Муҳаммадалӣ, сокини деҳаи Шулмак, аз наздикони Муртазобек Лоиқов ва ҳамдеҳаи Шараф Нозимов, размандагони кушташудаи гурӯҳи Алии Бедакӣ гуфт, барои гирифтани ҷасадҳо мардуме аз Рашт, аз Ҳисору Турсунзода низ омада буданд, аммо мақомот ба далели идомаи таҳқиқи ҷасадҳо ваъда ба фардо доданд.
«Мардум акнун дами хуш мезананд»
Муҳаммадалӣ гуфт, ӯро нангу номуси хешутаборӣ ба гирифтани ҷасади табораш водор кардааст, вагарна коре, ки онҳо кардаанд, барояшон қобили қабул нест:
«Саҳар оилаам даромада, хабар дод, ки бародарашро куштаанд. Акнун шумо халос шудед. Ман ба ӯ гуфтам, ки на фақат мо, балки халқ аз онҳо халос шуд. Мардум акнун дами хуш мезананд».
Дар пайи амалиёти вижаи мақомоти интизомии Тоҷикистон дирӯз дар деҳаи Руноби ноҳияи Рашт се сокини ин ноҳия, ба шумули раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ Аловуддин Давлатов, ду нафар аз навоҳии Ҳисору Турсунзода ва низ ду тани дигар аз Исфара кушта шуданд. Ин гурӯҳ дар куштори 25 сарбоз дар дараи Камароби Рашт, ки рӯзи 19 сентябр иттифоқ афтод, муттаҳам шудааст.
Ҳамдастони машкуки Алии Бедакӣ
Билолиддин Маҳкамов, раиси шаҳраки Мӯлдони шаҳри Исфара, мегӯяд, ки онҳо ба думболи шунидани хабари маҳви ҷангиён дар амалиёти Руноб, дар ҷустӯҷӯи волидайни кушташудаҳо афтодаанд. Ба гуфтаи Билолиддин Маҳкамов, ду сокини Исфара аз муҳоҷироне ҳастанд, ки миёнаҳои солҳои 90 ба Русия рафта, дигар барнагаштаанд.
Ӯ афзуд: «Солҳои 90-ум буд, солҳое, ки барои Тоҷикистон хеле вазнин буд. Бо ду автобуси «Икарус» ду—се нафар аз Ӯзбакистон омада, махсус бачаҳои ҷавонро ҷамъ карда гирифта бурданд. Агар ягон калонсол мерафт, мегуфтанд, ки ҷой нест. Онҳое, ки мегуфтанд, пул надорем, мегуфтанд, ки ҳеҷ гап не, баъд ки кор кардӣ, медиҳӣ. Мо шуморо ба Русия мебарем, кори нағзу пули нағз ёфта медиҳем, гуфта ваъда ҳам додаанд. Он замон тариқи Бишкек автобусҳо мерафтанд, аммо ин ду автобус ба Русия расидагӣ не».
Ба қавли оқои Маҳкамов, аз ҳудудан 100 нафаре, ки дар ин ду «Икарус» сафар карданд, 30 тани онҳо дар Бишкек худро аз мусофирбар берун кашиданд. Ӯ афзуд, бо гузашти 4-5 сол, баъде, ки ҳамсафарони дигар ломакон шуданд, ин 30 ҷавони фироркарда ба мардуми минтақа гуфтанд, ки бинобар машкук будани роҳбаладҳо аз «Икарус» фирор карданд.
Оқои Маҳкамов афзуд, се сокини Исфара, ки баъдан дар маҳбаси байналмилалии Гунатанамо пайдо шуданд, мусофирони ҳамон ду «Икарус» ва роҳбаладҳо аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон буданд.
ВКД: Амалиёт зидди Мулло Абдулло идома хоҳад ёфт
Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бо нобуд шудани гурӯҳи Алии Бедакӣ амалиёт қатъ нахоҳад шуд. Ӯ мегӯяд: «Ҳанӯз дар водии Рашт гурӯҳи Абдулло Раҳимов фаъолият дорад ва амалиёти зидди ин гурӯҳи муташаккил идома хоҳад ёфт».
Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз чеҳраҳои намоёни ҳаводиси Рашт ва собиқ фармондеҳони мухолифин мегӯяд, саркӯб шудани гурӯҳҳои мусаллаҳи шарик бо созмонҳои террористӣ на фақат ба Рашт, балки ба тамоми Тоҷикистон оромӣ меорад.
Ӯ гуфт: «Ҳар кас, ки дар минтақа аст, давлат бояд ӯро пайдо ва нобуд кунад. Аз ин хотир, то он дам амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ бояд идома пайдо кунад, то на фақат ба Рашт, балки ба тамоми Тоҷикистон оромӣ ояд».
Амалиёти муваффақона
Аз байн бурдани гурӯҳи Алии Бедакӣ, аз пешрафтҳои муассири нируҳои амниятӣ дар чанд моҳи ахир унвон шудааст. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бо саркӯб шудани гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт, эътимоди шаҳрвандон ба тавони мақомоти амниятӣ бештар шуд. Аммо мегӯянд онҳо замонате вуҷуд надорад, ки ин гуна амалҳо дар гушаҳои дигар кишвар такрор нашаванд.
Амруллоҳи Собир, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, гурӯҳи Алии Бедакӣ, як омили хурди дохилӣ буд, ки бо сармояи беруна барои иҷрои ҳадафҳои байналмилаии терролристӣ хизмат мекард. Ӯ мегӯяд, созмонҳои террористӣ ҳам, ки барои иҷрои аҳдофи хоҷагони бузургтари худ аз гурӯҳҳои хурд дар Тоҷикистону минтақа истифода мекарданд, то ниҳоӣ шудани мақсади худ даст аз сари минтақа нахоҳанд бардошт:
«Инҳо нақшаҳое доранд, ки боз дар оянда фаъолияташонро идома диҳанд. Зеро онҳо аз марказҳои бузурги террористӣ дар хориҷи кишвар сармоягузорӣ мешаванд. Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон кӣ бисёр? Одамони бекор. Онҳое, ки ақидаи тундрави исломӣ доранд, онҳое, ки аз низомҳо норозианд. Аз оилаҳои онҳо истифода мекунанд. Фарзандони онҳоро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Инҳоро созмонҳо метавонанд, ки ҳар лаҳза ба ҷониби худ кашанд. Ин муборизаҳо давом мекунанд. Хотима намеёбанд».
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар водии Рашт танҳо як гурӯҳи Мулло Абдулло, иборат аз 15 ҷангӣ боқӣ мондааст ва таъқиби онҳо дар ин минтақа идома хоҳад ёфт. Дар ҷараёни амалиёти Рашт, ки аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ идома дорад, беш аз 100 нафар кушта шудааст.