки иттиҳоми роҳандозии баҳмани хунин аз сӯи мақомот ба дӯши ӯ афтода буд, созмондиҳандаи ин тазоҳурот Ҳизби коммунист ва созмони КГБ-ро медонист.

Ӯ мегуфт: "Ҳадафи аслии ин ҳаводис ва на танҳо ҳаводиси Тоҷикистон, саркӯб кардани ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар саросари шӯравӣ буд. Чизе, ки маълум аст, ин аст, ки ин ҳодисаи тарҳрезишуда дар Маскав буд. Ва омили асосии он кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон буд. Ва нақша ин буд, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам муқобил бигузоранд. Ва барои ин овозаҳо паҳн мекарданд. Иттифоқан бояд бигӯям, ки вақте ман он рӯзҳо аз Хуҷанд мехостам Душанбе биоям, аз мулоқот бо интихобкунандагон бар мегаштам, ба ман гуфтанд, ки нарав, ки ин мошин шумораи Ленинобод дорад ва дар он ҷо ҳамаи мошинҳои бо ин гуна шумораро чаппа мекунанд. Яъне мақсадашон муқобилгузории ҷанубу шимол ва ба вуҷуд овардани ташаннуҷ буд, то дар дигаргун кардани ҳукумати Тоҷикистон муваффақ шаванд."

Албатта, комиссияе ба манзури таҳқиқи ҳаводиси баҳманмоҳ таъсис шуд, ки кори худро ба далели авзои номуносиби сиёсӣ ва шиддат гирифтани муборизаи гурӯҳҳои дорхили ҳукумат ва оғози ҷанги дохилӣ ба поён набурд. Ба ҳамин тартиб, то кунун омилони ин ҳаводис, аҳдофи он ва инчунин исми касоне, ки амри тирборони тазоҳуротро додаанд, маълум нест.

Баҳманмоҳ ва зарурати таҳқиқи он

Таърихнигорон низ мегӯянд, ки зарурати таҳқиқ ва баҳогузории ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 беш аз ҳар вақти дигаре ба вуҷуд омадааст. Аммо барои таърихнависии ин ҳодисаҳо зарур аст, ки аввал баҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ин ҳодисаҳо дода шавад. Он гоҳ роҷеъ ба ин ҳаводис таърихнигорӣ шавад.

Холаҳмади Самеъ, декани факултети таърихи донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, он ҳаводис дар замони ҳукумати яккатози Ҳизби коммунист сурат гирифт ва баҳое ҳам, ки ба он дода шудааст, аз назари манофеи ҳамин ҳизб бар меояд. Ин кори ҳақиқатёбиро дар мавриди баҳманмоҳ мушкил мекунад.

Оқои Самеъ мегӯяд: "Он вақт ҲК ба он ҳодисаҳо баҳои ҳуқуқӣ ба воқеаҳо дода буд. Натиҷаи кори комиссияе ҳам, ки барои таҳқиқи ҳодисаҳои баҳманмоҳ ташкил шуда буд, барои мо манбаъ ё инстансияе намешавад, ки мо ба он такя кунем ва таърихи ҳодисаҳоро бинависем. Зеро он яктарафа буд ва воқеият чизи дигар. Дар ин маврид бояд таҳқиқи ҳамаҷониба сурат гирад ва мо ин корро метавонем анҷом диҳем. Намешавад гуфт, ки дар мавриди он ҳодисаҳо баҳои яктарафа сурат гирифта ва мо онро ислоҳ карда наметавонем. Бояд таҳқиқ кунем."

Чаро баҳманмоҳро таҳқиқ намекунанд?

Бархе ба ин боваранд, ки унсурҳое дар дохили ҳукумати кунунӣ низ иродаи сиёсӣ барои таҳқиқи комили ҳаводиси баҳманмоҳ надоранд, балки онро бар зиёни худ мебинанд ва аз ин лиҳоз то кунун ин ҳаводис таҳқиқношуда боқӣ мондааст.

Мусо Асозода
Аммо Мусо Асозода, таърихдон ва мудири шӯъбаи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳама муддат, ҷанги дохилӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ буд, ки маҷоли расидагӣ ба ин ҳаводисро ба ҳукумат намедод. Шояд дар остонаи 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба ин ҳаводис низ назари тозае андохта шавад.

Оқои Асозода мегӯяд: «Масруфияти давлат дар солҳои гузашта ин имконро надод, ки ба ҳодисаҳои баҳманмоҳ пардохта шавад. Мо дар остонаи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ва вазъияти босубот қарор дорем ва бовар дорам, ки метавонем ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунем ва дар воқеъ вақти он омадааст, ки ин ҳодисаҳо бояд баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бигиранд».

Дар воқеъ оғози ҷанги дохилӣ ва кушта шудани 150 ҳазор нафар, баҳманмоҳ ва 25 қурбонии онро дар соя қарор дод. Санги хотираи шаҳидони баҳманмоҳ низ дар чанд соли пеш аз майдони "Шаҳидон" барчида шуд.

Ҳукумати ба пуштибонии Фронти халқӣ ба қудратрасида дар соли 1992, номи Шаҳидонро аз майдони назди раёсати ҷумҳурӣ гирифта буд. Аммо ин ном дар забони зиндаи мардум ва ҳофизаи таърихии он ҳамчунон бар ҷост.
XS
SM
MD
LG