Амонатулло Ҳукуматулло, раиси ин корхона дар як нишасти хабарӣ дар ин бора гуфт: «Корхонаи «Роҳи Оҳан»-и Узбакистон дар ҳоли ҳозир аз мо 4,5 миллион доллар қарздор аст ва мо аз ҳеҷ корхонаи дигар қарздор нестем ҷуз Бонки Миллӣ, ки барои сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб ба мо 25,9 миллион доллар қарз додааст. Мо ин пулро барои он бар нагардонидем, ки вазорати молияи Тоҷикистон аз мо ҳудуди 472 миллион сомонӣ қарздор аст. Ва соли 2010 мо ҳудуди 74 миллион доллар даромади соф ба даст овардем.»
Раиси корхонаи давлатии "Роҳи Оҳан" гуфт, ки дар соли 2010 бо вуҷуди маҳдудиятҳое, ки Узбакистон дар транзити колоҳо эҷод кард, ин корхона ҳудуди 20 миллион доллар зиён дид. Вай афзуд, дар ин авохир дар транзити колоҳо маҳдудият вуҷуд надорад, вале ҳодисаҳои гум шудани колоҳои транзитӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон боқӣ мондааст. Ва ҳоло ҳудуди 300 арзу шикоят аз сӯи тоҷирон дар ин заминаро мо дар даст дорем. Мо ин масъалаҳоро дар ҷаласаҳои байнидавлатӣ муҳокима ва ҳал мекунем.
Вай афзуд, дар мусофирбарӣ маҳдудиятҳо аз сӯи Узбакистон вуҷуд дорад, барои мисол онҳо беасос роҳи оҳани мусофирбари Андиҷон- Бухоро ва Андиҷон-Тошкандро, ки мо аз он истифода мекардем, бастанд. Ва Тоҷикистон ба ин далел ҳудуди ним миллион доллар зарар дид.
Вобаста ба ин маҳдудиятҳо, раиси корхонаи "Роҳи Оҳан"-и Тоҷикистон сохтмони роҳи оҳани алтернативӣ аз сӯи Қазоқистон ва Туркманистонро барои Тоҷикистон муҳим хонд.
Вай афзуд: «Роҳи оҳани назди Каспийро аз Новий Узен –Мангистауи назди Каспий то Қизилтиреки Туркманистон, Қазоқистон месозад. Аз Қизилтирек то Урганҷро Туркманистон месозад, агар боқимондаашро Афғонистон созад, мо ба он мепайвандему аз бунбасти иртибототӣ раҳо мешавем, ки ин роҳ барои Тоҷикистон муҳим хоҳад буд.»
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон барномаи таҷзияи ин корхонаи давлатӣ ба чанд корхонаи хусусиро тарҳрезӣ кардааст ва ин ислоҳот то соли 2015 бояд комилан анҷом шавад. Тибқи ин барнома, хадамоти истгоҳи роҳи оҳан, хадамоти мусофирбарӣ ва хадамоти борбарӣ ба корхонаҳо ё ширкатҳои алоҳидаи хусусӣ табдил шавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, хадамоти мусофирбарии корхонаи давлатии "Роҳи Оҳан" бо вуҷуди сатҳи пасти хизматрасониаш, зиёновар аст ва дар сурати ба корхонаи хусусӣ табдил шудан, ба хотири боло бурдани сервиси хизматрасонӣ, маҷбур аст қиммати роҳкироро боло бубарад.
Ба эътиқоди коршиносон, далели дигари ҷалб нашудани теъдоди зиёди мусофирон, ин тӯлони будани замони сафар аз Душанбе то Маскав аст, ки чаҳоруним шабонаруз тӯл мекашад ва дар фасли гармо сафар дар ин хатсайр ба далели фарсудагии қаторҳои мусофирбар сангин аст, дар ҳоле ки қиммати билети хатсайри Душанбе –Маскав аз 780 то 1062 сомонӣ аст, ки аз билети ҳавопаймо фарқи зиёд надорад.
Ба ин далел, бархе аз таҳлилгарон хусусигардонӣ ва таҷзияи корхонаи роҳи оҳанро дар ташкили сервиси хизматрасонӣ ба мусофирон судманд медонанд. Ба гуфтаи ҳамин таҳлилгарон, дар ҳоле, ки ин корхона дар соли 2010 ҳудуди 75 миллион доллар даромади соф ба даст овардааст, метавонад қаторҳои мудерни мусофирбарироро бихарад ва мардумро аз рахти хоби кӯҳнаву қаторҳои фарсуда бениёз кунад.