Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба содироти ангишт даст ёфтааст


Пас аз 19 соли истиқлол, Тоҷикистон барои аввалин бор ба содироти ангишт ба бозорҳои хориҷӣ оғоз кардааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар соли 2010 дар Тоҷикистон 201 ҳазор тон ангишт истихроҷ шуд, ки 800 тонаи он аз сӯи ширкати "ТоҷИрон" ба Покистон содирот шудааст.

Саидҷон Саидраҳмонов, раиси корхонаи давлатии "Нафтгаз-ангишт"-и Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Соли гузашта 201 ҳазор тон ангишт истеҳсол шуд. Бо бақияи дар анборҳо буда, 203 ҳазор тон ангишт фурӯхта шудааст. Ҳоло ҳудуди 48 ҳазор тон захираи дигар дар анборҳо боқӣ мондааст."
Ба гуфтаи идораи "Нафтгаз-ангишт"-и Тоҷикистон, мо захираи 5 миллиард тон ангишт дорем...


Раиси корхонаи давлатии "Нафтгаз-ангишт"-и Тоҷикистон ҳамчунин имкони содироти бештари ангишт ба хориҷ аз кишварро мумкин хонд ва гуфт: "Бархе аз корхонаҳои хусусии истихроҷи ангишт аз ҷумлаи ширкати "Сангғол", ширкати "Сайёд" қарордодҳо дар ин бораро имзо кардаанд, вале ба далели вуҷуди бархе аз мушкилиҳо, иҷрои ин қарордод то ба ҳол роҳандозӣ нашудааст."

Мушкили истихроҷи ангишт


Саидҷон Саидраҳмонов, раиси корхонаи давлатии "Нафтгаз-ангишт" мушкилоти мавҷуд дар содироти ангиштро чунин тавзеҳ дод: "Мушкилиҳо ба имкониятҳои молии корхонаҳо рабт дорад ва марбут мешавад ба хариди мошину дастгоҳҳои истихроҷу интиқоли ангишт дар конҳои баландкӯҳ. Захираҳо бошад фаровонанд. Мо захираи 5 миллиард тон ангишт дорем ва агар истихроҷаш зиёд шавад, имкони содирот низ меафзояд."

Ҷаноби Саидраҳмонов гуфт, ки мо дар гузашта ангиштро аз Русия низ ворид мекардем, вале чанд соли ахир мо ба ин ниёз надорем.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз ширкатҳои хусусӣ дар ҳоли ҳозир ангиштро ба Афғонистону Покистон ворид мекунанд. Ва ин ду кишвар ба гуфтаи коршиносон, барои Тоҷикистон метавонад бозори аслии воридоти ангишт бошад. Ва Покистон омода аст барои воридоти 700 ҳазор тонна ангишт дар сол, бо Тоҷикистон қарордод имзо кунад.

Бино ба гуфтаи идораи "Нафтгаз-ангишт"-и Тоҷикистон, мо захираи 5 миллиард тон ангишт дорем.

"Замини оташ"

Ба гуфтаи коршиносон ин захираи ҳамон 14 коне аст, ки ҳоло метавонем аз он ангишт истихроҷ кунем. Вале захираи ангишт дар Тоҷикистон он қадар зиёд аст, ки бино ба сарчашмаҳои таърихӣ ин захираҳо дар водии Зарафшони шимолӣ Тоҷикистон аз 800 сол то бад ин сӯ дар зери қабати кӯҳҳо месӯзад ва саёҳону лашкаркашон 800 сол қабл дар ёддоштҳои худ ин минтақаро замини оташ қаламдод кардаанд.
Ба сабаби камбуди барқ, тамоми ҷангалзорҳои доманакӯҳро буридаанд ва ҳоло аз истифодаи ҳезум ба ангишт гузаштаанд...


Ин сӯзиши ангишт дар деҳоти Вору, Порвен ва Пахнаи водии Зарафшон ба номи "Алови Аҷина" ёд мешавад, ки ҳоло низ сӯзиши ангишт дар қабати кӯҳҳо идома дорад.

Ахиран як гурӯҳи эҷодии шабакаи телевизиони ОРТ-и Русия дар бораи ангиштҳои сӯзони водии Зарафшон филми мустанаде ба навор гирифта, ба намоиш гузошта буд. Вале мушкили аслӣ дар истихроҷ дар он аст, ки мо дар ҳоли ҳозир ба далели надоштани тавони фаннӣ, ба истихроҷи саноатии ангишти минтақаҳои баландкӯҳ даст наёфтаем.

Аз ҳезум ба ангишт

Вале сокинони деҳоти водии Зарафшон дар ин авохири фасли тобистон барои ниёзи худ аз ин ангишт истифода мебаранд. Ба ин далел, ки дар чанд соли ахир ба сабаби камбуди барқ тамоми ҷангалзорҳои доманакӯҳро буридаанд ва ҳоло сокинони минтақаи кӯҳистонӣ аз истифодаи ҳезум ба ангишт гузаштаанд.

Маҳмадҷон Абдуқодиров, сокини деҳаи Навдонаки ноҳияи Рашт, дар ин бора гуфт: "Як тонна ангишти баландсифат 1 ҳазору 200 сомонӣ, ангишти Айнӣ 500 сомонӣ, ангишти Зиддӣ 450 сомонӣ, ангишти Тавилдара 400 сомонӣ арзиш дорад. Дар як сол баъзе хонаводаҳо то 3 тон ангишт сарф мекунанд, ки аслан барои гарм кардани хона ва хӯрокпазӣ масраф мешавад. Дар хариди ангишт мушкил вуҷуд надорад. Дар бозорҳо фаровонист ва ҳатто ба рустоҳо оварда мефурӯшанд."

Ба гуфтаи як сокини ноҳияи Варзоб, мардуми ин ноҳия низ моҳона ба ҳисоби 200 то 500 сомонӣ ангишт мехаранд. Аммо ангишт дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон камтар масраф мешавад, ба ин далел ки мардум аз ғӯзапояи пахта дар ин ҷо бештар истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG