Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти тоҷик дар соли 2010: бурдҳо ва бохтҳо


Дар соли 2010 матбуоти тоҷик дар муқоиса бо соли гузашта фаъолтар буд ва ба таҳаввулоти кишвар вокуниши сареъ нишон дод. Дар ин сол матбуот ба мавзӯъҳое амсоли фасод, вазъи артиш, амалиётҳои низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар манотиқи шарқи кишвар, мавқеъгирии Узбакистон бар сари бунёди нирӯгоҳи Роғун, матолиби ҷолиберо ба хонандаҳо пешкаш кард.

Инчунин талаби шаффоияти ҳукумат, даъвоҳои атрофи интихоботи парлумонӣ аз мавзӯъҳои мавриди баҳси матбуот дар давоми сол буд.

Дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ ва низ рӯзи интихоботу натиҷагирӣ аз он, нақши расонаҳои хусусан мустақил рӯшан ба назар мерасид.

Аммо мутаасифона ин пешравиҳо бо як вокунишҳои манфии мақомот рӯ ба рӯ шуд ва дар набарди ҳукумат бо матбуот, на ҳама нашрияҳо то охири сол ҷон ба саломат бурданд.

Дар ин навор ҳамроҳ бо сардабирони нашрияҳои Тоҷикистон назаре меафканем ба бурду бохти онҳо дар соли 2010.

Матбуоти тоҷик дар соли 2010
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00
XS
SM
MD
LG