Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Узбакистон барои Тоҷикистон арзон шуд


Тоҷикистон имсол мехоҳад аз Узбакистон 180 миллион метри мукааб газ ворид кунад. Ба гуфтаи Саидмаҳмад Шарофиддинов, раиси «Тоҷиктрансгаз», нархи гази Узбакистон акнун 227 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба гузашта 26 доллар арзонтар аст.

Ҷаноби Шарофиддинов дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз имтиёзҳои ба даст оварда аз сӯи Узбакистон истиқбол кард. Ӯ гуфт: «Дар ҷараёни гуфтугӯҳое, ки мо бо мақомоти ширкати «Узтрансгаз» доштем, онҳо бо ризоияти давлати Узбакистон нархро 7 дарсад кам карданд. Баъд ман аз муовини аввали сарвазири Узбакистон хоҳиш кардам ва ӯ боз 3 фоизи дигар нархро поин овард. Дар маҷмӯъ аз рӯи коэффитсиентҳои нарх 33 фоиз имтиёз ба даст овардем ва қимати ҳар ҳазор метри мукааб газ то 26 доллар арзон шуд».

Дар гузашта Тоҷикистон солона аз Узбакистон аз 400 то 500 миллион метри мукааб газ харидорӣ мекард. Раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар посух ба ин суол, ки ба чӣ далел имсол ба маротиб гази кам ворид мешавад, гуфт, дар ҳоли ҳозир талабот ба газ ҳамин миқдор аст.

Ин дар ҳолест, ки бахши аъзами сокинони Душанбешаҳр, ба истиснои ҳазор хонавода, боқӣ ҳама газ надоранд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи бисёри сокинони маҳаллаҳои Зарафшон ва Испечак, онҳр пули газро пешпардохт кардаанд.

Саидмаҳмад Шарофиддинов. раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", мегӯяд, бисёре аз сокинони пойтахт аз гирифтани газ сарпечӣ кардаанд
Сокинон аз гирифтани газ сарпечӣ карданд?


Раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар ин робита гуфт: «Сокинони шаҳри Душанбе дар баъзе маҳаллаҳо ба газ таъминанд, вале на ҳама. Бисёриҳо аз гирифтани газ сарпечӣ карданд. Ба гуфтаи мардум, дар ҳоли ҳозир дар Душанбе барқ ҳаст ва мардум ба газ эҳтиёҷ надоранд, зеро нархи ҳозираи газ аз барқ дида гаронтар аст».

Аммо Амрӣ Амиров, раиси маҳаллаи "Испечак-2"-и Душанбешаҳр ин иддаои раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз»-ро рад кард. Ӯ гуфт: «Ин ҳарфҳо дуруғ аст. Омадани кормандони идораи газ ба маҳаллаи мо ба ин маъно набуд. Онҳо омаданд ва эълон карданд, ки омода бошед, газро сар медиҳем. Ин маҳалла ҳама пули газро бо карточка пешпардохт кардаанд. Аммо то ҳануз мунтазири газ ҳастем. Мардум аз набуди газ гази моеъро харида истифода мекунанд, ки аз нархи барқ дида гаронтар аст».

"Тоҷиктрангаз" тавони таъмини мардум бо газро надорад

Раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар нишасти матбуотӣ то ҷое иқрор шуд, ки имрӯз тавони ба мардум газ доданро надорад, зеро дар хариди он дасткутоҳ аст. Ҷаноби Шарофиддинов афзуд: «Мо қарордодро саривақт иҷро карда наметавонем. Дар рӯзи гузашта дар шабонарӯз ба маблағи 86 ҳазор доллар газ харидем. Дар даҳ рӯз ин 860 ҳазор доллар мешавад. Агар ҳамин тавр давом кунад, мо пули пешпардохт надорем, зеро корхонаҳо ва мардум дар саривақт ба мо пул намедиҳанд».

Ба гуфтаи раиси «Тоҷиктрансгаз», ин ширкат дар тӯли ду соли ахир талафоти газро дар ҷумҳурӣ аз 91 миллион метри мукааб ба 19 миллион метри мукааб расондааст. Ва соли гузашта аз захираи гази дохилӣ аз манбаи «Қизилтумшуқ»-и вилояти Хатлон то 30 ҳазор метри мукааб газро ба сокинони Душанбешаҳр додааст.

Раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» бо вуҷуди имзои қарордод дар бораи воридоти 180 миллион метри мукааб газ аз Узбакистон тазмини таъмини сокинони пойтахт ба газро надод. Дар ҳоле, ки танҳо мардум пули газро пардохт мекунанд, на балки корхонаҳо.
XS
SM
MD
LG