Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба Муборак: "Аз хушунат кор нагиред"


Раҳбарони Олмон, Фаронса ва Бритониё аз Ҳуснӣ Муборак хостанд дар муқобили мӯътаризон аз хушунат кор нагирад.

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон, Никола Саркузӣ, раисиҷумҳури Фаронса ва Давид Камерун, нахуствазири Бритониё дар баёнияи муштарак хитоб ба Ҳуснӣ Муборак, хостори «эҳтироми комил ба ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ» шуданд.

Дар баёнияи муштараки раҳбарони ин се кишвари аврупоӣ аз « озодии баён ва иртиботот, ба вижа аз истифода аз телефон ва интернет ва ҳаққи иҷтимои мусолиматомез «ба унвони арзишҳо ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ ёд шудааст.

Аз бомдоди ҷумъа интернет дар Миср қатъ аст ва шабакаҳи мобайлӣ ба мушкилот рӯбарӯ шудааст.

Меркел, Саркузӣ ва Камерон дар идома, ошкоро аз Муборак хостанд « ба ҳар қимате аз коргирии хушунат алайҳи шаҳрвандони бедифоъ худдорӣ кунад.»

Ин се раҳбари аврупоӣ бо баёни ин, ки Муборак дар тӯли солҳои тӯлонӣ «нақши таъдилкунандае» дар Ховари Миёна доштааст, аз раиси ҷумҳури Миср хостанд «дар шароити кунунии Миср низ эътидоли мушобеҳе ба харҷ диҳад.

Раҳбарони Олмон, Фаронса ва Бритониё дар идома таъкид кардаан, ки мардуми Миср шикоятҳои ҳадафмандона доранд ва муштоқи «адолат ва ояндаи беҳтаранд»

Идома ноормиҳо ва афзоиши куштаҳо

Охирин гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки муътаризон ҳамчунон ҳукумати низомиро нодиди гирифта ва хостори канорагии Ҳуснӣ Муборак ҳастанд.

Хабаргузории Фаронса ба нақл аз манобеи бемористонӣ гузориш медиҳад дастикам 80 нафар дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар даргириҳо кушта ва ҳазорон нафар низ захмӣ шудаанд.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, шумори кушташудагон дар рӯзи шанбе дастикам 11 нафар будааст.

Захмиёни тазоҳуроти Миср
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG