Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли баргузории гуфтушуниди Эрон ва гурӯҳи "5+1"


Сухангӯи Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълон кард, гуфтугӯҳои гурӯҳи "5+1" бо Эрон эҳтимолан дар 20-уми январ баргузор хоҳанд шуд. Ба гузориши хабаргузориҳо, сухангӯи Эштон ҳамчунин афзуд: «Ин як таърихи эҳтимолист, ки дар назар дорем.»

Сухангӯи Кэтрин Эштон афзуд : «Мо вокуниши мусбате аз тарафи Эрон доштаем.»

Даври пешии музокироти гурӯҳи 5+1 бо Эрон пас аз 14 моҳи таваққуф дар рӯзҳои 6-7-уми декабри соли гузашта дар Женева баргузор шуд. Дар ин силсилаи гуфтугӯҳо, ки панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ -- Русия Чин, Фаронса, Британия, ИМА ба иловаи Олмон ширкат мекунанд, барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон мавриди баррасист.

Ин барнома сабаи тасвиби шаш қатъномаи Шӯрои Амният ва чаҳор бастаи таҳримҳои зидди Эрон шудааст.

Эрон дар ҳафтае, ки гузашт аз Иттиҳодияи Аврупо ва чанд кишвари дигар даъват кард, ки аз таъсистоти ҳастаияш дидор кунанд, ки аз сӯи Кэтрин Аштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рад шуд. Кэтрин Эштон рӯзи ҷумъа гуфт, ки ин кори бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст, ки чунин дидорҳоеро анҷом диҳанд.

Вазорати умури хориҷии Эрон пештар эълом карда буд, ки даъватномаи Эрон барои боздид аз таъсисоти Натанз ва Арок ба сафирони чанд кишвар, ки узви Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳастанд, фиристода шудааст.

Рӯзи ҷумъа Али Акбар Солеҳӣ, сарпарасти Взорати умури хориҷии Эрон дар бораи ин даъват гуфт :«Пеш аз ин низ иқдомоти монанде дар ин замина доштаем ва ин бор, ки дар остонаи музокирот бо гурӯҳи 5+1 ҳастем, барои нишон додани ҳусни ният, аз муассисаҳои байналмилалӣ ва намояндагони онҳо ва ҳамчунин теъдоде аз кишварҳо даъват кардем, ки намояндагоне ба Эрон бифиристанд ва аз таъсисоти ҳастаии кишварамон боздид кунанд.»

Аз сӯи дигар хабаргузории Фаронса ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ гузориш додааст, ки ин даъватномаҳо ба намояндагони Русия, Чин, Миср, Куба ва низ Маҷористон, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро дар ӯҳда дорад, расонда шудааст.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин ба нақл аз манобеъи худ дар Ожонс гузориш додааст, ки Эрон аз Британия, Фаронса, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаро ба боздид аз таъсисоти ҳастаии худ даъват накардааст.
XS
SM
MD
LG