Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши истеъмоли машрубот дар Тоҷикистон


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, сокинони Тоҷикистон дар муқоиса ба мардумони дигар кишварҳои ҳавзаи аврупоии созмон, камтар машрубот мехӯрдаанд.

Дар гузориши тозаи ин созмон омадааст, сари ҳар фарди болиғ дар Тоҷикистон солона камтар аз 3 литру 400 грам машрубот мувофиқ меояд ва истеъмоли машрубот дар кишвар солҳои ахир коҳиш ёфтааст. Раддабандӣ ҳам шудааст, ки дар Тоҷикистон мардум асосан ба кадом навъи машрубот майл доранд. Масалан 21 дарсад оби ҷав ва ё пива, 5 дарсад май ва ё вино ва 74 дарсад машруботи алкоҳолӣ менӯшидаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо нашри гузориши тамоюли истеъмоли машрубот дар ҳавзаи аврупоии созмон гуфтааст, бештар аз ҳама дар минтақа, дар Эстония ва Ҷумҳурии Чех, яъне 14 литр дар як сол машрубот истеъмол мекардаанд. Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ истеъмоли машрубот назар ба Тоҷикистон бештар будааст. Аз ҷумла Қазоқистон дар ин самт “пешсаф” буда дар инҷо сари ҳар фарди болиғ 6,1 литр машрубот мувофиқ меояд. Қирғизҳо, солона 5, 1 литр машрубот менӯшидаанд

Дар Туркманистон низ майл ба машрубот камтар будааст ва сари ҳар нафар 4,6 литр мувофиқ меояд. Дар Ӯзбакистон назар ба туркманҳо камтар, вале аз тоҷикон бештар, яъне дар як сол 3,5литр. менӯшидаанд,

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ҳадаф аз нашри ин гузориш, ҷалби таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои бадмастӣ аст, ки боиси афзоиши бемориҳо, маргҳои бармаҳал, фишори азим ба низоми беҳдоштӣ ва ҳам ҳодисаҳои дигар мешавад.
XS
SM
MD
LG