Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳибаи зиндаи телевизионии Медведев


Раисҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев паймони маҳдуд кардани аслиҳаи стратегии ҳамла миёни Русия ва Иёлоти Муттаҳидаро як ҳодисаи ҷиддии соли равон номид.

Вай рӯзи ҷумъаи 24 – уми декабр дар сӯҳбати зиндаи солонаи телевизионӣ ба саволҳои раҳбарони се шабакаи саросарии Русия, ВГТРК, Шабакаи якум ва НТВ дар бораи бурду бохтҳо ва масъалаҳои муҳими кишвараш дар соли 2010 посух гуфт.

Доираи фарохи сӯҳбат мавзӯъҳо аз таъмини амният дар ҷаҳон, дастовардҳои иқтисодии Русия, мубориза бо фасоду ришвахорӣ, ислоҳоти низоми пулис, коҳиши аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, мубориза бо нашъамандии мактабхонҳои рус то паёмадҳои моҷарои “Викиликс” ва сарнавишти сарватманди зиндонии рус - Михаил Ходорковскийро фаро гирифт.

Русия аз бӯҳрони иқтисодӣ раҳо мешавад

Раисҷумҳури Русия оғози бурунрафти иқтисоди Русия аз қайди бӯҳронро чун муҳимтарин дастоварди кишвараш дар соли 2010 унвон кард. Вай гуфт, иқтисоди Русия ба думболи давраи “поинрафт” ба “рушди собит” ноил шудааст: “Имсол иқтисоди мо пастравӣ надошт ва рушд мекард. Бо мушкилиҳо, бо камбудиҳо, аммо бо ин вуҷуд, дар воқеъ рушди собит дошт. Мо тақрибан ба 4 дар сад рушди солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ноил шудем. Ин пешрафт таҷдиди иқтисоди мо ва беҳбуди зиндагии моро аён месозад”

Раисҷумҳури Русия сиёсати давлаташ барои ҳимояти кӯдакон ва аҳолӣ, кӯмак ба офатзадагони сӯхторҳо, таҷлили 65 - умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳониро ҳодисаҳои муҳими соли кишвараш хонд.

Санги маҳаки таъмини амният

Медведев оғози ҷараёни тасвиби паймони коҳиши аслиҳаи стратегии ҳамла миёни кишвараш ва ИМА-ро “санги маҳаки таъмини амният барои даҳсолаҳои оянда” номид ва умед кард аз ҷониби парлумони Русия низ ба зудӣ ба тасвиб хоҳад расид.
Интизор меравад парлумони Русия ин паймонро рӯзи ҷумъа ба тасвиб расонад. Аввали ҳафта Сенати ИМ баъд аз як моҳи баррасӣ онро қабул карда буд.

Обама, шахсест, ки ба аҳди худ вафо мекунад”

Раисҷумҳури Русия аз ҳамтои амрикоиаш – Барак Обама ситоиш кард ва ӯро раҳбаре номид, ки “ба аҳди худ вафо мекунад”: “Барои ман ҳамкорӣ бо Обама осон аст. Чунки ӯ шахсест, ки ба ҳарфи дигарон гӯш дода метавонад ва пойбанди касе нест. Усулан ва ин барои сиёсат аз ҳама муҳим аст, вай шахсест, ки ваъдаи додаи худро иҷро мекунад…”

Ислоҳоти низоми пулис

Медведев дар бораи ислоҳоти низоми пулис гуфт, ки ҷиҳати беҳбуди низоми додгоҳии Русия ниҳодӣ ва муфид хоҳад буд. Пулис бояд ба қонун итоат кунад ва назди қонун ҷавобгӯ бошад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, миёни мактабхонҳои рус истеъмоли нашъа маъмул шуда, ҳудуди 160 ҳазор мактаббача нашъа истеъмол мекунанд.

Гуноҳи Ходорковскийро додгоҳ муайян мекунад

Медведев дар бораи тақдири сарватманди зиндонии рус – Михаил Ходорковский гуфт, ки бояд гунаҳкории вай дар додгоҳ муайян карда шавад, на ин ки аз рӯи “тахмин” ӯ гунаҳкор эълон гардад. Назари раисҷумҳури Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯз пеш Владимир Путин, сарвазири ин кишвар тоҷири зиндонии рус - Ходорковскийро “дузд” ва ҷойи ӯро кунҷи зиндон номида буд.

Ифшогариҳои Викиликс ва равобити ду кишвар

Медведев дар сӯҳбати зиндаи телевизиониаш дар бораи нашри маводҳои махфии дипломатӣ дар саҳифаи “ВикиЛикс” гуфт, ки он “ҳеҷ гуна таъсире” ба муносибати байни Русия ва ИМ нахоҳад дошт. Маводи нашркардаи “Викиликс” низоми сиёсии Русияро фармонфармо ва фасодзада номида буд.
XS
SM
MD
LG