Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: Ҷамъбасти соли 2010-ум ва нақшаҳо


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи натиҷагирии мавсими варзишии соли 2010-ум ва нақшаҳои варзишгарони тоҷик дар соли 2011-ум иттилоъ медиҳем. Баъдан вазъи таълими тарбияи ҷисмониро дар макотиби миёнаву олии кишвар таҳлил мекунем.

Дар ин барнома, инчунин, роҷеъ ба ширкати дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар Ҷоми Иттиҳод-2011 гузориш медиҳем.



Хабарҳои тозаи варзишӣ

ФИФА (Федеросиюни байналмилалии футбол) Лионел Месси-бозигари 23-соларо аз Аргентина беҳтарини футболбози сол эълон кард. Ҳамдастаҳои Месси дар “Барселона”-и Испания, қаҳрамонҳои ҷаҳон Андрес Инйеста мақоми дуввум ва Хави мақоми саввумро ба даст оварданд. Месси бори дуввум пайдарҳам дар маросими ботантана, ки дар шаҳри Сюрихи Швейтсария сурат гирифт, бо “Тӯби тиллоӣ” мукофотонида шуд.

Жозе Моуринйои итолиёӣ беҳтарин мураббии сол дониста шуд. Бошгоҳи футболи “Интер”-и Итолиё соли гузашта таҳти раҳбарии ӯ ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо гардид. “Интер”, инчунин, порсол қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Итолиё шуд. Дар охири мавсими соли гузашта Жозе Моуринйо сармураббии тими “Реал”-и Мадрид таъин гашт.

Сабқати ниҳоии Ҷоми футболи Осиё бо ширкати 16 дастаи беҳтарини қора дар Қатар ҷараён дорад. Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Баъди натиҷагирии бозиҳои даврҳои аввал дар гурӯҳи «А» Узбакистон бо 6 имтиёз, дар гурӯҳи «В» Сурия, дар гурӯҳи «С» Австралия ва Куриёи Ҷанубӣ ва дар гурӯҳи «D» Эрон бо 3-имтиёзӣ пешқадаманд. Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Қаҳрамони нави Осиё дар бозии ниҳоӣ, ки 29-уми январ доир мешавад, муайян хоҳад шуд.

Дар Кувайт маросими оташафрӯзии машъали Бозиҳои 7-уми осиёӣ баргузор шуд. Нахуст Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё, машъалро ба даст гирифт ва онро ба Темурхон Досмуханбетов, вазири туризму варзиши Қазоқистон, дод. Баъдан Абзал Раҳимгалиев, варзишгари ҷавони қазоқ, бо машъал қад-қади соҳил ба ҷониби Манораҳои машҳури Кувайт давида, машъалро ба варзишгари Кувайт супурд. Сипас эстафетаро намояндагони Чин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ давом доданд. Машъали бозиҳо дар зарфи махсус ба шаҳри Алматии Қазоқистон оварда шуд. Дар эстафетае, ки дар шаҳрҳои Қазоқистон баргузор мешавад, 1020 машъалбардор ширкат меварзанд. Эстафета 30-юми январ дар варзишгоҳи «Остона-Арена», ки дар ин ҷо маросими кушоиши Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ барпо мегардад, ба анҷом мерасад. Маросими пӯшидашавии бозиҳо 6-уми феврал дар Қасри варзиши ба номи Балуан Шолаки Алматӣ доир хоҳад шуд.

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик
66 нишони тилло, 61 нуқра ва 92 - биринҷӣ


Варзишгарони тоҷик соли 2010-ум дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ 219 медал – 66 нишони тилло, 61 - нуқра ва 92 нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Чаҳор нишони Бозиҳои XVI осиёӣ, ки дар шаҳри Гуанҷоуи Чин баргузор шуд, беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2010-ум ба шумор меравад.

Ин нукта дар гузориши солонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъкид шуд. Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси ин кумита, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта дар ҷумҳурӣ мусобиқоти оммавии варзишӣ, монанди Дави миллӣ, Рӯзи олимпӣ, давҳои марафонӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдат ва Рӯзи Парчами миллӣ дар сатҳи баланд доир гаштанд. Инчунин порсол дар ноҳияи Дарвоз толори замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд. Ҷаноби Мирзоев афзуд, бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар варзиши тоҷик ҳанӯз мушкилоти зиёд, аз ҷумла камбуди маблағ, нарасидани иншооти замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа ҷой доранд.

Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев варзишгарони тоҷик соли 2011-ум дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон талош хоҳанд кард. Ӯ иброз дошт, варзишгарони тоҷик дар соли нави 2011-ум нахуст дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ, ки аз 30-юми январ то 6-уми феврал дар шаҳрҳои Остона ва Алматии Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо ду варзишгар – Алишер Қудратов ва Абдуғаффор Шарифов дар риштаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ хоҳанд кард.


Мулоқоти президент бо варзишгарон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии худ дар мулоқот бо варзишгарону кормандони соҳа, ки авохири соли гузашта дар шаҳри Душанбе барпо гардид, аз ҷумла дар бораи аҳамияти таълими тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ таъкид сохта, гуфт: «Мутобиқи таҳлили мутахассисон дар натиҷаи ба дараҷаи кофӣ эътибор надодан ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ саломатии кўдакон ва наврасону ҷавонон нисбатан коҳиш ёфтааст, ки ин боиси афзоиши сусти ҷисмонии онҳо мегардад. Бинобар ин, Вазорати маорифро зарур аст, ки масъалаи зиёд намудани дарсҳои тарбияи ҷисмониро омўхта, доир ба ислоҳи вазъ чораҳои дахлдор андешад. Ҳарчанд ки вобаста ба гузариш ба низоми бисёрзинагии таълим соатҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ кам шудаанд, вале муассисаҳои мазкур имкони ташкили клубҳо ва сексияҳои варзиширо доранд. Аз ин рў, Вазорати маориф ва муассисаҳои мазкур вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба имкониятҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ба хотири рушди тарзи ҳаёти солим ва таъмини саломатии ҷавонон дар назди хобгоҳхо ва биноҳои таълимӣ клубҳо ва сексияҳо ташкил намуда, барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ тадбирҳо андешанд».

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ, ки ин ҳафта дар шаҳри Душанбе доир шуд, ба хабарнигорон гуфт, пас аз мулоқоти раисиҷумҳур бо варзишгарон, вазорат барои зиёд кардани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ иқдом гирифт.

Вале коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки вазъи таълими тарбияи ҷисмонӣ дар макотиби миёнаву олии Тоҷикистон ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад. Ва бе таъсиси раёсат ва ё шӯъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сохтори Вазорати маорифи Тоҷикистон ба рушди соҳа байни хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯёни макотиби олӣ муваффақ шудан душвор аст.

Пирӯзии дастаи "Истиқлол"


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 15-ум то 23-юми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Интер»-и Озарбойҷон, «Искра-Стал»-и Молдова ва «Нефтчӣ»-и Қирғизистон рақобат мекунад. Юсуф Рабиев, капитани дастаи «Истиқлол», ки беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2010-ум эътироф шудааст, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мо барои роҳ ёфтан ба даври чаҳорякниҳоӣ аз тамоми имконияту маҳорати худ истифода хоҳем кард.

Мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2011 бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ сурат мегирад. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ барои ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, ҳуқуқ пайдо хоҳанд кард. Бозиҳои ниманиҳоӣ 21-уми январ ва бозии ниҳоӣ 23-юми январ баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG