Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен аз ҳуқуқи наврасон ҳимоят мекунад


Омбудсмени Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ваколатҳои худро дар бахши расидагӣ ба масоили ҳуқуқи наврасони душвортарбия ва шароити моддиву маънавии онҳо, васеъ гардонад. Ин тасмим бинобар афзоиши теъдоди наврасони душвортарбия ва вазъи ҳуқуқии онҳо сурат мегирад.

Исмоил яке аз даҳҳо нафар наврасони душвортарбия мебошад, ки бори чаҳорум аст, ки аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии пойтахт боздошт мешавад.

Наврасони хиёбонӣ...

Исмоил мегӯяд, ки бори охир, ки боздошт шуд, мехост шабро дар фурудгоҳ рӯз кунад.

«Шабро дар фурӯдгоҳ рӯз карданӣ будам, як газет гирифта мехондам, ки милисаҳо омада қапиданд».

Исмоил мегӯяд, ки ӯ бо вуҷуди бесаробониву оворагардӣ, ҳеҷ гоҳ кори хилофи қонун накардааст. Исмоил 14 сол дорад, аммо ҳолати ҷисмонияш ӯро хеле хурдтар аз синаш нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд, китоб хонда метавонад ва номашро ҳам менависад. Ӯ расман хонандаи яке аз мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе мебошад, вале аксар вақт ба кӯчагардӣ машғул аст.

Орзу, яке аз дигар наврасон, ки 10 сол дорад, дар мактаб таҳсил намекунад. Орзу мегӯяд, ки вақте падараш вафот кардааст, модар ӯро барои дарёфти иҷорапулӣ ба бозор барои кор равон кардааст.

« Мо аз деҳот омадем, дар Саховат зиндагӣ мекунем. Модарам дар бозор ошпаз аст. Як бародар доштам ба наздикӣ вафот кард. Дар бозор сипандуд мекардам.»

Омбудсмен аз ҳуқуқи наврасон ҳимоя карданист

Омбудсмени Тоҷикистон ё ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, бо нияти кӯмак ба наврасони оворагарде мисли Исмоил ва Орзу, салоҳиятҳои худро дар заминаи ҳимояи ҳуқуқи инсон тавсеа дода, дар оянда ҳамчунин аз ҳуқуқи наврасони душвортарбия муроқибат хоҳад кард.

Ба гуфти Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон, тарҳе дар ин замина ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ба гуфти ӯ, тасмими мазкур бо назардошти вазъи ташвишовари наврасони душвортарбияву бесаробони тоҷик гирифта шуд, ки шумори онҳо то рафт афзоиш меёбад. Аксари ин кӯдакон аз навоҳии дурдасти кишвар ба пойтахт бо нияти кору дарёфти рӯзӣ меоянду машғули кор мешаванд, вале дар аксар ҳолатҳо зери таъсири гурӯҳҳои мухталифи ҷинояткори хиёбонӣ меафтанд.

Исмоил аз замони боздошт шуданаш дар фурудгоҳ дар таърихи 20-уми декабр то ба ҳол, дар қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҷиноёти ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Вай мегӯяд, ҳамон шаб бояд назди бибиаш ба ноҳияи Ваҳдат мерафт, вале ҳоло дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамарӯза ба ин муассиса аз 6 то 8 ноболиғ оварда мешавад.

Афзоиши теъдоди наврасони хиёбонӣ

Нигина Зиёева, корманди хадамоти мазкур мегӯяд, ки давоми 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 500 нафар наврасони душвортарбия ба инҷо оварда шуданд. Ба гуфтаи хонум Зиёева, онҳо дар хиёбону бозор боздошт шуда ва барои муайян кардани ҳуввияташон ба ин ҷо оварда мешаванд.

Нигина Зиёева меафзояд, ки «аксарияти ин наврасон модар доранд доранду падар не ва мушкили камбизоатӣ онҳоро водор мекунад, ки ба чунин роҳҳо раванд. Иддаи дигар аз беназоратии падару модар аст, ки тарбияи онҳоро зери назорат намегиранд.»

Сабаб чист?

Аксари ин наврасон мегӯянд, ки мушкили аслии онҳо дар ниёзмандиҳои моливу иқтисодии оилаашон буда ҳамин сабаб мешавад, ки онҳо ба унвони писари хонадон дар ҷустуҷӯи як бурда нон шаванд. Аксари ин наврасон мегӯянд, ки аз падар маҳрум буда модар бо сари танҳои худ аз онҳо саробонӣ мекунад.

Раҳмиддин Авазов, падари яке аз ин наврасон аст, ки бори панҷум ба шӯъбаи корҳои дохилии пойтахт оварда мешавад. Ӯ гуфт, писараш бо иллати беморӣ аз хона мегурезад.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар дар миёнаҳои солҳои 1990-ум ҷанги дохилӣ сабаби афзоиши шумори наврасони хиёбонии рӯ ба ҷиноят оварда шуда бошад, ҳоло ниёзмандиҳои иқтисодии онҳо ва муҳоҷирати кории волидон ба кишварҳои дигар, сабаби афзоиши ингуна наврасон мешавад.

Зариф Ализода мегӯяд, ки бо назардошти ин ҳама, ҳоло заминаҳои ҳуқуқии ҳимоят аз ҳуқуқи наврасонро андешида талош кардан зарур аст, ки шумори ин гурӯҳи кӯдакон дар оянда афзоиш наёбад.

Оё Омбудсмен муваффақ хоҳад буд?

Дар ҳоле, ки Зариф Ализода аз гомҳои нав дар бахши ҳимояи ҳукуқи наврасони душвортарбия хабар медиҳад, бархе таҳлилгарон ва матбуоти маҳаллӣ аз нақши камранги ин ниҳод дар амри ҳимояи воқеӣ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ёд мекунанд.

Вале иддаи дигар бар ин назаранд, ки ташкили ниҳоди вижае мисли ваколатдори ҳуқуқи атфол дар Тоҷикистони серкӯдак амри зарурист.

Саидамоҳ Носирова, пажӯҳишгари масоили кӯдакон мегӯяд, фақру нодории иҷтимоӣ, теша ба решаи насли имрӯза мезанад.

Хонум Саидамоҳ бо ёдоварӣ аз ҳодисаи ахири куштори се кӯдак аз ҷониби ҷавони 19-солае дар Қӯрғонтеппа гуфт, дар миёни насли имрӯза “бисёриҳоро аз даст додем”, чунки волидони машғули проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ вазифаи аслии худ – тарбияи фарзанди солиму некӯро фаромӯш карданд.
XS
SM
MD
LG