Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 қурбонии хуруҷи бемории фалаҷ дар Хатлон


Мақомоти расмии вилояти Хатлон омори расмӣ дар бораи қурбониёни хуруҷи бемории фалаҷро нашр кардаанд, ки тибқи он, 13 кӯдаки то 5-сола бар асари ин беморӣ дар қаламрави вилоят фавтидааст.

Дар пайи хуруҷи фалаҷ Тоҷикистон сертификати «кишвари орӣ аз фалаҷ»-ро аз даст дод. Ин санадро маъмулан Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба мамолики аз лиҳози беҳдоштӣ бехавф медиҳад.

Қаблан ниҳодҳои давлатӣ мавридҳои фавти одамонро бар асари ин беморӣ ва шумораи аслии мубталоёнро пинҳон мекарданд.

Хатари беморӣ аз байн нарафтааст

Ҷӯрахон Наҷмиддинов, сарвари дафтари минтақаии Маркази эмтаъминкунии Тоҷикистон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, агар дар соли 2009-ум ҳамагӣ 6 сокини Хатлон мубтало ба бемории фалаҷи шадид гардида буд, имсол 327 сокини минтақа ба ин беморӣ гирифтор шуда, ҳанӯз ҳам хатари афзоиши ин рақам аз байн нарафтааст.

Ҷӯрахон Наҷмиддинов, сарвари дафтари минтақаии Маркази эмтаъминкунии Тоҷикистон
Ӯ афзуд, имсол фалаҷ беш аз 110 сокини маҳаллиро маъюб карда, муолиҷаи комили онҳо берун аз имкон хонда мешавад.

Давоми соли 2010-ум барои маъракаҳои зиддифалаҷ дар Хатлон миллионҳо сомонӣ масраф шуда, дар шаш марҳала беш аз 420 ҳазор сокинони зери синни 16 дар Хатлон ба қасди эмин мондан аз сироят ба бемории фалаҷ моякӯбӣ шуданд.

Маъракаи саросарии эмкунии кӯдакон

Ҳудуди 5 ҳазор кормандони муассисаҳои тиббии Хатлон ва 500 нафари ихтиёрӣ ба маъракаи эмгузаронии кӯдакону наврасон сафарбар шуда буданд. Дар 25 шаҳру ноҳияи қаламрави вилояти Хатлон беш аз 500 бунгоҳи мавсимии моякӯбӣ таъсис дода шуда буд.

Бо таваҷҷӯҳ ба хурӯҷи бемории фалаҷ, дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, истгоҳҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа бунгоҳҳои вижаи эмгузаронӣ таъсис дода шуда, ба шаҳрвандони хориҷие, ки аз роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба қаламрави Хатлон ворид мешуданд, танҳо пас аз тасдиқи он ки гирифтори вируси ёбоӣ нестанд, иҷозаи будубош дар Тоҷикистон дода мешуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои таҳлилгарон, сабаби хурӯҷи якбораи маризии фалаҷи шадид дар миёни аҳолӣ, хунукназарии пизишкони атфол ва волидон ба масъалаи моякӯбии фарзандон буда, бахши аъзами кӯдакону наврасони қаламрави вилояти Хатлон то имсол моякӯбӣ нашудаанд. Бори охир моякӯбии омавӣ дар соли 2007-ум доир шуда буд.

Шикоят аз хунукназарӣ ба моякӯбӣ

Аммо Нусратулло Амиров, раиси Маркази минтақаии ташаккули тарзи ҳаёти солим, мегӯяд, сарфи назар аз эъломи маъракаи миллии эмгузаронӣ ба кӯдакону наврасон, сокинони вилояти Хатлон барои ширкат дар ин маърака ҳамоно камҳавсалагӣ ё нобоварӣ зоҳир мекарданд.

Вай афзуд: «80 дарсади мавридҳое, ки мо дар Тоҷикистон бар асари бемориҳои сироятӣ талафот дорем, ин бемориҳои идорашаванда ҳастанд ва то 16-солагӣ аз ҳама навъҳои бемориҳои сироятӣ эмгузаронӣ бояд шавад. Агар волидон ҳама марҳилаҳои эмгузаронии фарзандонро риоя кунанд, миллионҳо доллар бар суди оилаҳо ва иқтисоди давлат сарфа хоҳад шуд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони ниҳодҳои беҳдоштии Хатлон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба хатарзо будани вируси ёбоии фалаҷи шадид, баргузории маъракаҳои зиддифалаҷ дар Хатлон дар соли оянда ҳам дар назар аст. Барои мубориза бо ин беморӣ дар соли 2011-ум қарор аст, 7 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат низ ихтисос дода шавад. Ҳамчунин созмонҳои байналмилалию кишварҳои хориҷӣ дар амри ҷилавгирӣ аз хуруҷи фалаҷи шадид ваъдаи кӯмак ба Тоҷикистонро кардаанд.
XS
SM
MD
LG