Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои Тоҷикистон то куҷо бехатаранд?


Баъд аз суқут ва садамаи панҷ ҳавопаймои ТУ-154 дар Русия ва ҳушдори мақомоти он аз истифодаи бархе аз анвои чунин ҳавопаймоҳо, мусофирони тоҷик низ нигарон шудаанд, ки оё ҳавопаймоҳои Тоҷикистон то куҷо амн бошанд.

Ширкати “Тоҷик эйр” мегӯяд, ба тавсияи Русия дар мавриди худдории муваққатӣ аз истифодаи ҳавопаймои Ту 154Б мутаваҷҷеҳ шудааст. Хадамоти назорати техники ҳавопаймоҳои Русия баъд аз садамаҳо дар муҳаррики ин навъ ҳавопаймоҳо пешниҳод кардааст, як муддат аз истифодаи ин навъ ҳавопаймо худдорӣ гшавад. Рӯйдоди охирин ин буд, ки муҳаррики ҳавопаймои Ту 154 дар Сургут рӯзи якуми январ лаҳзаҳое баъд аз парвоз мунфаҷир шуд. Дар ин воқеа 3 нафар кушта ва 48 тан захмӣ шуданд.

Аз Назира Давлатова, сухангӯи ширкати "Тоҷикэйр" нахуст пурсидем, оё ширкати онҳо чунин ҳавопаймоҳо дорад?

Давлатова: “Тоҷик эйр” дар ҳоли кунунӣ аз ҳавопаймои ТУ 154 Б истифода намекунад. Мӯҳлати истифодаи онҳо гузаштааст. Мо умдатан аз Боинг ва ТУ 154М истифода мекунем. Ширкати мо 4 адад навъи ТУ 154 М дорад. Ин навъ шакли навтару такмилшуда аз ТУ 154 Б аст, ки дар шаҳри Сургути Русия ба садама дучор шуд. Аммо мо навъи ТУ 154М – ро ҳам бинобар зиёд сӯзишворӣ ҳарҷ карданаш кам истифода мебарем, танҳо дар ҳолатҳои хеле зарурӣ. Бо ин вуҷуд пешниҳоду тавсияҳои Русия аз худдорӣ дар истифодаи Ту 154Б аз ҷониби мутахассисони ширкати “Тоҷикэйр” дар мадди назар гирифта шудааст. Ҳарчанд ки таъкид мекунам, мо Ту 154 Б надорем."

Озодӣ: Ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик эйр” дар кадом ҳолати техникӣ қарор доранд?

Давлатова: "Ҳолати фаннии ҳавопаймоҳои мо хуб аст. Чунки коршоямии онҳо саривақт озмоиш мешавад. Мӯҳлати истифодаи онҳо низ ҳанӯз ба андозаи кофӣ тӯлонист. Корхонае, ки онҳоро сохтааст мӯҳлати истифодаи онро тазмин медиҳад."

Озодӣ: Аммо ба ҳар ҳол, оё “Тоҷикэйр”фикри нав кардани ҳавопаймоҳои ширкатро ҳам дорад? Манзурам, аз истифода гирифтани ҳамон “Як” ва “Ан” – ҳои кӯҳна ва бозмонда аз давраи шӯравӣ.

Давлатова: "Бале. Тахминан моҳи март 2 навъи ҳавопаймои чиноии МА 60 ва ду Боинг 757- 200 хариданӣ ҳастем. Дар ҳоли ҳозир мо як ин навъ Боинг дорем, ҳамин тавр, шумораи ин Боингҳо 3 адад хоҳад шуд. Ин ҳавопаймоҳои хориҷӣ ҳавопаймоҳои русии Ан ва Як ро иваз хоҳанд кард. Ҳамин тавр, ҳавопаймоҳои мо барои парвозҳо, дар як ҳафта ба ҳудуди 84 хатсайр, кофӣ хоҳад буд."

XS
SM
MD
LG