Дар ин бора ба мо як хонандаи торнамои "Озодӣ" иттилоъ дода, хоҳиш кард, сабаби ин ҳол ва тафсилоти онро дарёфт кунем.
Лола Кенҷева, сухангӯи ширкати «Тоҷик эйр» дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, болоравии қиматҳо хусусияти муваққатӣ дорад ва ба коҳиши мизоҷон вобаста аст:
«Барои пӯшонидани ин хароҷот нархро бардоштем. Аз ин тараф рейс пур равад, аз он тараф қариб, ки нисф меояд. Ё баръакс. Нархи бензин ҳам қимат шуд»
Аммо Темур Бандишоев, сухангӯи «Сомон эйр» ин амрро ҳамчунин ба боло рафтани пардохтҳои дигар марбут медонад:
«Як гуна болоравии мавсимии пардохтҳо барои таруфаҳо дар фурудгоҳҳои кишварҳои дигар ҳам ба амал омад, ки боиси афзудани хароҷоти ширкатҳо шуданд. Аз ин хотир, ҳамаи ширкатҳо ба қароре омаданд, ки таруфаҳоро боло баранд»
Ба ин тартиб, тибқи иттилои ширкатҳо, қимати билетҳо аз 240 ба 300 евро афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки чунин вазъ мӯҷиби нигаронии мусофирон, бахусус афроде шудааст, ки барои кор ба Русия сафар мекунанд.
Мардонқул, як сокини Хуҷанд дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин болоравии барои ӯву шариконаш, ки ба нуктаҳои билетфурӯшӣ омада буданд, ногаҳонӣ буд:
«Як ҳафта пеш як нафар омада буд билет гирифтем ба 1400 сомонӣ. Дирӯз мегирифтагӣ шудем як шаш кассаро дидем, арзонаш 1922 сомонӣ, қиматаш 2185 сомонӣ аст. Аз билетфурӯшҳо пурсидам, ки ин билети сайёҳӣ ё махсус аст, гуфтанд, ки не, билети оддӣ аст. Барои ҳамин аз Хуҷанд нагирифта, Истаравшан рафта ба 1615 сомонӣ тавассути Оренбург»
Дар посух ба суоли мо дар бораи ин, ки «оё то куҷо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳуқуқи боло бурдани қиматҳоро доранд» масъулон гуфтанд, ки аз соли 2006 онҳо ҳақ доранд дар хатсайрҳои хориҷӣ, худ вобаста ба имконот ва вазъи бозор нархгузорӣ кунанд.
Аммо ба таъкиди Акбар Хоҷаев, сарвари Раёсати ҳимоят ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, боло бурдани нархҳо бояд воқеӣ бошад:
«Ҳар кас ҳар тавре, ки хост наметавонад нархҳоро баланд кунад. Ин масъаларо мо бо раҳбарият ва мақомоти дахлдор мавриди баррасӣ хоҳем гирифт»
Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 20 ширкати ҳавопаймоӣ, ба шумули се ширкати ватанӣ дар бозори Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Аммо парвози хатсайрҳои ҷониби Маскавро «Тоҷик эйр», «Сомон эйр» ва ширкати русии «Домодедовские авилинии» анҷом медиҳанд, ки ҳар рӯз як навбат парвоз мекунанд. Қарор аст аз аввали моҳи феврали як ширкати дигари русии мавсум ба «Юта эйр» низ ба Маскав парвоз анҷом диҳад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, нархгузории билетҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон як гуна норӯшаниҳо дорад. Парвина Ҳамидова, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, боло рафтани қимати сӯзишворӣ ва хадамот дар фурудгоҳҳо бо нархҳое, ки муқаррар мешаванд, мувофиқат намекунанд:
«Аҷиб ин аст, ки нархҳо баробари бештар шудани теъдоди мардикорони сафарӣ ба Русия ба афзудан шурӯъ мекунанд. Ҳамарӯза чанд хатсайр ба сӯи Маскав ҳаст. Аз рӯи қавонини иқтисод талабот пешниҳодро тавлид мекунад. Пешниҳод мо дорем - мардикорон рӯз ба рӯз бештар сафар мекунанд, аммо нархи билетҳо коҳиш намеёбад. Боз ва боз меафзояд. Ба назарам, ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳисоби муҳоҷирон пул кор мекунанду халос»
Масъулони ширкатҳо мегӯянд, моҳҳои ноябр то январ дар пайи кам шудани мусофирон хисороти ҷиддӣ мебинанд ва аз ин хотир, зарурати пӯшидани онҳо пеш меояд. Аммо коршиносон мегӯянд, қаблан низ мушоҳида шудааст, ки дар Тоҷикистон боло рафтани қиматҳо як раванди бебозгашт буда, коҳиши қиматҳо ҳам ночиз будаанд.