Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибеки Мурод ба “Садои Остона” меравад


Ҷонибеки Мурод дар фестивали созу рақсии “Садои Остона” ё “Астана Дауcы” Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.

Исми ин овозхони ҷавони тоҷик дар баробари исми Квон Боа аз Куриёи Ҷанубӣ, Гек Камуи аз Ҷопон, Диана Каразон аз Урдун, Мирбек Отабеков аз Қирғизиcтон, Суғдиёна аз Узбакистон ва Воҳида аз Малайзия ба феҳристи ширкаткунандагон шомил шудааст.

Ҷонибек дар сӯҳбат ба РО гуфт, ки аз ҳоло барои сафар ба Қазоқистон омодагӣ мегирад. Шоу-барномаи “Садои Остона” аз 31-уми январ то 3-юми феврал дар толори консертии Қазоқистон ва маркази фарҳангии “Сулҳу ҳамраъйӣ” барпо мешавад ва масъулини ин ҷашнвора тамоми хароҷоти овозхонҳоро пардохт намудаанд.

Ба гуфтаи Ҷонибеки Мурод, барояш пешниҳоди ширкат дар ин фестивал ғайримунтазира буд. Номзадии вай ба ҳайси намоянда аз Тоҷикистон, пас аз омӯхтани шоу-бизнеси тоҷик ва маъруфияти ин ва ё он овозхони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар, аз сӯи масъулини ин фестивал интихоб шудааст.

Аз "Садои Осиё" то "Садои Остона"

Ин барои нахустин бор аст, ки фестивали “Садои Остона” баргузор мешавад. Зимнан, пойтахти Қазоқистон бо баргузории дигар сабқати бузурги мусиқӣ, маъруф ба “Садои Осиё”, наздики ду даҳсола дар меҳвари таваҷҷӯҳи дӯстдорони оҳанг қарор дошт.

Баргузории ин сабқат аз соли 1990 дар Алмаато ва бо ширкати овозхонон аз 15 кишвар шурӯъ шуда буд. Баъдан, ин сабқат ба Анҷумани байналмилалии ташкилкунандагони фестивалҳо дохил шудаву дар соли 1997 ҳамчун беҳтарин ҷашнвораи мусиқӣ эълон гардид.

Дар соли 1991 нахустин ва то кунун ягона шоҳҷоизаи ин озмунро шодравон Наргис Бандишоева ба Тоҷикистон овард ва ғолибияти вай дар “Садои Осиё” саҳифаи фаромӯшношудание дар таърихи санъати овзхонии тоҷик гардид.

"Фарзин": Моро "Садои Осиё" такон дода буд

Баъд аз Наргис Бандишоева овозхонҳо Далери Назар, Соҳиб Нозимов, гурӯҳи “Парвин”, Олег Фезов, Парвин Юсуфӣ, гурӯҳҳои “Фарзин”-у “Авасто” дар озмуни “Садои Осиё” иштирок кардаву бо ҷоизаҳои мухталиф ба ватан баргаштанд.

Аксари ин овозхонон мегӯянд, маҳз ҳамин сабқат, барои пешрафти касбии минбаъдаи онҳо нақши муҳим доштааст. Фирӯз Ҳакимов, cобиқ ҳунарманди гурӯҳи “Фарзин” мегӯяд, онҳо дар ин сабқати бонуфуз соли 2000-ум Тоҷикистонро муаррифӣ карда буданд.



Ба гуфтаи вай, иштирок дар «Садои Осиё» барои овозхонони тоҷик як хушбахтии бузург буд: “Маҳз пас аз ин озмун мо қарордоди муҳимро бо яке аз продюссерони шинохта ба имзо расондем ва бо кӯмаки вай таронаҳои худро сабт намудем. Дар баробари ин, имконияти зиёди барнома иҷро кардан дар чорабиниҳои бузург ва мухталифи фарҳангӣ бароямон пеш омад. Яъне “Садои Осиё” як такони ҷиддиеро дар рушди касбии мо ба вуҷуд овард.”

Ҳунар муҳимтар ё пул?

Ёдовар бояд шуд, ки соли 2004-ум «Садои Осиё» бе садои овозхонҳои тоҷик буд. Зеро ба гуфтаи саркоргардони ин озмун, ҳарчанд овозхонҳои тоҷик садои хуб ва маҳорати оҳангсозӣ доранд, вале дар маҷмӯъ мактаби мусиқии попи Тоҷикистон назар ба кишварҳои дигар пеш нарафтааст. Вале як соли баъд аз ин гуфтаҳо, Шабнами Сураё овозхони шинохтаи тоҷик дар ҳамин озмун мақоми дуввумро ба худ ихтисос дод ва ба мисли дигар ҳамтоёнаш барои фаъолияти муваффақи эҷодияш роҳ кушод.

Дар ин миён Фирӯз Ҳакимов, ақидаи онро, ки дар Тоҷикистон мактаби мусиқии муосир рушд накардааст, бепоя мехонад ва мегӯяд, иштирок накардани овозхонони тоҷик дар озмуни “Садои Осиё” ва дигар сабқатҳои байналмилалӣ дар камбуди молии онҳост, на аз беҳунариашон.

“Қабл аз иштирок дар ин сабқат бояд овозхон бо худ на камтар аз 2 ва ё 3 ҳазор доллар дошта бошад. Ин маблағ танҳо барои рафтан ба Қазоқистон ва баргаштан ба кишвар масраф мешавад. Ба ҳама маълум аст, ки на ҳар як овозхони боистеъдод метавонад ин миқдор маблағро пайдо кунад”,-афзуд Фирӯз Ҳакимов.

"Садои Осиё" нуфузи худро аз даст медиҳад?


Дар ин миён, Ҷаъфар Халилов-ҳунарманди гурӯҳи “Авасто”, ки низ яке аз иштирокдорони сабқати “Садои Осиё” дар авохири даҳаи навадум буд, мегӯяд, ки тайи чанд соли ахир, ин озмуни замоне бонуфуз, ба тадриҷ шаҳомати худро аз даст медиҳад.

“Рости гап, дар аввал ин озмуни ба истилоҳ худрӯй буд. Ҳунармадони беҳтарин аз кишварҳои Осиёву Аврупо, Покистону Ҳиндустон ҷамъ меомаданд ва воқеан як ҷашнвораи ҷолибу диданӣ буд. Дар даҳ соли аввал танҳо ба ҳунару истеъдоди ширкаткунанда мунсифона баҳо дода мешуд. Аммо бо гузашти вақт, намедонам, чаро ин озмун ҷолибияти худро аз даст дод”
,-афзуд ӯ.

Вале ба ҳар сурат бештари мусоҳибони мо ба ин назаранд, ки бояд овозхонони тоҷик ҳамеша талош кунанд, то ҳунари худро дар сабқатҳои байналмилалӣ новобаста ба он ки дар кадом кишвар доир мешавад, намоиш диҳанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, санҷидани истеъдоди худ дар баробари овозхонони дигар кишварҳо, ҳатман барои тақвияти ҳунар ва дурнамои эҷодӣ кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG