Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргарони Сангтӯда-1: Як сол боз моҳона нагирифтаем


Коргарони ширкати нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мегӯянд, ин ширкат аз авохири соли 2009 ба ин сӯ ҳуқуқи моҳонаи онҳоро пардохт накардааст. 80 дарсади коргарони ширкати «Сангтӯда-1» шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Элчибек Маҳмадбеков, прораби ширкати «Гидрострой», ки ба корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» машғул аст, мегӯяд, ин корхона аз ӯ беш аз 19 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Ӯ афзуд: «Мо дар ин робита ба раиси ширкати «Сангтӯда-1» Владимир Белов муроҷиат кардем. Вай ваъдаи ҳалли мушкилро дод, вале ба қавлаш вафо накард. Сипас ба додситонии ноҳияи Данғара ва вилояти Хатлон арз кардем, натиҷа надод. Ба додситони кулли ҷумҳурӣ шикоят бурдем. Ваъда доданд, ки ин масъаларо ҳал хоҳанд кард. Вале чор моҳ сипарӣ шуду ҳоло ҳам ҷавобе нест».

Масъулини нерӯгоҳ: "Барқи тоҷик" қарзро пардохт кунад

Бароталӣ Одинаев, прораби дигари ҳамин ширкат, дар ноҳияи Данғара ба сар мебарад. Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи сентябри соли 2009, вақте ки аз ҳисоби сохтмончиёни нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкати осиёимиёнагии «Гидрострой» ташкил шуд ва раёсати онро ҷаноби Ким бар уҳда гирифт, ду моҳи аввал ба коргарон моҳона додаанд, вале баъд аз он мушкил пеш омадааст.

Вале масъулони ширкати «Сангтӯда-1» далели пеш омадани мушкил дар пардохти моҳонаи коргаронро ба қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ рабт медиҳанд.

Илҳом Ҳакимов, намояндаи ширкати «Сангтӯда-1», бо таъйиди пардохт нашудани моҳонаи коргарон гуфт: «Қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то якуми декабр 130 миллион сомониро ташкил медод. Нерӯи барқ истеҳсол мешавад, вале ширкати «Барқи тоҷик» пулро пардохт намекунад».

Баҳси Белов бо Ким... ва коргарони бемузд

Ҷаноби Ҳакимов далели дигарро ба ҳам наомадани Владимир Белов, раиси нави ширкати «Сангтӯда-1» ва ҷаноби Ким, раиси ширкати осиёимиёнагии «Гидрострой», меномад. Ба эътиқоди Илҳом Ҳакимов, баъд рӯи кор омадани раиси нави «Сангтӯда-1» Владимир Белов бархе аз коргарони ширкати «Гидрострой», ки соли 2009 аз ҳисоби коргарони нерӯгоҳ ташкил шуда буд, ихтисор шуданд ва ҳамин тавр мушкили пардохти моҳона пеш омад.

Ба нақли ҷаноби Илҳом Ҳакимов, соли 2010 ширкати осиёимиёнагии «Гидрострой» лағв карда шуд ва 28 нафар мутахассисони ин ширкат дар ширкати «Сангтӯда-1» ба кор шурӯъ карданд.

Ин масъули ширкати «Сангтӯда-1» дар мавриди ҳаққи моҳонаи пардохтнашудаи беш аз 100 нафар коргарони «Гидрострой» мегӯяд: «Мо ҳисоб кардем. Моҳонаи пардохтнашудаи коргарони ширкати «Гидрострой» ҳудуди як миллион сомониро ташкил медиҳад. Мо инро ба ҷаноби Белов расондем. Вай ваъда дод ва санади пардохти моҳонаи ин коргаронро имзо кард. Агар то 15-уми январ ба пардохт шурӯъ накунад, мо ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат хоҳем кард. Ғайр аз додгоҳи иқтисодӣ ба тамоми ниҳодҳо, аз ҷумла ба вазорати меҳнат ва додситонӣ бо имзои 52 нафар коргар шикоят кардаем».

Ба гуфтаи коргарони ширкати «Гидрострой» мусаллам аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» пули барқи «Сангтӯда-1»-ро пардохт намекунад ва масъалаи моҳонаи онҳо норушан боқӣ мемонад. Ва суол мекунанд, ки чаро додситонӣ тафтиш намекунад, ки чаро ширкати «Гидрострой»-ро ташкил карданд ва баъди як соли кор ва қарздор шудани он ин ширкатро бастанд.
XS
SM
MD
LG