Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: "Дарозтарин давраи ноозодии дунё"


Созмони Freedom House ё “Хонаи Озодӣ” мегӯяд, соли панҷум аст, ки сокинони курраи Замин, шоҳиди таназзули озодиҳои сиёсӣ мешаванд ва сокинони Тоҷикистон ҳам як соли дигари умри худро дар шароите сипарӣ карданд, ки ҳуқуқи маданӣ ва сиёсии онҳо риоят нашуд.

Чунин марҳилаи давомдори коҳиши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷаҳон дар 40 соли таърихи пажӯҳишҳои созмони Freedom House дарозтарин ба шумор меравад.

Дар як соли гузашта Украина, Гурҷистон ва Молдова аз гурӯҳи кишварҳои озод ба нимаозод афтоданд ва Қирғизистон зимни интихоботи нисбатан озоду одилонааш аз гурӯҳи кишварҳои ноозод ба нимаозод ворид гашт.

Freedom House ҳар сол вазъи 194 кишвар ва 14 қаламрав дар саросари ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, ки то куҷо аз назари мурооти ҳуқуқи мардум пешрафт ва ё ақибнишинӣ кардаанд? Соли гузашта низ аз назари “Фридом Ҳаус” барои демократия соли хубе набудааст, зеро он кишварҳое, ки соли 2009 нишонае аз ислоҳот ва пешрафт нишон додаанд, аз ин роҳашон хориҷ шуда ва ақибнишинӣ кардаанд.

Фридом Ҳаус, кишварҳои ҷаҳонро ба се гурӯҳ -- кишварҳои озод, нимаозод ва ноозод дастабандӣ кардааст, ки Тоҷикистон мисли солҳои пеш дар миёни мамолики ноозод номбар шудааст.

Кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳ:

Ноозод
  • Афғонистон
  • Озарбойҷон
  • Беларус
  • Эрон
  • Ироқ
  • Қазоқистон
  • Русия
  • Тоҷикистон
  • Туркманистон
  • Узбакистон

    Нимаозод
  • Арманистон
  • Боснӣ-Ҳерзегувин
  • Гурҷистон
  • Косово
  • Қирғизистон
  • Мақдуния
  • Молдова
  • Покистон
  • Украина

    Кристофер Волкер, яке аз муаллифони гузориш мегӯяд, демократия ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишварҳои шӯравии собиқ тайи як даҳсолаи гузашта таназзул кардаанд:

    “Кишварҳои шӯравии собиқ тайи панҷ соли гузашта, дақиқтараш дар даҳсолаи гузашта шоҳиди таназзули пайиҳам шудаанд. Русия дар ин самт пешсаф будааст, вале яке аз манотиқи истибдодӣ Осиёи Марказӣ аст, ки ду кишвари он Узбакистону Туркманистон дар шохиси мо дар мақомҳои поёнтарин қарор доранд ва Тоҷикистону Озарбойҷон ҳам дар ин шохис баҳои паст гирифтаанд. "

    Тоҷикистон дар раддабандии Freedom House дар мақоми 132 қарор гирифта, дар он ба ҳуқуқи маданӣ ва сиёсии шаҳрвандон эҳтиром гузошта намешавад. Интихобот агар баргузор шавад, шаффофу одилона нест, матбуот озод нест ва бартарии қонун ё баробарии ҳамагон дар назди қонун ба мушҳоҳида намерасад.

    Аммо Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким баҳои Фридом Ҳаусро ноодилона хонд ва гуфт худи ӯ Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои нимаозод ворид мекард.

    Агар аз Шумо дархост шавад, назар бидиҳед, оё Тоҷикистонрго ба қатори кадом кишварҳо дохил мекардед -- озод, нимаозод ё ноозод?
XS
SM
MD
LG