Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи ҷолибе бо имзои "Раҳгузар"


Ин шаҳр дар ҳошияи матлаби торнамои мо -- "Дар Тоҷикистон доро кист?" ба мо фиристода шудааст. Аз он ҷо ки фикрҳои ҷолиб дорад, тасмим гирифтем, онро дар "Блогистон" мунташир кунем.

Раҳгузар аз Роҳ

Чанд сол қабл, ҳукумати мо як барномаи дурнoандешонаро, ки хостори эъломи молу мулки сарватмандону шаҳрвандон буд, матраҳ карда, онро низ ба тасвиб расонида буданд.

Ғолибан, аз ин роҳ мехостанд, ки дорои чанд афроди саршиносу на чандон садоқатманд ба ҳукуматро маълум кунанд. Дар пайи он, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳиддин Кабирӣ дороӣ ва даромади худро дар васоити ахбори омма ошкор карданд.

Аммо, солҳо аз он гузашту на каси дигаре аз мансабдорони сарватманд ва на касе аз сарватмандон ҳозир ба ин иқдоми пешгирифтаи ҳукумат нашуд. Тавре ки маълум аст, сарватмандони асоси кишвари мо мансабдорон ва наздикони онҳо мебошанд,чандон майле ба ин қонун нишон надодаанд.

Ахиран, шояд андешиданд, ки ин қонун бар зидди худи онҳост, онро ба дигар роҳ тобиш доданд ва тақрибан фаромӯш карданд.

Воқеан, ҳадаф аз ифшои дороин сарватмандон аз он иборат аст, ки фаҳмида шавад, чӣ қадар молу мулк доранд ва то ин дам чӣ сармоягузорӣ кардаанд ва то чӣ андоза ба ҳукумат андоз месупоранд ва аз кадом роҳ ин молро ба даст овардаанд?

Вале, мутаассифона, қонунҳои кишвари мо танҳо болои сари касоне татбиқ мегарданд, ки аз нигоҳи болонишинон чандон ба ҳукумат садоқатманд нестанд ва ягон ``чатре`` дар ҳукумат надоранд. Ин афрод на танҳо он андози муқаррариро мепардозанд, балки,бо ҳар баҳонаю фишор дучанди он андозро мепардозанд.

Дар баъзе ҳолатҳо равaндеро роҳандозӣ мекунанд, ки шахси тоҷир ва соҳиби корхонаи хусусӣ дучори мушкилоту садама дар барномаҳои тиҷоратиаш шаваду дигар натавонад пешравӣ кунад. Ба таъбири дигар, намехоҳанд, каси дигар дар радифи онҳо сарватманд шавад. Ин раванд дар тамоми нуқоти кишвар дар бахшҳои мухталифи зиндагӣ қобили чашмрас аст ва ҳеҷ кас наметавонад, онро инкор кунад.

То ҳанӯз, на дида ва на шунида шудааст, ки яке аз мақомоти сарватманди кишвари мо ҷое сармоягузорӣ карда бошаду чанд нафар аз шаҳрвандони моро бо ҷои кор таъмин карда бошад. Ҳукумати мо даъво ҳам мекунад, ки мо пешравӣ кардаем.

Агар пешравии онҳо дар поймол кардани қонунҳои матраҳкардаи Сарқонун бошаду бо доштани қасрҳои боҳашамату мошинҳои қиматбаҳои гуногуни хориҷӣ, воқеан, онҳо пешравӣ кардаанду ҳеҷ ҷои тардид нест. Вале, дар ростои адолати иҷтимоӣ ва садоқат ба Сарқонун ва пешрафти мамлакат чизеро анҷом надодаанд. Балки чунин гомҳояшон боиси пастрави шароити иқтисодии ҷомиа ва кишвар гардидааст.

Баъзеҳо ба ин назаранд, ки шаҳри Душанбе бо чанд соли қабл тағйири ҷиддӣ дидааст. Он чанд биное, ки бо сармоягузорони хориҷӣ қомат оростаанд, наметавон онҳоро дастовард ва пешравии ҳукумат шуморид. Ҳукумати мо барои сохтани роҳҳо миллионҳо доллар аз хориҷ дарёфт кардааст, вале замоне ба роҳҳои дохили Душанбе ва кӯчаҳои он менигаред, аз замони сохта шудан то ба ҳол тармимро надидаанд.

Даҳҳо корхонаҳо фарсуда шудаанд, ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар барои дарёфти қути лоямут тарки кишвару кошонаи худ мекунанд ва даҳҳои дигар дар сари кӯчаҳо интизори корфармо мебошанд. Садҳо модар аз тангдастӣ дучори хонавайронӣ мегарданд. Солона садҳо ҷавони мо хориҷ аз кишвар аз дасти дигарон кушта мешаванду ғайр аз Худо каси дигарро надоранд, яъне боре ҳукумат дар муқобили куштори шаҳвандонаш вокуниши барҷаста нишон надодааст. Ҳукуматдорон ҳамеша саргарми нақшаи шахсие ҳастанд, ки танҳо фоидаи худи онҳоро дар назар дорад. Дар ин ҳол қонуне ба ҷуз қонуни ҷангал ҳоким нест.
XS
SM
MD
LG