Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзи маъзарат ва сипоси Амонулло Ашӯр


Амонулло Ашӯр зимни ташаккур ва сипосгузорӣ аз ҳамаи онҳое, ки таваҷҷӯҳ карда ва суол додаанд, дар сӯҳбати хосе гуфт, ки аксари суолҳо ба масъалаи роҳи пулакии Душанбе Чаноқ ва фаъолияти ширкати "Иноватив Роуд Шолюшнс" марбут аст. Ва ӯ, албатта посухи омода ба ин суолҳоро дорад, вале дар охирин лаҳза, аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон комиссияи вижае бо сардории Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсия барои баррасӣ ва хулосабарорӣ дар қазияи роҳи пулакӣ ва ширкати "IRS" таъсис шудааст, ки оқои Ашӯр низ узви он мебошанд.

Қарор аст, ин комиссия то 10 рӯзи дигар хулосаи худро қатъӣ кунад ва натиҷаи онро зимни як баёнияи муштараки аъзояш, тавассути расонаҳо эълон ва ба ҳукумат пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, мегӯяд Амонулло Ашӯр, посух гуфтан ба суолҳои марбути ин масъала дар ҳоле, ки комиссия кори худро идома медиҳад, як навъ пешдоварӣ хоҳад буд. Ва шояд аз сӯи бархе ҳам фишор ба кори комисссия маънидод шавад.

Бинобар ин оқои Ашӯр, бо арзи маъзарат ва сипос аз хонандагони Озодӣ хоҳиш намуд, ки нашри посухҳояш ба суолҳои корбаронро то хулосаи кори ин комиссия, яъне то даҳ рӯзи дигар, мавқуф гузорем.
XS
SM
MD
LG