Маросими ботантанаи мукофотсупорӣ 6-уми феврал дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе барпо гардид.
Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозону мураббиён, раҳбарону сарпарастон ва мухлисони дастаро бо ғалабаи бузург дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон табрик гуфт.
Сипас ҷаноби Давлатов ва Валерий Турсунов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба Юсуф Рабиев, капитани дастаи «Истиқлол», ҷоми қаҳрамонӣ, ба футболбозону мураббиён ва раҳбарони даста медалҳои тиллои мусобиқотро супурданд.
Рустами Эмомалӣ, поягузор ва ҳамлагари дастаи «Истиқлол», Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳ, Олимҷон Рафиков, сармураббии даста, собиқ бозигари тими машҳури «Помир»-и Душанбе, Мубин Эргашев ва Баҳодур Сӯфиев, ёварони сармураббӣ, аъзои даста - Алишер Туйчиев, Соҳиб Сувонқулов, Эраҷ Раҷабов, Одил Эргашев, Умед Ҳабибуллоев, Абдураҳим Холов, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Анвар Норқулов, Юсуф Рабиев ва Фарҳод Тоҳиров бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Юсуф Рабиев, ҳамлагари «Истиқлол», ки беҳтарин бозигари сол эълон шуд ва бо 30 гол беҳтарин нишонзани мусобиқаи порсола гардид, бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи кишвар сарфароз гашт. Инчунин Юсуф Рабиев, ки ба қатори 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2010-ум дохил шудааст, бо дипломи Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Ба Эраҷ Раҷабов, узви дастаи «Истиқлол», ҳамчун беҳтарин ҳимоятгар ва Олимҷон Рафиков, сармураббии даста, ҳамчун беҳтарин мураббии сол ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон супурда шуданд.
Инчунин Иброҳим Рабимов, ки соли гузашта дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ мекард ва имсол ба тими «Истиқлол» гузашт, ҳамчун беҳтарин нимҳимоятгари сол соҳиби ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид.
Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дастаи мо ҳамчун қаҳрамони кишвар имсол Тоҷикистонро дар Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё намояндагӣ хоҳад кард ва мекӯшем, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ муваффақона бозӣ кунем.