Лейтенант Заррагул Боякова яке аз даҳҳо духтари тоҷик аст, ки дар дил орзуи расидан ба рутбаи генералиро дорад. Заррагул ҳоло 22 сол дорад ва донишҷӯи Академияи милисаи назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Вай мегӯяд, ки аз хурди орзу дошт, милиса шавад:
“Падарам, ки ҳамин касбро дошт, ман ҳам пайравӣ кардам. Ду сол мешавад, ки кор мекунам, хешу таборам ҳам дар ҳамин соҳа кор мекунанд”.
Заррагул дар баробари таҳсил, ба ҳайси мураббӣ дар таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирии чинояткорӣ дар миёни ноболиғон кор мекунад ва умедвор аст, ки метавонад дар зиндагӣ ба як карйераи хуби низомӣ даст ёбад.
Афзоиши занҳо дар сохторҳои низомӣ
Вале дар Точикистон ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам баъди касби истиқлол ҳузури занҳо дар сохторҳои низомиву милисаи вазорати дифоъ, вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонӣ ангуштшумор будааст.
Аммо солҳои охир, шояд бо нисбатан мусоид шудани вазъи амниятӣ ва худогоҳии ин қишр, шумори занҳои коргар дар ин сохторҳо афзоиш меёбад. Дар вазорати корҳои дохилии кишвар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло ҳар корманди чаҳоруми онҳо зан мебошад. Дар вазорати дифоъ бонувон то рутбаи подполковникӣ расидаанд.
Санавбар Додоева, як бонуи пулис аст. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ихтисосаш муҳосиб буд, аммо соли 1994 баьди дарёфти эълоне дар бораи истихдоми котиба ё муншӣ ба яке аз шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ ба кор даромадааст. Ӯ баъдан таҳсилро дар Академияи пулис идома додааст.
“Ман корро аз навбатдорӣ, сержантӣ ва баъдан афсарӣ шурӯъ кардам. Ифтихор мекунам, ки ҳарчанд касби душвор аст, дӯст медорам ва шабурӯз кор мекунам. Ҳомиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилӣ, гуфта буд, ки рутбаи генералиро дар ин соҳа худаш ба занҳо медиҳад», -афзуд ӯ.
Дар Тоҷикистон чун дигар ҷомеаҳои суннатӣ, касби низомӣ ва ё корманди мақомоти пулису дифоъ ва амниятиро барои бонувон кори сангин медонанд. Дар Тоҷикистон ҳам назарҳо дар мавриди ҳузури занон дар чунин сохторҳо мухталифанд.
Вале, Заррагул мегӯяд, ки ба назари мардум кор надорад, чунки фикр мекунад, ки дар кори полис ҳам занҳои ҳунарманду тавоно зарур ҳастанд.
Модар, вакил ва генерал
Баландтарин рутбаи низомии занҳои низомӣ дар Тоҷикистон, рутбаи генерал-лейтенанти хонум Саодат Амиршоева будааст. Генерал Амиршоева 57сола буда аз синни 16 солагӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Вай дар вазифаҳои сарнотариуси собиқ вилояти Кулоб, судяи халқии шаҳри Кӯлоб ва сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон кор кардааст. Умуман таҷрибаи кориаш дар соҳаи адлия 39 сол аст буда соли 1999 ба гирифтани рутбаи генералӣ мушарраф шудааст. Ҳоло ӯ вакили Маҷлиси Намояндагон аст. Саодат Амиршоева мегӯяд, ки дар пайрави ба касби падар, ҳуқуқшиносиро интихоб кард ва ин пайроҳа ҳам барояш душвориҳо доштааст.
Падари Амиршоева худ рутбаи подполковникӣ доштааст, аммо орзу доштааст, ки духтараш ба рутбаи генералӣ расад. Вай ин орзуи падарро ҷомаи амал пӯшонид, вале афсӯс мехӯрад, ки падар либоси генералии ӯро надид, зеро умр вафо накард.
Ӯ мегӯяд: «Одатан дар хонаводаҳои мо маълум аст, ки мардон намехоҳанд, ки ҳамсарон аз онҳо дида мансаб ва ё вазифаи баланд дошта бошанд ва ё ҳамсарон дар иҷрои касб имконият дошта бошанд. Аммо ҳамсари ман, ки худаш ҳамкасби ман буд, нозукӣ ва талаботи кори маро дарк мекард. Ба он, ки ман машғули корҳои ҷамъиятӣ будам, ихтилоф намекард. Сафарҳои хидматӣ буданд, рашк надошт. Ман аз рисолати модарӣ маҳдуд намешудам, нонпазӣ дар дегдон, дуғкашӣ, заминкорӣ, ин ҳамаро мекардам ва ҳоло ҳам агар ба ҳавлӣ равам, мекунам».
Саодат Амиршоева мегӯяд, дар баробари иҷрои рисолатҳои низомиаш, вазифаи инсонии худро, яъне иҷрои нақши ҳамсари хуб ва модари меҳрубонро фаромӯш намекунад. Ӯ модари 6 фарзанд аст. Духтари калониаш Таҳмина ҳам бо номаи камоли ҳуқуқшиносӣ ва таҷрибаи кории 3-сола дар Вазорати дифоъ, рутбаи лейтенантӣ дорад.
Бонувони ходими сохторхои низомӣ мегӯянд, ки аз назари молӣ низ мақоми онҳо дилгармкунанда аст.
Санавбар Дадабоева, ки ҳоло рутбаи подполковникӣ дорад, мегӯяд, ки ҳудуди 1000 сомонӣ маош мегирад. Ӯ ба ҳангоми кор дар амалиёти мухталифи низомӣ иштирок ва дар навбати шабона ҳам кор мекунад.
Заррагул бошад, бо назардошти таҷрибаи кории кам ва рутбаи пасттараш ҳоло ҳудуди 300 сомонӣ маош мегирад. Аммо ӯ мегӯяд, ки бо вуҷуди муҳим будани ҳавасмандиҳои молии кор, аммо бештар ба оянда дида духта орзу мекунад, ки саҳми худро дар амну ором ва собиту устувор нигоҳ доштани вазъи ҷомеа хоҳад гузошт ва ҳатман генерал хоҳад шуд.