Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳамлаи террористӣ дар Хуҷанд хунсо шуд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз вуқӯъи инфиҷор дар наздики раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷилавгирӣ карданд.

Ба гуфтаи мақомот, як мошини ҳомили маводи тарканда дар назди бинои раёсати корҳои дохилӣ ва мошини дигар дар наздикии бинои идораи амнияти вилояти Суғд қарор доштааст.

Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба Озодӣ гуфт: "Дар воқеъ, дар назди биноҳои раёсати корҳои дохилӣ ва бахши кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ду нақлиёт бо маводи тарканда дарёфт шудааст, ки айни замон ин маводҳо безарар гардонида шудаанд ва аз ҷониби шӯъбаи криминалистӣ, намуд ва вазни ин маводи тарканда ташхис мешавад. Вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад».



Дар ҳоле аз вуқӯи ду амалиёти даҳшатафканӣ дар маркази вилояти Суғд ҷилавгирӣ мешавад, ки ҳамагӣ чаҳор моҳ қабл дар ҳавлии бинои идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вилоят, ҳамлаи террористӣ сурат гирифта буд. Дар пайи ин таркиш дастакам 2 нафар кушта ва теъдоде ҳам захмӣ гашта буданд.

Дар ин ҳодиса, ки нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон хонда мешавад, ҳудуди 30 тан аз маъмурони пулиси маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки ба думболи таркиши 3 сентябр ҳудуди панҷоҳ нафар узви Ҳаракати исломии Узбакистон дар Хуҷанд боздошт шуданд, ки бархе аз онҳо дар ин ҳодиса даст доштаанд. Аксари боздоштшудагон сокинони ноҳияи Истаравшани вилотяи Суғд будаанд.

"Вокуниш"-и гурӯҳҳои тундрав?

Аммо акнун ин суол матраҳ аст, ки бо вуҷуди ин ҳама тадобири амниятӣ, аз ҷумла амалиёти ду моҳи пеш алайҳи гурӯҳе, ки гуфта мешуд, омили ҳамлаи интиҳории Хуҷанд мебошанд ва боздоштҳои ахир, чӣ гурӯҳе тавонистааст, иқдом ба талоши бомгузорӣ дар мошине дар назди мақомоти қудратӣ кунад. Ва ин иттифоқ дар маҷмӯъ дар кадом росто қобили арзёбӣ мебошад.

Бархе аз коршиносон чунин иқдомро қабл аз ҳама як навъ вокуниши гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба амалкардҳои ахири нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ унвон мекунад.

Чанд рӯзи қабл, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта ва таъйини барномаи ҳукумат барои соли равон ба зарурати тақвияти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид намуда буд.

Аз эҳтимоли инфиҷор дар Суғд дар ҳоле ҷилавгирӣ мешавад, ки амалиёти нерӯҳои амниятию интизомии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар шарқи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад.

Мақомот то кунун аз нобудии Аловудин Давлатов, яке аз раҳбарони ин гурӯҳ мусаллаҳ хабар доданд. Аммо чеҳраи асосии мухолифати мусаллаҳона дар шарқи Тоҷикистон Мулло Абдулло ҳамчунон боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG