Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи ҳувияти ҳамдасти Алии Бедакӣ


in valley,Rasht region, 26Oct2010
in valley,Rasht region, 26Oct2010

Мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон ному насаби фарди дар амалиёти низомӣ дар деҳаи Руноби ноҳияи Рашт боздоштшударо ошкор карданд.

Ба иттилоъи хабаргузории Азия-плюс, боздоштшуда сокини шаҳри Душанбе Анвар Холов аст ва ӯ айни ҳол дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳ дошта мешавад

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 январ бар асари амалиёти вижа дар наздикиҳои шаҳраки Ғарм раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва ҳафт узви дасти ӯ кушта шудаанд. Хабар дода мешуд, ки яке аз афроди мусаллаҳ ба даст уфтодааст.

Ҳукумат: «Ҷасадҳо ба бастагонашон дода намешаванд»

Мақомоти вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷасади фармондеҳи гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат Алии Бедакӣ ва ҳафт нафар аъзои гурӯҳи ӯ ба хешу табор ва наздиконашон дода намешаванд. Қаблан расонаҳо аз нопадид шудани аҷсоди аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ аз бемористони Ғарм хабар медоданд.

Вале билохира Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ин аҷсод гум нашудаанд, балки ба далели он, ки аъзои кушташудаи гурӯҳи мусаллаҳ муртакиби ҷинояти сангин шудаанд, ҳатто ҷои дафни онҳо ошкор намешавад.

Оқои Асадуллоев гуфт: «Ин одамон бо назардошти ҷинояткори махсусан хафнок буданд, ҷасади ин хел одамон дода намешавад. Макони дафни онҳо ҳам ба пайвандонашон гуфта намешавад».

Аз ду рӯзи пеш хешовандон ва пайвандони аъзои кушташудаи гурӯҳи Алии Бедакӣ ба расонаҳо шикоят карда буданд, ки мақомот бо вуҷуди ваъдаи қаблӣ, аз додани ҷасади фарзандонашон худдорӣ кардаанд ва ҳатто аз нопадид шудани ҷасади онҳо хабар дода мешуд.

Олим Одилов, аз фармондеҳони собиқи мухолифин, ки акнун дар таъқиби гурӯҳҳои мусаллаҳ бо нерӯҳои давлатӣ ҳамкорӣ дорад, гуфт, ҳашт ҷасади аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ шаби 5 -ум ба 6-уми январ аз сардхонаи бемористони Ғарм нопадид шудаанд.

Наздикони чашм интизор

Аммо дар ҳамин ҳол, Маҳаммадалӣ Маҳмадуллоев, хешованди яке аз афроди кушташудаи аъзои гурӯҳи Бедакӣ ба Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ баъди шиносоии бархе аз ин аҷсод аз тарафи параду модаронашон, онҳо ду рӯз интизор шудаанд, ки ҷасадҳоро бигиранд. Вале мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки баъди таҳқиқи комиссияе, ки аз Душанбе меояд аҷсод, таҳвил дода мешаванд. Ва биохира ҷасадҳо то кунун ба ихтиёри соҳибонашон дода нашудаанд.

Оқои Маҳмадуллоев мегӯяд, ки тибқи бархе овозаҳо, эҳтимолан аҷсоди ин афрод шабона ба сурати пинҳонӣ ба хок супурда шудаанд. Ӯ мегӯяд: «раиси ҷамоъат гуфт, ки раиси ҳукумат мегӯяд, ки биоянд ҷасадҳояшонро баранд. Рафтанд падаронашон бе проблема шинохтанд ҷасадҳора. Гуфтанд, ки экспертиза мешавад, баъд медан ҷасадҳоро. Аммо баъд отменит шуд».

Алии Бедакӣ мулаққаб ба Аловиддин Далатов ва ҳафт тан аз аъзои гурӯҳи ӯ зимни як амалиёти нерӯҳои давлатӣ рӯзи 4-уми январ дар ноҳияи ғарм кушта шуданд.

Сурати қонунии масъала чигуна аст?

Аммо акнун суоле, ки халқ мешавад мутобиқати ин амали мақомоти интизомӣ ба муқаррароти қонунгузории нофиза дар Тоҷикистон аст. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати қатл шудан ва ё бар асари ҳар иттифоқи дигаре ҷон бохтани шахсе, ки ҳанӯз зери таъқиб аст, баъди анҷоми амали коршиносӣ ва судӣ-тиббӣ бояд ҷасади онҳо дар ихтиёри наздиконашон қарор дода шавад.

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдон ва вакили дифоъи шинохтаи тоҷик дар мавриди муқаррароти қонунгузорӣ дар ин бора мегӯяд:

«Инҳо ҷасад ҳастанд. Аз онҳо ягон саволу ҷавоб гирифта намешавад, агар одами зинда мебуданд нисбати онҳо ягон чора андешида мешуд, ё боздошт мешуданд ва ё аз онҳо забонхат ё кафолат гирифта мешуд. Аммо ин афроде, ки дар бораи онҳо гап меравад, мақтул ҳастанд, аз онҳо чизе гирифта намешавад. Баъди анҷоми ташхиси коршиносии судӣ — тиббӣ, ки сабабҳои марг муайян мешавад, бояд ҷасадҳо ба соҳибонашон дода шаванд».

Баъди эълони кушта шудани Алии Бедакӣ, мақомоти интизомии Тоҷикистон аз шиносоии маҳалли буду боши Мулло Абдулло, фармондеҳи пешини мухолифон, ки ӯро мақомоти расмӣ раҳбари ҳаракатҳои мусаллаҳонаи ду соли охир дар шарқи Тоҷикистон унвон мекунанд, низ хабар доданд.

Дар ҷустуҷӯи Мулло Абдулло

Бино ба ахбори расмӣ, амалиёти алайҳи Мулло Абдулло идома дорад. Аммо Одил Олимов, аз фармондеҳони дигари пешини давлат мегӯяд, ки баъид аст, ки ахбори дарёфткардаи мақомот дар мавриди маҳалли буду боши Мулло Абдулло воқеъият дошта бошад.

Оқои Олимов мегӯяд. «Гӯё дар ҳудуди ҷамоъаи Тагоба ва Оби Меҳнат, дар марз бо ноҳияи Нуробод гуё ҷоеро пайдо кардаанд, ки нишонаҳое аз буду бош будааст. Аммо ба фаҳми мо, ин он ҷо айлоқо ҳастанд. Мумкин ягон капаи подабона пайдо карда бошанд, ду се се рӯз шид, ки идома дорад кофтуков. Ба фаҳмидагии мо ӯ инҷо нест».

Амалиёт алайҳи Алии Бедакӣ ва гурӯҳи ӯ баъд аз ҳамлаи рӯзи 19 -уми сентябр ба корвони вазорати дифоъ дар дараи Камароб оғоз шуда ва то кунун ҳамчунон идома дошт. Бар асари ин ҳамла ба корвони вазорати дифоъ, 25 нафар сарбоз ва афсари нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомот гурӯҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоро масъули ин ҳамла унвон карда буд.

Баъди ин ҳодиса, ба манзили маскунии Мизохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони аршади мухолифини собиқ низ ҳамла шуда ва ӯ низ дар паноҳ додан ба аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло ва ҳамдастӣ ба ҳамла болои нерӯҳои вазорати дифоъ муттаҳам шуд.

Аммо баъдтар зимни музокира бо нерӯҳои давлатӣ, Аҳмадов ба нерӯҳои ҳукумат пайваст ва таъқиби ӯ феълан қатъ шудааст. Аҳмадов ва ҷонибдоронаш феълан дар таъқиби аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ бо мақомот ҳамкорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG