Ба гуфтаи муаллифони ин тарҳ, қонуни феълӣ дар соли 1993, ҳанӯз пеш аз қабули Қонуни асосӣ, ба тасивб расида ба шароити солҳои охир ҷавобгӯ нест.
Дар пешнависи қонуни нави амният масъулият ва салоҳияту ваколатҳои
ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ва ҷойгоҳи онҳо дар низоми ҳокимият мушаххас шудааст.
Абдусаттор Холов, муовини раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони матни нав гуфт, тарҳи пешниҳодӣ на танҳо салоҳият ва ваколатҳои ниҳодҳои амниятӣ, инчунин, салоҳият ва ваколатҳои раиси ҷумҳур, ҳукумат, Маҷлиси Олӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллиро вобаста ба таъмини амнияти давлатӣ муайян кардааст. Ва ин тарҳ бо назардошти вазифа ва масъулиятҳои наве, ки ба дӯши мақомоти амниятӣ гузошта шудааст, таҳия шудааст.
Масъалаи ворид кардани тағйир ба қонуни амниятии Тоҷикистон дар ҳоле пеш меояд, ки ин кишвар аз сӯи бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар радифи кишварҳои осебпазир ва ноамн ворид шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки иттифоқоти рухдода дар соли гузашта, аз ҷумла фирори маҳбусон аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ, ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои милисаи шаҳри Хуҷанд ва ниҳоят даргириҳои ахир дар минтақаи Рашт субот ва амният дар ин кишварро зери суол қарор дод.
Бархе аз коршиноосн бо таваҷҷӯҳ ба ин рухдодҳо аз заъф ва камасарии фаъолияти ниҳодҳои амниятӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба андешаи Абдулло Ҳабибов, собиқ мувоини вазири дифои Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз чунин ҳаводис кори ходимони амниятӣ аст. Аммо ба ин далел, ки дар ин ниҳодҳо афроди тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ бештар шудаанд, ин таҳаввулот на танҳо пешгирӣ нашуд, балки боис ба кушта шудани одамон гардид.
Аммо Комёб Ҷалилов, коршиноси мустақили тоҷик, бар ин назар аст, ки вазифа ва масъулияти мақомоти амниятӣ баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ мушаххас нашуд. Дар сурати мушаххас кардани масъулияти ҳар яке аз ин ниҳодҳо имкон дошт, аз ин ҳаводис ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз ҳуқуқшиносони мустақил аз эҳё ва таҳкими ҷойгоҳи мақомоти амниятӣ ба унвони ниҳоди дорои салоҳият ва ваколатҳои густарда ибрози нигаронӣ мекунанд.
Шӯҳрат Қудратов, як тан аз ҳуқуқшиносони тоҷик, мегӯяд дар ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳ комилан эҳсос мешавад, ки намояндагони идораи амният рӯи додгоҳ ва қарори он таъсир мегузоранд ва дахолати онҳо мушоҳида мешавад.
Бо ин ҳол, Абдусаттор Холов, муовини раиси Кумиати амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, дар ин тарҳ вазифаҳои мақомоти амният, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ ва Шӯрои амният ба унвони идораҳои масъул ва муҳим дар низоми давлат таъйин шудаанд.
Аз ин рӯ, дар ин тарҳ ҳеҷ гуна салоҳият барои ин ниҳодҳо дода намешавад, ки озодиҳои башарӣ нақз шавад. Ин масъули парлумон афзуд, тасвиби тарҳи мазкур имкон медиҳад, ки аз вуқӯи ҳар гуна рухдодҳои террористӣ ва экстремистӣ саривақт ҷилавгирӣ шавад.