Лоиҳаи ин қонуни навро, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ, ҳар ду палатаи порлумони Тоҷикистон тасвиб кардаанд, тавассути вакилон Исмоил Талбаков, Шодӣ Шабдолов ва Сафаралӣ Раҷабов, пешниҳод шудааст.
Амнияти иншоотҳо таъмин мешавад
Исмоил Талбаков, дар сӯҳбат бо РО гуфт, лоиҳаи ин қонун дар соли 2003 таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод шуда буд, аммо ба далоиле, он ҳам мухолифати бархе аз вазоратхонаҳо, то кунун тасвиб нашуд.
Ҷаноби Талбаков мегӯяд, асоси ин қонунро таъмини амнияти иншоотҳои сохташавандаи гидроэнергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон бар мегирад, ки омиле барои рафъи ҳар гуна ихтилофот дар заминаи паёмадҳои зистмуҳитӣ, сейсмологӣ ва иҷтимоии лоиҳаҳои хурду бузург аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун Узбакистон ба иҷрои тарҳҳои энержӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ба хусус сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат дорад ва иддаои кишвари ҳамсоя он аст, ки паёмадҳои зистмуҳитӣ ва сейсмологии ин тарҳ барои кишварҳои минтақа хатар дорад.
Ба ин далел Талбак Исмоилов бар ин назар аст, ки қонуни нави бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ алайҳи чунин иддаъоҳо равона карда шудааст ва бар асосии муқарароти ин қонун, ҳар иншооте, ки сохта хоҳад шуд, мутобиқ ба мавозини байналмилалӣ тарҳрезӣ ва бунёд мегардад.
"Манфиати Тоҷикистон ва минтақа дар назар гирифта шудааст"
Ба ин маънӣ, ки қонун қабл аз ҳама баргузории ташхиси байналмилалии иншоотҳо ва масъулияти иҷрои ин тарҳ тавассути ниҳодҳои зирабтро мушаххасан пешбинӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки пас аз мухолифатҳои шадиди Узбакистон барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун», давлати Тоҷикистон маҷбур шуд то дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, тибқи як созишномаи ҳамкорӣ, ташхиси байналмилалии ин нерӯгоҳро баргузор кунад.
Аммо ҳамакнун пас аз рӯи кор омадани ин қонун, Исмоил Талбаков мегӯяд, дигар ниёзе ба бастани тавофуқнома ва дигар санадҳо нахоҳад монд.
Аз сӯи дигар, ин вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, қонуни нав салоҳиятҳои иҷрои тарҳҳо ва масъулияти иҷрогарони лоиҳаро танзим карда ва дар сурати паёмади номатлубе доштани чунин лоиҳаҳо, манзур ин аст, ки агар нерӯгоҳ ва ё иншооти обиву барқӣ фоҷеаеро дар пай дошта бошад, муҷозот то ба ҷавобгарии ҷиноӣ дар назар дошта шудааст.
Мубтакирони ин тарҳ бар ин назаранд, ки қонуни нави бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа аст.