Даҳҳо нафар аз мухолифон дар Русия дар солгарди кушта шудани ҳомиёни ҳуқуқи инсон, вакил Станислав Маркелов ва журналист Анастасия Бабурова рӯзи 19-уми январ дар маркази Маскав алайҳи нажодпарастӣ ва миллатгароӣ раҳпаймоӣ карданд.
Дар ҷараёни ин раҳпаймоӣ дар маркази Маскав, пойтахти Русия, чандин нафар боздошт ва бозпурсӣ шудаанд.