Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро варзишгарони ҷавон ватанро тарк мекунанд?


Дар тайи ду сол аз федератсияи миллии таквандо ва кикбоксинги Тоҷикистон ҳафт қаҳрамони ҷаҳон ватанро тарк ва Амрикоро барои кору зиндагӣ интихоб кардаанд.

Мирсаид Яҳёев, раҳбари ин федератсия, гуфт, варзишгарон бо андешаи он, ки ба дастовардҳои онҳо таваҷҷӯҳ намешавад, Тоҷикистонро тарк мегӯянд. Онҳо баъди сафар ба Амрико шоҳид шудаанд, ки талабот нисбаташон зиёд аст ва барояшон шароити мусоиди кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, аз ин хотир кӯшидаанд дигар дӯстони худро низ ба онҷо баранд, мегӯяд Мирсаид Яҳёев:

«Дар ҳоли ҳозир онҳо ҳама хеле муваффақанд. Қариб ҳамаи онҳо қаҳрамонҳои ҷаҳони Амрико шудаанд. Ба ҳайати тими мунтахаби Амрико шомил шудаанд. Далер Сайфиддинов яке аз муррабиёни маъруфи тими миллии ин кишвар маҳсуб меёбад. Аммо ҳарчанд варзишгарони пешқадамамон аз Тоҷикистон рафтаанд, аммо бо ин вуҷуд мо ба пешравиҳои зиёд даст ёфтем. Барои мисол танҳо дар ҳамин соли 2010 мо барои аввалин бор аз чемпионати ҷаҳон якбора даҳ қаҳрамони ҷаҳонро ба ватан овардем».

Ба гуфтаи Мирсаид Яҳёев, дар кишварҳои ҳамсоя варзишгарон ҳавасманд карда мешаванд. Ӯ мегӯяд, «масалан дар як сабқате варзишгарони Узбакистон як медали тилло гирифтанд ва аммо мо 4 медали тилло ба даст овардем. Дар инҷо ба варзишгарон якуним ҳазор долларӣ доданд. Вале Узбакистон ба он як варзишгараш ҳам хона ва ҳам мошин ҳадя кард».

Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик

Шикваи қаҳрамони олимпии тоҷик


Расул Боқиев варзишгари 28-солаи тоҷик ва қаҳрамони ҷаҳон низ бо ҳамин иллат, яъне таваҷҷӯҳи нокифояи мақомот, қасд дошт аз Тоҷикистон барои ҳамешагӣ ба Русия бикӯчад. Расул мегӯяд, ба даст овардани пирӯзӣ дар сабқатҳои ҷаҳонӣ кори осон нест ва аммо барои иштирок дар чунин мусобиқаҳо варзишгарон аз сӯйи мақомоти масъул ба таври зарурӣ дастгирӣ ва қадрдонӣ намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои хориҷӣ вазъ комилан дигар аст. Расул мегӯяд, дар соли 2006 то бозиҳои олимпӣ, ба ӯ аз Қазоқистон пешниҳод кардаанд, ки бар ивази маблағҳои зиёд дар мусобиқаҳо аз номи ин кишвар баромад кунад, аммо Расул ин пешниҳодро напазируфтааст.

Баъди пирӯзӣ дар олимпиадаи Пекин Расул Боқиев ба ҷуз аз ордени «Шараф» аз назари молӣ ҳавасманд карда нашуд ва ҳатто ӯро аз маоши олимпӣ низ дар Тоҷикистон маҳрум карданд. Ба ин хотир ӯ ба Русия рафт ва дар муддати кӯтоҳ шаҳрванд ва чемпиони ин кишвар шуд.

«Баъди қаҳрамон шудан, аз Русия низ ба ман пешниҳод карданд, ки ҳар моҳ 5 000 доллар маош таъин мекунем ва боз мукофотҳои дигар. Аммо чун фарзанди ин сарзаминем ин ҳамаро қабул накардему ба Тоҷикистон омадем», - меафзояд ӯ.

Ваъдаҳои мақомот ба Расул

Ҳоло Расул аз кумитаи олимпӣ 500 доллари амрикоӣ моҳона мегирад ва ҳамчунин ширкати Талко хароҷоти сафар ва омодагиашро ба сабқатҳои ҷаҳонӣ ба ӯҳда гирифта, дар сурати ба даст овардани ғолибият дар бозиҳои олимпӣ 50 ҳазор доллар ҳадя ваъда кардааст.

Масъалаи тарки кишвар кардани варзишгарони ҷавони тоҷик дар мулоқоти раисҷумҳур бо варзишкорони тоҷик низ матраҳ шуда буд. Президент аз ин амали варзишгарон изҳори норизоӣ кард ва гуфт, тарки ватан кардани варзишгар, ки муаррификунандаи миллат аст, нишони набуди ҳисси муҳаббат ва эҳтиром ба ватан дар замири онҳост.

Дар ҳамин ҳол Расул Боқиев мегӯяд, мақомот агар имкони дастгирии молӣ ҳам надошта бошад, метавонанд бо роҳҳои мухталиф варзишгарро ҳавасманд кунанд. Баъдан агар Тоҷикистон мехоҳад дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ба муваффақияти бештар даст ёбад, бояд барои варзишгарон шароити хубу замонавии тамрин фароҳам биёрад.
XS
SM
MD
LG