Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои сиёсӣ ба расонаҳои давлатӣ роҳ меҷӯянд


Бахшҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо баргузории як маҳфил аз ҳукумат дархост карданд, ба онҳо имкони истифодаи баробар аз расонаҳои чопиву электронии давлатӣ дар баёни ақидаву назарҳояшон дар мавзӯъ ва масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз фароҳам созад.

Файзулло Файзиев – раҳбари бахши Ҳизби демократ дар вилояти Суғд гуфт: «Мо пешниҳод мекунем ҳукумат минбаъд дар телевизиони давлатии вилоятӣ ва телевизионҳои хусусӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ вақт диҳад ва дар барномаи махсус бахшҳои 8 ҳизби сиёсӣ имкони инъикоси барномаву назарҳои худро пайдо кунанд. Имрӯзҳо, ки ин гуна барномаҳо дар расонаҳо пахш карда намешавад, 70 – 80 дарсади мардум аз фаъолият ва ҳатто мавҷудияти ҳашт ҳизби сиёсӣ огоҳӣ надоранд.»

Ҳафт бахши суғдии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон нашрияи доимии худро надоранд. Онҳо мегӯянд, ки тавони молии таъсиси нашрияву расонаҳои худ ва дастрасӣ ба расонаҳои хусусӣ надоранд. Танҳо нашрияи Ҳизби халқии демократӣ дар ду ҳафта як бор бо теъдоди 8 000 нусха ба табъ мерасад.

Нашрияҳои Ҳизби коммунист ва Ҳизби сотсиалист «Эътиқод» ва «Иттиҳод» ба гоҳнома табдил ёфта, танҳо дар давраҳои интихоботӣ чанд шумораи ба чоп мерасанд.

Табъу нашри ҳафтаномаи «Ориён» - и Ҳизби демократ, ки замони аввали таъсиси ин ҳизб аз серхонандатарин нашрияҳои Суғд буд, дар пайи кашмакашҳои дохилӣ ва заъфи молии ҳизб қатъ шудааст. Ҳизби наҳзати исломӣ низ дар вилояти Суғд нашрияи худро надорад, аммо бо фарқ аз ҳизбҳои дигари сиёсӣ, ҳафтаномаи «Наҷот» ва се маҷаллаи чопи пойтахтро миёни аъзо ва ҳаводоронаш паҳн мекунад.

Ҷӯра Юсуфӣ, мовини сардабири нашрияи «Вароруд» дар Хуҷанд, ки дар нишасти аҳзоби сиёсӣ ба ҳайси гузоришгар иштирок дошт, мегӯяд: «Ҳарчанд ин нашрияҳо ҳизбӣ ҳастанд, аммо матолиби таҳлилие ҳам дар бораи камбудиву нуқсонҳои ҷомеа ва мансабдорон, масоили доғи рӯз, мисли бекориву муҳоҷирати корӣ ба чоп мерасонанд. Яъне, мавзуъҳое, ки на танҳо ба аъзои ҳибашон, балки барои умуми ҷомеа ҷолиб бошанд.

Ҳафтаномаи «Наҷот» бештар миёни сокинони деҳот маъруфият дорад, онро ба ҷуз аъзои ҳизби наҳзат дигарон ҳам харидорӣ мекунанд ва обуна мешаванд. «Сухани халқ», нашрияи ҳизби халқии демократӣ ба тариқи обуна бештар дар байни табақаи ҳукуматдорон ва кормандону идораву корхонаҳо паҳн карда ва хонда мешавад. Аммо воқеан бояд гуфт, нашрияи ҳизби ҳукмрон дар ҳар шумораи худ маводҳои зиёди танқидиву таҳлилии барои хонандаҳои оддӣ низ ҷолибу хонданӣ ба нашр мерасонад.»

Ба сурати умум, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳудуди даҳ телевизион ва радио ва беш аз 70 нашрияву гоҳномаи хусусиву давлатӣ барнома ва шумораҳои худро нашру пахш мекунанд. Аммо бахшҳои суғдии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ба ҷуз Ҳизби халқии демократӣ даъво доранд, ки ҳукумат расонаҳои давлативу хусусиро ба минбари ҳизби ҳукмрон қарор дода, дастрасии ҳизбҳои дигарро ба онҳо маҳдуд кардааст.

Аммо Карими Шариф – сардабири нашрияи ҳукуматии «Ҳақиқати Суғд», аз иштирокдорони нишасти аҳзоби сиёсӣ мегӯяд: «Ҳизбҳои сиёсӣ асосан давраҳои интихоботӣ фаъол мешаванд. Дар мисоли рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» гуфта метавонам, ки рӯзҳои интихобот робитаи ҳамаи аҳзоб бо мо хеле зиёд мешавад ва матлабҳои сиёсии худро пешниҳод мекунанд. Аммо бо гузашти он маъракаҳои сиёсӣ ҳизбҳо ҳам дигар нопадид мешаванд.»

Бахшҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯянд, онҳо барои таъсиси нашрияҳои худ маблағ надоранд. Аммо Илҳоми Ҷамолиён – раҳбари бахши суғдии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, аз ширкаткунандаҳои нишасти аҳзоби сиёсӣ, ҳалли мушкили молиро аз шартҳои аслии фаъолияти ҳар ҳизби даъвогар ба раҳбарӣ медонад: «Нуқтаи назари ман ин аст, ки ҳизбе, ки барои таъсиси воситаи ахбори умуми худ барои тарғиби ақидаву барномаҳояш имкони иқтисодиву маблағ надорад, бояд аз вазифаи олии худ, ки ба даст овардани қудрат аст, бояд даст кашад.»

Рӯзноманигор Тилав Расулзода гуфт, бархе аз бахшҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар вилояти Суғд сохтаву ба ном вуҷуд доранд. Ва хомӯшии комили онҳо дар баробари ҳодисаву рӯйдодҳои муҳиму доғи ҷомеа бозгӯи он аст, ки гӯё ҳарфе барои гуфтан ба мардум надоранд.

Аз бахшҳои суғдии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон танҳо Ҳизби наҳзати исломӣ торнамои худро боз кардааст, ки рӯзе ҳудуди 150 – 200 нафар бо он сар мезананд ва масъулони бахши Ҳизби демократ ҳам мегӯянд, дар фикри боз кардани торнамои худанд.
XS
SM
MD
LG