Шаҳодат Давлатова, ки мегӯяд, хоҳари Алии Бедакист, ба бегуноҳии падараш комилан мӯътақид аст. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падари солхӯрдаи хонадон ба аъмоли Аловиддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, ки ахиран дар ноҳияи Рашт кушта шуд, иртибот надорад.
Шикояти хонуми Шаҳодат дар ҳоле садо медиҳад, ки бино ба хабари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пирамарди 76-сола Музаффар Давлатов бо иттиҳоми пинҳон доштани аъмоли ҷиноӣ дар охири моҳи январ боздошт шудааст.
Парвандаи Музаффар Давлатовро Додситонии низомии Тоҷикистон таҳқиқ мекунад. Аммо Шаҳодат Давлатова мегӯяд: "Мо омадем, ки ба вакили мардумии минтақаи худамон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров расонем, ки падари мо Музаффар Давлатов беасос боздошт шудааст. Мӯсафед ҳамеша мухолифи амалҳои нодурусти фарзандаш буд, ӯро насиҳат мекард, ки аз назди зану фарзандаш дур наравад. Падарам гуноҳе накардааст, ки ӯро боздошт кунанд. Бародарам ҳам ҳеҷ гоҳ гапи болобаланд назадааст, митинг накарда буд. Баъди аз Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфта дар Рашт озод карда шуданаш, ҳамеша фишор меоварданд, таъқиб мекарданд."
Ба гуфтаи хонуми Шаҳодат, модари хонавода бар ин бовар аст, ки фишору таъқиби бесоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби ба як террорист табдил ёфтани писараш шудааст.
Боздошт ба хотири огоҳ накардани мақомот
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, як қатор айбномаро бармешумурад, ки падари Алии Бедакӣ дар ҳоли ҳозир ба он гумонбар дониста шудааст.
Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: "Падари Алии Бедакӣ дар ҳамроҳӣ бо гурӯҳи ҷиноӣ, нигоҳдории силоҳҳои ғайриқонунӣ ва огоҳ накардан аз амали ҷиноии фарзандаш ба мақомоти интизомӣ айбдор дониста мешавад."
Аммо Урунбой Бобошеров, вакили дифои Музаффар Давлатов, мегӯяд, ҳоло падари Алии Бедакӣ танҳо ба як амал гунаҳкор дониста мешавад ва ин ҳам огоҳ накардани мақомоти дахлдор аз рафтори фарзандаш Алии Бедакист. Вай гуфт, бо ҳамин айбнома тақрибан 10 рӯз қабл алайҳи падари Алии Бедакӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
"Шикоятро рад карданд"
Вакили дифоъ гуфт: "Мӯсафед дар баёноти худ мегӯяд, Алӣ ҳамроҳи бачаҳо ба хона меомад, вале ба танқидҳои падараш гӯш намедод. Вай мегуфтааст, ки падар, ба корҳои мо дахолат накун."
Ҷаноби Бобошеров меафзояд, "ба ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи Олӣ шикояти хусусӣ пешниҳод кардем, вале онро беасос шуморида рад карданд."
Шаҳодат Давлатова, хоҳари Алии Бедакӣ, мегӯяд, падараш дар Идораи роҳсозии ноҳияи Рашт ба ҳайси муҳосиб кор мекард ва аслан ба амали Алии Бедакӣ ҳамроҳ набуд.
Ба гуфтаи ӯ , Алии Бедакӣ ду сол буд, ки бо се фарзандаш дар ҷои дигар ба сар мебурд. Ахиран мақомоти интизомии ноҳия тамоми дороии Алии Бедакиро мусодира намуда, ба дари як фермае, ки ӯ дар деҳаи Бедак дошт, мӯҳр задаанд.
Ҳамчунин, Додгоҳи шаҳри Душанбе чанде пеш бародари ӯ Ҳусниддин Давлатовро, ки намояндаи маҷлиси маҳаллӣ аз Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ба 11 соли зиндон маҳкум кард.
Хоҳари Алии Бедакӣ меафзояд, пас аз амалиёти куштори Алии Бедакӣ дар оғози моҳи январ, ки аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ нишон доданд, то кунун ҷасади ӯ ба пайвандонаш дода нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шабакаҳои интернетӣ видеои бозпурсии Алии Бедакӣ мунташир шуда, фарзияҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд Аловиддин Давлатов на дар задухӯрд дар деҳаи Руноб, балки дар шароити дигаре ба қатл расидааст. Мақомоти расмӣ аз шарҳи ин видео, ки нахуст дар телефонҳои ҳамроҳи шаҳрвандон паҳн шудааст, худдорӣ мекунанд.