Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти филиали бонкҳои хориҷӣ масдуд мешавад


Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Тоҷикистон тасмим дорад, фаъолияти филиали бонкҳои хориҷиро масдуд карда, бонкҳои мустақили хориҷиро ба ҳамкорӣ даъват намояд.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Душанбешаҳр гуфт, ки лоиҳаи ҳамчун қонун тарҳрезӣ шудааст ва дар рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ ироа мешавад.

Ҷаноби Раҳимзода зарурати ҳамчунин қонунро барои пешрафти иқтисод ба хусус бахши хусусӣ муҳим хонд ва гуфт: “Филиалҳои банкҳои хориҷӣ, дар Тоҷикистон, ки бо сармояи 1 миллион доллар кор мекунанд дар бахши хусусӣ сармоягузорӣ накарда ба шахсони ҳуқуқӣ қарз намедиҳанд. Ба ин далел мо тасмим гирифтем, филиалҳоро барҳам дода ба ҷои он барои ташкили бонкҳои мустақили хориҷӣ шароит фароҳам созем, то ин бонкҳо бо сармояи мустақили худ ва ихтисоси 10 миллион доллар вориди бозори молии мо шаванд ва бахши мухталифи иқтисоду иҷтимоъро сармоягузорӣ кунанд, ки ба пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ мунҷар хоҳад шуд.”

Дарҳоли ҳозир дар Тоҷикистон филиали бонкҳои Эрон, ду бонки ҷумҳуриҳои назди Балтик ва Русия фаъолият доранд, аз ҷумла ‘Тоҷиротбонк”-и Эрон ва “Россселхозбанк”-и Русия, ки ба эътиқоди раиси Бонки миллӣ бештар ба хариду фурӯшу арз ва қарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо машғуланд. Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, ин бонкҳо сармояи асосӣ надоранд ва барои рушди иқтисод сармоягузорӣ намекунанд.

Дар ҳамин ҳол ба назари коршиносон, вуруди бонкҳои хориҷӣ метавонад вазъи бонкҳои маҳаллиро табоҳ кунад. Соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо соҳибкорон гуфта буд, ки вуруди бонкҳои хориҷӣ ба бозори молии Тоҷикистон, бо он тарзи фаъолияте, ки бонкҳои мо амал мекунанд, ба муфлисшавӣ рӯбарӯ мешаванд.

Баҳром Шарифов, коршиноси бонкӣ мегӯяд, ки назари раиси ҷумҳур асос дорад дар сурате, ки бонкҳо дар фаъолияти худ таҷдиди назар накунанд. Вале дар шароити феълӣ, ки рушди иқтисод маблағҳои бештарро талаб мекунад, вуруди бонкҳои хориҷӣ ба бозори молии Тоҷикистон зарур аст.

Вай афзуд: “Бонкҳои хориҷӣ низ барои гирифтани фоида вориди бозори молии мо мешаванд ва бар асоси ҳамон фоизҳое қарз медиҳанд, ки дар ҷумҳурии мо муқаррар шудааст ва бо ташкили чанд бонки мустақили хориҷӣ таҷриба нишон дод, ки фаъолияти онҳо ба бонкҳои Тоҷикистон таъсире накардааст.”

Вай гуфт, имкон дорад дар ояндаи дур ва бо зиёд шудани бонкҳои хориҷӣ, фоизи қарзи бонкҳо поин биояд, ки ин ба нафъи рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хоҳад буд. Раиси Бонки миллӣ ба унвони мисол фаъолияти “Ассерсбонк”-ро зикр кард, ки ахиран аз сӯи Олмон ташкил шудааст.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон теъдоди ташкилотҳои қарздиҳӣ ба 138, аз ҷумла 14 бонк, 3 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии қарздиҳӣ, 42 ташкилоти қарзии хурд, 44 фонди қарзи хурд амал мекунад.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар соли 2010 ҳаҷми қарзҳои додашуда дар маҷмӯъ ба 5,3 миллиард сомонӣ расидааст.

Ин дар ҳолест, ки бино ба СБП, ҳудуди 90 дарсади бахши хусусӣ дар Тоҷикистон бидуни ҳамкорӣ бо бонкҳо фаъолият доранд ва СБП ҳаҷми қарзҳои додаи бонкҳои тиҷоратӣ ба бахши хусусиро ночиз медонад. Ва ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, мушкили асосӣ ва рушд накардани бахши хусусӣ ин даст наёфтани онҳо ба сармояҳои бонкӣ аст. Ва аз сӯи дигар, боло будани фоизи қарзҳои бонкӣ аст, ки дар бархе аз маворид то 60 фоизи солонаро ташкил медиҳад, ки ба муфлисшавии корхонаҳои хусусӣ мунҷар мешавад.
XS
SM
MD
LG