Ин дар ҳолест, ки кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон аз ҳар гуна пардохти хисороти иншоотҳои обӣ ва обрасони Тоҷикистон аз замони суқути Шӯравии пешин то кунун худдорӣ мекарданд.
Вазир: "Ин иқдоми муҳим аст"
Гоҳ-гоҳе кӯмакҳои ночизе ба ин манзур Тоҷикистон аз ин кишварҳо гирифтааст. Тоҷикистон асосан ба сурати танҳо иншоотҳои обрасониеро, ки кишварҳои поёноб аз онҳо истифода мекунанд, нигаҳдорӣ ва таъмир мекунад. Раҳмат Бобокалонов, вазири мелоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, кӯмаки Қазоқистон дар мавриди пардохти хисороти иншоотҳои обрасониро иқдоми муҳим арзёбӣ кард.
Оқои Бобокалонов гуфт: "Мо масъалаҳои ҳалнашаванда надорем, кӯмакҳо ҳам ҳаст. Аз фурсат истифода бурда мехоҳам бигӯям, ки дар соли 2010 барои истифода аз захираи обе, ки мо барои истифодаи кишварҳои поёноб ҷамъ мекунем, давлати Қазоқистон ба мо ҳудуди 300 ҳазор доллар ҷудо кард. Оби зиёде дар обанборҳо ҷамъ мешавад ва ин маблағҳо барои паст кардани сатҳи об, бастани соҳилҳо ва нигаҳдории иншоотҳои обӣ истифода мешавад. Мо талош мекунем, ки ҳадди аксар то соли 2013 монеъаҳое, ки миёни мо ва кишварҳои поёноб дар ин масъала ҳаст, онро аз байн барем."
Мушкили кишварҳои поёноб ва болооб дар чист?
Бар асоси асноди замони Шӯравӣ, кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ба кишварҳои болооби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои нигоҳ доштани ҳолати рӯдхонаҳо, сохтани дарғоту обгардонҳо ва ҷуброни хисорот аз селу обхезӣ кӯмаки молӣ ва техникӣ мекарданд. Аз ҷумла, маводи сӯхт ва мошинҳои кишоварзӣ ва сохтмонӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор медоданд.
Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ то кунун, кишварҳои поёноб аз додани ин кӯмакҳои молӣ сарпечӣ мекунанд. Ё гоҳ-гоҳе кӯмакҳои ночизе кардаанд. Аммо кишварҳои поёноб, Тоҷикистон ва Қирғизистон мехоҳанд, ин муносибатҳо дар чаҳорчӯби як консепсия ё барномаи муштарак ба сурати собит мисли солиёни пешин амалӣ шаванд, на ба гунаи кӯмак.
Ба ибораи дигар, бояд кишварҳои болооб низ дар нигаҳдории иншотҳои обӣ худро масъул бидонанд. Вале кишварҳои поёноб то кунун чандин роҳи копсепсияи истфодаи мушатарк аз захираҳои обиро напазируфтаанд. Ба қавли коршиносон, ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондани ин мушкил боис ба бурузи мухолифатҳои дигаре дар миёни ин кишварҳои минтақа шудааст. Ва ба далели ҷилавгирӣ аз ихтилофи бештар бояд кишварҳои минтақа ба тавофуқи усулие дар масъалаи истифодаи об даст ёбанд.
Даъвои иқтисодӣ аст, на даъвои сиёсӣ
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва узви кумитаи энержӣ дар Маҷлиси намояндагон мегӯяд, он кӯмакҳое, ки кишварҳои поёноб барои нигаҳдории иншоотҳои обӣ карданд, аз ҷумла кӯмаки ахири Қазоқистон амалан мушкилеро ҳал намекунад, аммо амале хуб аст.
Ӯ мегӯяд: "Ин албата як маблағи ночиз аст, аммо ҳамин масъаларо ҳамаи кишварҳои дигари минтақа бояд дарк кунанд, ки онҳо ба об манфиат доранд, мо ба газу нафт мафиат дорем. Агар ҳамин масъала дуруст дарк ва ҳал шавад, мушкили дигар нест. Роҳи ҳал ҳамин аст. Ин даъвои иқтисодӣ аст, онро сатҳи даъвои сиёсӣ ва миллӣ ва байнидавлатӣ кашонидан кори нодуруст аст. Дар ҳамин сатҳ бояд ҳал шавад."
Истифода аз захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ба масъалаи дараҷаи аввал ва мушкилзо дар равобити кишварҳои минтақа, хосса миёни Тоҷикистон ва Узбакистон табдил шудааст. Узбакистон даъво дорад, ки Тоҷикистон бо сохтани нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти минтақа хисороти ҷуброннопазир хоҳад расонид ва заминҳои поёнобро биёбон хоҳад кард. Аммо Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ки 60 дарсади захираи оби минтақаро дар ихтиёр дорад, аммо танҳо 5 дарсади онро истифода мекунад.