Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: Пурқурбонитарин ҳодисаи сол


Хонаводаи Оростамоҳ Камолова, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар пайи офати табии шаби 7-уми май манзили зисташон пурра тахриб шуда буд, зиндагиро дар манзили навбунёд бидуни се узви дигари ин хонадон оғоз кардаанд.

Ӯ мегӯяд, зарари модии расида, аз ҳисоби офати табии ҳоло ҷуброн шудааст, вале зарари рӯҳие, ки дар паи ин офати пурқурбонӣ ӯ ва аҳли оилааш дидааст, ҷуброннопазир аст.

Оростамоҳ Камолова
«Ба амонат хиёнат кардам»

Хонаводаи Оростамоҳ Камолова се набераашро аз даст додааст ва духтараш, ки аз Русия баргашта ду фарзандашро мурда дарёфта буд, ҳоло ҳам рӯҳан бемор аст. Хонум Оростамоҳ мегӯяд, барои марги ин тифлон худро ҳамеша гунаҳкор медонад:

«Мо чӣ рӯзҳоро аз сар гузарондем, тамоми халқи Тоҷикистон медонад. Минатдорем, ки дар чунин рӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон дар паҳлӯи мо буданд. Аммо афсус, ки ман дар ин ҳодиса ба амонат хиёнат кардам. Духтарам фарзандонашро ба амонат дода буд, вале мо амонати ӯро ҳифз карда натавонистем. Кори Худо буд, вале ин духтар дигар як умр моро ғам медиҳад…».

«Ноадолатӣ ба дараҷаи олӣ»

Офати табиие, ки бар асари туғёни рӯдхонаи кӯчаки Тебалай ва Зиракӣ ба амал омада буд, хонаводаҳои зиёдеро дар Кӯлоб мотамдор кард. Ин ҳодиса пурқурбонитарин ва пуросебтарин обхезӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад, ки то кунун мушкилоти он дар Кӯлоб ба пуррагӣ рафъ нагаштааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо кӯмаки ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятиву давлатӣ барои 1,5 ҳазор хонаводаи зарардида замин барои бунёди манзили зист ва ба 600 хонаводае, ки гуфта мешуд, аз ҳама беш зарар диаанд, манзили зист бунёд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз тақсими хонаҳо маълум шуд, ки наздики 30 нафар, ки аз офат зарар надида буданд, бо роҳҳои номаълум соҳиби хона шудаанд.

Аммо ба гуфтаи Саид Одинаев , як тан аз зарардидагон, ба мисли ӯ даҳҳо зарардида соҳиби манзил нашудааст, вале дар маҳаллоти нав афроди зиёде соҳиби хона шудаанд, ки ба истилоҳ хасе аз манзили зисташон осеб надидааст.

Зимни як сӯҳбат ӯ ба мо гуфт: «Ба дараҷаи олӣ дар самти тақсими хонаҳои истиқоматӣ ноадолатӣ карданд. Одамоне, ки умуман зарар надида буданд, соҳиби хона шуданд, вале мо не. Болои ин, ки худам дар хайма зиндагӣ мекунам, писарамро «облава» карда ба хизмат бурданд. Дига намедонам, ки ин ҳама чӣ ноадолатист».

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки комиссияи вижа тақсими манзилҳои зистро назорат хоҳад кард ва онҳо талош мекунанд, то дар ин самт ноадолатӣ нашавад.

3-миллион доллар ва беобии Кӯлоб

Ҳодисаи табии харобиовар дар Кӯлоб хушхабари дигарро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд. Соле пеш масъулин хабар дода буданд, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии
Рушд дар ҳаҷми 3 миллиону 600 ҳазор доллар сохтори обрасонии Кӯлоб комилан бозсозӣ мешавад. Аммо бо сарф шудани беш аз ду миллион сомонии он ҳанӯз ҳам мушкили дастрасии об дар Кӯлоб, ки даҳ солаҳо боз вуҷуд дорад, ҳалли худро пайдо накард.

Исмон Ризмонов, сардори Идораи обрасонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо ин маблағи ҷудо шуда дар чанд маҳаллаи шаҳр қубурҳои обрасонӣ таҷдид шудаанд ва умед аст, ки бо пурра сарф шудани ин маблағ, мушкили об дар Кӯлоб ҳалли худро пайдо кунад.

Пайдоиши ногаҳонии силоҳбадастон

Гаравгонгирии сокинон дар ноҳияи Шӯрообод ва гирифтории чанд тан аз сокинон ба бемориҳои сироятии хавфнок маъмулӣ ба назар мерасид. Аммо пайдо шудани силоҳбадастон дар ноҳияи Балҷувон, ки бо кушта шудани се корманди мақомотӣ интизомӣ ва маҷрӯҳ шудани се тани дигар дубора аз маҳаллӣ ҳодиса фирор карданд, овозаҳое, ки моҳҳо боз дар минтақаи Кӯлоб паҳн шуда буд, ба ҳақиқат табдил дод.

Карим Нуров, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, ҳодисаи хунини Балҷувон ба сурати умум дар дили сокинон тарсу ҳарос эҷод карда буд. Ва дубора пайдо шудани силоҳбадастон дар ноҳияи Восеъ ин ҳаросро афзоиш дод ва сокинон аз ногаҳон пайдо шудани силоҳбадастон дар маҳаллаҳои худ ҳаросон буданд.

Хатари обхезӣ ҳанӯз побарҷост

Ҳамакнун бо боздошти ин силоҳбадастон дар Афғонистон, ки ҳоло маълум шуд, фирориёни маҳбас будаанд, ҳароси мардум бартараф гаштааст. Аммо ба қавли сокинон, хатари обхезӣ дар Кӯлоб, ки соли ҷорӣ чанд маҳаллӣ шаҳру ноҳияро тахриб кард, ҳанӯз боқист. Ҳоло ҳам аксари пулҳои тахрибшуда, барқарор нашудаанд ва рӯдхонаи мавсимии Тебалай низ пурра тоза нагаштааст.

Қарор буд, то 6-уми ноябри соли равон расман ба ҳамаи зарардидагон манзили зист дода хоҳад шуд, вале дар ҳоле, ки сол ба поён мерасад, ҳанӯз ҳам баҳс атрофи тақсими одилонаи манзили зист ва замин барои зарардидагон анҷом наёфтааст.
XS
SM
MD
LG