Аммо доштани ин ҳама кофӣ нест, балки ислоҳоти ҷиддие лозим аст, то аз ин манобеъ ба таври муносиб баҳрабардорӣ ва сармояи хориҷӣ ҳам ба минтақа ҷалб шавад. Ин тавсияҳои гузорише аст, ки Созмони мӯътабари ҳамкориҳои иқтисодии Аврупо дар ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодии Давос нашр кард.
Ба шарофати манобеъи фаровони табиӣ ва инсонӣ, иқтисодҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар охири солҳои 90 шоҳиди рушди қавӣ шуданд, аммо ин маҳмези онҳо давом накард. Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ бар изофаи мушкилоти мавҷуди пешина, ҳаракати чархи иқтисоди кишварҳои минтақаро кунд кард, фазо барои соҳибкориро бад кард ва фақру камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоиро афзуд.
Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Аврупо (OECD) мегӯяд, рафъи ин мушкилот, метавонад, иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказиро ба зинаи болотари рақобатпазирӣ бирасонад ва ин минтақаро ба ҷабҳаи нави дилкаш барои сармоягузорони ҷаҳонӣ табдил диҳад.
Фадӣ Фарра, яке аз муаллифони аслии гузориш ва раҳбари Барномаи рақобатпазирии Авруосиё дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупо мегӯяд:
“Ин минтақа то кунун аз чашми сармоягузорон дур монда буд. Осиёи Марказӣ, дорои истеъдоди рақобатпазирии қавӣ барои рушд дорад. Дар муқоиса ба манотиқи дигар, Осиёи Марказӣ имконоти зиёди рушд дорад, ки дигарон надоранд. Заминаҳо барои беҳтар кардани рақобатпазирӣ дар минтақа ҳам зиёд аст. “
Дар гузориш тавоноиҳои иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбакистону Муғулистон арзёбӣ шудааст. Яке аз бартариҳои кишварҳои минтақа дар рақобатпазирии иқтисодии мавқеъи ҷуғрофии он аст, ки дар иҳотаи иқтисодҳои бузурги дар ҳоли рушд ба мисли Чину Русия ва Ҳинд қарор доранд, ки сармоягузориҳояшон дар минтақа меафзояд.
Дигар аз бартариҳо, мизони болои савод дар кишварҳои Осиёи Марказист, ки дар ҳамаи онҳо ба истиснои Афғонистон тақрибан 99 дар сади бузургсолон хатту савод доранд. Ҳузури духтарон дар макотиб ҳам ба қадри кофӣ болост.
Заминаи дигари мусоид барои рушд дар Осиёи Марказӣ, сарватҳои фаровони табиист, аз ҷумла нафту газ ва дигар молу колои серхаридор ба мисли фаровардаҳои кишоварзӣ.
Қазоқистону Туркманистон нафту гази зиёд доранд ва Тоҷикистону Қирғизистон соҳиби захираҳои бузурги гидроэнержӣ ҳастанд. Афғонистон захираҳои истихроҷношудаи оҳану мису кобалт ва литиум дорад. Қазоқистон дорои маъдани зиёд аст, Қирғизистон тило тавлид мекунад ва Тоҷикистон ҳам имконот барои истихроҷу тавлиди алюминиум дорад.
Осиёи Марказӣ, аз сӯи дигар чаҳор дар сади ғалладонаи ҷаҳонро тавлид мекунад ва пахта як моли бозоргири кишварҳои минтақа аст. Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупо мегӯяд ин сарватҳои худодод сабаб шуд, то кишварҳои минтақа тайи як даҳсолаи гузашта солона то 8 дарсадӣ рушд кунанд. Аз соли 2000 то соли 2008 баъди хусусисозӣ ҳосилнокии кишоварзӣ ба мизони шигифтангези 67 дар садӣ афзудааст. Айни ҳол низ Осиёи Марказӣ як минтақаи ҷаззоб барои сармоягузорони хориҷӣ табдил шудааст, ки ин навъи сармоягузорӣ аз соли 2003 то соли 2009 панҷ маротиба афзудааст.
Фадӣ Фарра мегӯяд: “Мавҷи аввали сармоягузорӣ дар солҳои 90-ум дар Аврупои Марказӣ буд, мавҷи дуввум дар Аврупои ҷанубушарқӣ, ки ҳоло фӯру менишинад. Ҳоло мо шоҳиди тамоюли рӯшани сармоягузории мустақим дар Осиёи Марказӣ ҳастем. Аммо барои ин, бояд монеаҳои роҳи сармоягузориро аз байн бурд.”
Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупо мегӯяд, барои рафъи ин монеаҳо сиёсатгузорони маҳаллӣ бояд бо бахши хусусӣ аз наздик кор кунанд ва дар пайи тарбияи мутахассисоне шавад, ки бозор ба онҳо ниёз дорад. Бо вуҷуди хатту савод доштани аксарияти мардум дар кишварҳои минтақа, аммо сармоягузорӣ ба арсаи маориф дар солҳои ахир коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи созмон, сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна, муҳаррики рушди иқтисодӣ, бояд дар мадди аввал қарор бигирад ва дастрасӣ ба сармояро осон кунанд, ки ҳоло тоҷирони минтақа бисёр ба сахтӣ ба даст меоранд. Ба гуфтаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Аврупо, баҳраҳои баланди бонкӣ, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Муғулистон 14 дар садро ташкил медиҳад, роҳи тоҷирони зиёдеро бар рӯи бонкҳо бастааст.