Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷбур ба кӯч шудани сокинони як деҳаи марзӣ


Деҳаи Бушолак дар ноҳияи Шӯрообод, январи соли 2010.
Деҳаи Бушолак дар ноҳияи Шӯрообод, январи соли 2010.

Сокинони деҳаи Бушолак дар марзи Афғонистон аз дасти қочоқбарон тарки манзил карданд.

Аҳли деҳаи Бушолак, ки аз 10 хонадон иборат аст, дар ҳоле деҳро тарк мекунанд, ки 29-уми январ дар ин ҷо як амалиёти низомӣ алайҳи қочоқчиёни афғон ҷараён гирифт.

Хайриддин Шокиров, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод ба Радиои “Озодӣ” гуфт: “дар задухӯрди миёни кормандони полис ва қочоқбарони афғон дар деҳаи Бушолаки ин ноҳия дар хонаи Муродов Шерхон, сокини ин деҳа як қочоқчии афғон, 30-35 сола дар амалиёт ба ҳалокат расонда шуд. Аз вай як адад автомат, 5 адад тирдон ва 95 тир ба даст омад".



Мирзовалӣ, як сокини ин деҳ гуфт, чунин амалиёт бар зидди кочоқбарон дар деҳи онҳо бори аввал нест. Ба гуфти ӯ, дар паи чунин амалиётҳо эҳтимоли осеб дидани сокинони одӣ низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, гуфт ӯ, чун деҳи онҳо ба як деҳи ноамн табдил ёфтааст, онҳо маҷбуранд, онро тарк кунанд.

Қаблан низ сокинони деҳаи Заранг, як деҳаи назди марзи низ бо чунин сабаб деҳи худро тарк карда буданд.

Сокинони деҳаи Автирхам замоне, ки русҳо умури марзро ба дӯш доштанд, бо чунин сабаб хонаҳои худро партофта, ба ноҳияи Ҳамадонӣ кӯч баста буданд. Шӯрообод дар ҷануби Тоҷикистон бо давлати исломии Афғонистон 156 километр хатти марзи душворназорат дорад.

Дар ду ҳафтаи қабл миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 13 нафарии қочоқчиёни мусаллаҳи афғон дар мавзеи Шовони ноҳияи Шӯрообод, яке дигар аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон низ даргирӣ ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар натиҷаи ин даргирӣ ду қочоқчии афғон кушта шуда ва бақия ба қаламрави Афғонистон фирор кардаанд.

Гузашти ҳудуди як моҳи соли нави милодӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар қаламрави Тоҷикистон дар талоши интиқол ва қочоқи маводи мухаддир ҳастанд.
Хосса, чунин талошҳо дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Ҳамадонӣ, ки бо шимоли Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, сурат мегирад.

Тоҷикистон бо Афғонистон дар тӯли беш аз 1400 километр марзи муштарак дошта, сипари ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ маҳсуб меёбад.

Ҳарчанд сохторҳои қудратии Тоҷикистон зарфи даҳ соли ахир беш аз 70 тонна маводи мухаддири қочоқии афғонро мусодира кардаанд, аммо ин кишвар ба танҳоӣ тавони мубориза бо интиқол ва қочоқи маводи мухаддирро нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG