Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости пайвандони Ғаффор Мирзоев аз СММ


Дар номае, ки гурӯҳи вакилони дифои Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Кумитаи ҳуқуқи башари СММ фиристодаанд, дурустии ҳукми Додгоҳи олӣ нисбати Ғаффор Мирзоев зери шубҳа гузошта шудааст.

Бузургмеҳр Ёров, як тан аз вакилони дифои Ғаффор Мирзоев гуфт,
барои исботи нодурустии ҳукми додгоҳ нисбати ҳимояшаванда ба ҳама зинаҳои додгоҳӣ муроҷиат карда посухи манфӣ гирифтанд. Аз ин рӯ барои расидагии мунсифона ба қазияи Ғаффор Мирзоев, ба мақомоти байналмилалӣ рӯ овардаанд:

«Сабаби муроҷиат намудан аз он иборат мебошад, ки қонунҳои Тоҷикистон ба мо имконият медиҳад, ки ҳангоме дар ҳудуди ҷумҳурӣ тамоми зинаҳои ҳуқуқӣ гузашта шавад ва афроде, ки аз қарорҳои судӣ норизо бошанд онҳо ҳуқуқ доранд, ки бевосита ба Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кунанд»

Муғойират ба қавонини кишвар

Вакили дифои Ғаффор Мирзоев мегӯяд, ҳукми ҳабси якумрӣ, ки додгоҳ барои Ғаффор Мирзоев содир кардааст бо қавонини кишвар муғойират дорад. Зеро замоне, ки Мирзоев боздошт шуд, чунин ҷазо татбиқ намешуд ва дар қонунгузории кишвар ин навъи ҷазо, ки ҷазои ҳукми қатлро иваз кард, баъдан ворид карда шуд. Ва ба ин далел, ки қонун қувваи бозгашт надорад, мебоист ҳукм низ бо назардошти замони боздошт содир мешуд.

Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯяд, қонун барои ҳолатҳое, ки кирдор ва ҷурмҳои шахсро ҷиноёти сангин эътироф мекунад, замонро ба инобат намегирад:

«Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон як нукта аст, ки қонуне, ки вазъи шахсро вазнин мекунад қувваи замони гузашта надорад. Яъне агар қонун кирдорро ҷиноят эътироф кунад, ҷазоро барои ӯ пурзӯр кунад, умуман агар ба ягон ваҷҳ ҳолати шахсро вазнин кунад қувваи замони гузашта надорад. Соли 2004-ум мо ҷазои қатлро ҳамчун ҷазои вазнин аз Кодекси ҷиноятӣ бардошта набудем. Мо фақат иҷроиши онро ба ҳоли таълиқ(моратория) даровардем»

Ин ҳам дар ҳолест, ки дархости такрории Ғаффор Мирзоев ҷиҳати азсаргирии таҳқиқи қазияи ӯро Додгоҳи олии Тоҷикистон қонеъ накардааст. Дар посухи Додгоҳи олӣ омадааст, ки далелҳои пешниҳодии Ғаффор Мирзоев барои бозбинии қазияи ӯ кофӣ нестанд.

Хоҳари Ғаффор Мирзоев: "вазъи сиҳати бародарам хуб аст"

Дар ин миён Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев тавонистааст баъди тахминан як сол бо бародари маҳбуси худ мулоқот кунад. Хонум Оиша вазъи саломати бародарашро хуб арзёбӣ кард. Вале гуфт то кунун шароит ба нафареро, ки бо ҳабси якумрӣ гирифтор шудааст, барояш муҳайё накардаанд. Аз сӯи дигар танҳо радиоеро, ки тавассути он аз ахбори олам бохабар мешудааст, аз дасташ гирифтаанд:

«Ғаффор гуфт, ки «иншоолоҳ ҳамааш нағз аст». Вале як каме ҷояш муносиб нест барои нафаре, ки ҷазои ҳабси якумриро гирифтааст. Зеро новобаста аз шакли ҷазо, ӯ одам аст. Радио ва тефал ( чойҷӯш)ашро гирифтаанд. Камтар шӯхи карду гуфт, ки бубин хоҳар, радиоямро гирифтанд, тефаламро гирифтанд. Боз гуфт, ки апа бубин бушлати навам доданд, дигар бушлатам наор. Бушлатам гарм аст.»

Зимнан номи Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар номаҳои ифшошудаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон тавассути сомонаи Викликз низ зикр шуда буд. Дар яке аз ин номаҳо гуфта мешуд, ки Мирзоев дар ҳамдастӣ бо русҳо қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ алайҳи президент Раҳмонро доштааст.

Оё тавсияҳои СММ ба эътибор гирифта мешавад?

Бо ин ҳама ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки гумон аст, ки қарор ва ё тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз сӯи давлати Тоҷикистон ба эътибор гирифта шавад.

Зулфиқор Замонов-ҳуқуқшиноси Дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфт, ки бархе аз чунин қазияҳо, ки аз сӯи ин кумита таҳқиқ ва қарор низ содир шудааст, дар Тоҷикистон иҷро нашуд. Зеро наҳваи иҷрои ин қарорҳоро қонунгузории миллӣ пешбинӣ намекунад.

Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳуриро дар соли 2006 Додгоҳи Олӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Генерал Мирзоев бо иттиҳоми қасди ташкили табаддуоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин, гунаҳкор дониста шудааст.
XS
SM
MD
LG