Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори бӯҳроншиносон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон


Пол Куин-Ҷаҷ, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ
Пол Куин-Ҷаҷ, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ

ICG ё Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ аз эҳтимоли хушунатҳои иҷтимоӣ дар ин ду кишвар ҳушдор додааст.

ICG ( International Crisis Group) -- Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар гузориши наве гуфтааст, танҳо талошҳои ҳамоҳангшудаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад тавонист, аз суқути зербинои иҷтимоӣ дар ин ҷамоҳири собиқи шӯравӣ пешгирӣ кунад.

Мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар ин созмон, Пол Куин-Ҷаҷ мегӯяд: "Дар 5 то 10 соли дигар дар ин ҷо муаллиме нахоҳад монд, ки бачаҳоро дарс диҳад ва духтуре нахоҳад монд, ки беморонро табобат кунад ва зиндагии бе нерӯи барқ одат хоҳад шуд."

Коршинос меафзояд: "Фурсати ислоҳот аз даст меравад ва коҳиши ин хадамот ташаннуҷи иҷтимоиро дар ҷомеаҳои бе ин ҳам норозӣ афзоиш медиҳад. Ин дар навбати худ имконияти низоъҳои ояндаро бештар мекунад."

Аммо сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, Ноилшоҳ Нуралиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бино ба як барномаи мушаххас тамоми талошро мекунад, ки мактабу маориф рушд ва пешрафт кунанд. Вай мегӯяд, "кадрҳо барои муассисаҳои таълимӣ мерасанд, кофиянд, аммо дар бархе аз мактабҳо онҳо "ғайриихтисос" ҳастанд, яъне мутахассиси фанҳои дигар."

Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ фарсоиши зербинои иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро ба он бастагӣ медиҳад, ки сохтмону бино ва дастгоҳу таҷиҳзот вайрон шудаву аз ҳам мепошад ва мутахассисон бознишаста шуда ва ё дармегузаранд. Ҳукуматҳои пасошӯравӣ дар пайи
Онҳо бояд ҳукуматҳои худро аз боло то поён аз ҳама гуна фасод пок кунанд, истифодаи захираҳои мамолики худро ба хотири бой шудани худу оилаҳои худ қатъ намоянд ва кадрҳоро бино бар шоистагияшон баргузинанд...
табдил ва такмили ин хадамот нестанд ва сармояе, ки ба ин мақсад ихтисос меёбад, ҳадафи фасод қарор мегирад.

Муаллифони гузориш бархе аз нооромиҳо дар минтақаро ба фарсоиш ва гоҳе ҳам фурӯпошии зербинои иҷтимоӣ бастагӣ медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ба ҷои охирин насли мутахассисони ботаҷриба ва кордони аҳди Шӯравӣ, ба монанди муаллимон, пизишкон ва муҳандисон онҳое меоянд, ки ихтисосро наомӯхтаанд, балки харидаанд.

Дар ҳамин ҳол роҳҳо, нерӯгоҳҳо, шабакаҳои обу барқ, бемористону дармонгоҳҳо, мактабу боғчаҳои кӯдакон тадриҷан фарсуда ва тахриб мешаванд.

Аз нигоҳи вазъи зербинои иҷтимоӣ, ба ақидаи Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, беш аз ҳама Тоҷикистон ва Қирғизистон осебпазиранд. Ин ҳам дар ҳоле , ки омадааст дар гузориш, Тоҷикистон раҳбари худкома ва солманд дошта, Дар Қирғизистон давлат ба андозаи хатарнок заиф аст.

Аммо корманди Маркази пажӯҳишҳои стартегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯз Саидов гуфт, ба ин ақидаҳо розӣ шуда наметавонад: "Дар Осиёи Миёна маҳз Қирғизистон ва Тоҷикистон ду давлате ҳастанд, ки ба дигаргунии ин риштаҳо машғуланд. Мушкил бештар молию иқтисодист ва мардум инро б а хубӣ мефаҳманд. Мардум ба ҳеҷ хушунат даст намезананд. Бояд аз мардум пурсид, на аз созмонҳои хориҷӣ."

Бино бар натиҷагирии Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, дар ҳоли бетаваҷҷӯҳӣ ба вазъи зербинои иҷтимоӣ ва фурӯпошии хадамот ба мардум таъсири тундравони исломӣ дар минтақа афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин ҳол рушди иқтисодӣ ё коҳиши фақр ба як орзуи дастнорас табдил хоҳад шуда, кишварҳо ба экпорти нерӯи кор бештар пойбанд хоҳанд гашт.

Дар гузориш омадааст: "Хашм ва коҳиши ҷиддии хадамоти ибтидоӣ дар ошӯбҳои Қирғизистон ва барканории раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар моҳи апрели соли 2010 нақши ҳалкунанда бозид ва барои Тоҷикистон низ чунин як оянда чандон дур ба назар намерасад."

Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ менависад, Узбакистон ва Туркманистон низ ба ҳамин самт ҳаракат доранд, аммо дар ин кишварҳо фишори давлат қавӣ буда, зербинои иҷтимоӣ дар ҳоли тармим ва тақвият аст. Аммо ҳам дар ин давлатҳо ва ҳам дар Тоҷикистону Қирғизистон умедворӣ ба ин аст, ки мероси Шӯравӣ бо роҳи худ идома хоҳад кард ва зарурат ба тавъиз ва такмил надоранд.

Дар ҳоле ки ин кишварҳо дар гузашта як системи воҳид доштанд, бахусус дар риштаҳои нақлиёт ва энержӣ, акнун дар ҳоле афтодаанд, ки ҳифзи он кори мушкил ва имконнопазир гаштааст. Аз сӯи дигар вазъи ҳар кадоми онҳо ба авзои ҳамсоягонашон низ асар хоҳад дошт ва ин ҳолат бо бесуботии афзоянда дар Афғонистону имкони сирояти ошӯб аз марзи он ба дохили Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Ниёзҳо мушаххасанд ва роҳи ҳалҳо низ вуҷуд доранд. Аммо, ба навиштаи Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ саромадони Осиёи Марказӣ ба ин чораҳо таваҷҷӯҳ надоранд. "Онҳо бояд тамоми дидгоҳҳо ва рафтори худро тағйир диҳанд. Онҳо бояд ҳукуматҳои худро аз боло то поён аз ҳама гуна фасод пок кунанд, истифодаи захираҳои мамолики худро ба хотири бой шудани худу оилаҳои худ қатъ намоянд ва кадрҳоро бино бар шоистагияшон баргузинанд."

Дар ин мавриди Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ кишварҳои Соҳили Болтик ва Гурҷистонро намуна оварда, дар тавсияҳои худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, кӯмакҳояшро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шартӣ ва ҳамоҳанг кунад.
XS
SM
MD
LG