Ин лоиҳа дар нашрияҳои расмӣ интишор ёфта ва бар иловаи он, ки шабакаҳои телевизионӣ бандҳо муқаррароти қонунро ба тамошобинон ироа мекунанд, ҳамчунин барномаи «Микрофони озод» ташкил шудааст, ки сокинони манотиқи мухталиф назару андешаи худро дар мавриди ин мавзӯъ баён мекунанд.
Бархе аз сокинон мегӯянд, аз ин барномаи телевизионӣ бештар назароте садо медиҳанд, ки масъули аслии таълиму тарбияи фарзанд, танҳо падару модар аст. Дар ҳоле, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бар масъулияти волидайн, кӯдакистон, мактаб ва муҳит дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид кардааст.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои фарзанд
«Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дуввумин санади ҳуқуқиест, ки ба баррасии умум гузошта мешавад. Соли 2007 низ бо ибтикори раисиҷумҳур қонун дар бораи танзими расму оийнҳо ба баррасии мардуми кишвар гузошта шуд ва ҳамакнун севуним сол аст, ки ин қонун мавриди иҷро қарор дорад.
Лоиҳаи қонуни нав аз 5 боб ва 13 банд иборат буда, бар иловаи афзун гардондани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳатто ҷавобгарии ҷиноӣ барои садди роҳи таҳсили фарзандон шуданро дар назар дорад.
Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасте бо ҳузури намояндагони ҳукумату порлумон, масъулони вазорату идора, аҳли зиё ва ходимони дин қабули ин қонунро саривақтӣ ва иқдоми зарурӣ шуморид. Ин буд, ки ба думболи даст ба ин мавзӯъ задани раисиҷумҳур шабакаҳои давлатии телевизон фаъол шуда ва сӯҳбатҳову мизи гирдҳоеро бо ширкати масъулони вазорати маориф ва намояндагони порлумон доир карданд.
Маъракаи тарғиби қонуни нав
Барномаи вижаи «Микрофони Озод», ки тамошобинон онро дар се соли пеш ба ҳангоми баррасии умумихалқии лоиҳаи «Қонун дар бораи танзими расму оийнҳо ва маросимҳо» дида буданд, дубора фаъол шуд. Ҳамакнун шабе нест, ки гурӯҳи «Микрофони Озод» назару андешаи сокинони навоҳии мухталифро дар робита ба лоиҳаи мазкур ба намоиш нагузорад.
Аксарияти сокинони кишвар, аз тариқи ин барнома пуштибонии худро аз лоиҳаи пешниҳодкардаи раисиҷумҳур иброз медоранд ва аксарияти кулли онҳо дар таълиму тарбияи фарзанд, падару модарро масъул медонанд.
Мирзо Салимов, як сокини шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ низ тарафдории худро аз ин иқдом чунин изҳор кард. Ӯ гуфт: «Ин қонун саривақтӣ аст. Зеро агар раисиҷумҳур ба чунин иқдоме даст намезад, ахлоқу одоби ҷавонони мо тамоман коста мешуд ва мисли кишварҳои дигар мешудем. Лоиҳа қобили дастгирист».
Ноболиғони ҷинояткор ва авбош
Яке аз сабабҳои рӯи кор омадани лоиҳаи ин қонун, беназорат мондани наврасону ҷавонон ва ба ҷинояткорӣ даст задани онҳо унвон мешавад. Зеро, ба гузориши раисиҷумҳури Тоҷикистон, солҳои ахир дар қаламрави кишвар ноболиғон 4200 ҷиноят, аз ҷумла 104 ҳодисаи одамкӯшӣ содир кардаанд. Ҳамчунин аз сӯи ноболиғон 90 ҳодисаи истифода ва муомилоти маводи мухаддир, 70 мавриди дуздии воситаҳои нақлиёт ва 350 ҳолати авбошӣ сурат гирфтааст.
Аммо Соҳиби Назар, як сокини дигари шаҳри Душанбе бар ин назар аст, ки ба таҳия ва қабули қонун дар ин замина ниёзе набуд. Ӯ мегӯяд, «падару модар дар тарбияи фарзанд масъул ҳастанд ва ниёзе набуд, ки қонуни вижае дар ин замина таҳия ва қабул шавад. Шояд беҳтар мебуд, ба низоми маориф ислоҳот ворид карда мешуд ва аз ин тариқ талабот ба мактабу волидайн зиёдтар мешуд».
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон мегӯянд, пас аз интишори лоиҳаи қонуни нав, омӯзгорони бархе аз мактабҳо онро нусхабардорӣ карда ба волидайни муҳассилин фиристода ва гуфтаанд, ки падару модарон ба ин лоиҳа ошно шаванд ва розигии худро бо гузоштани имзо зери он, баён кунанд.
«Мактаб ва ҷомеа низ бояд масъул бошанд»
Шабакаҳои телевизионии давлатӣ бо роҳандозии барномаи «Микрофони Озод» мехоҳанд, то саҳмеро дар қабули қонуни нави масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд гузоранд. Аммо аз сӯҳбат бо бархе аз сокинони шаҳри Душанбе маълум гардид, ки аз тариқи ин барнома умдатан фикру андешаҳое садо медиҳанд, ки гунаҳкори асосӣ дар мушкили таълиму тарбияи фарзанд, танҳо падару модар аст. Ин аст, ки онҳо ба ин назарҳо мувофиқ нестанд.
Таблиғи яктарафаи қонуни нав
Нигаронии бештари сокинон ин аст, ки таблиғи яктарафаи ин мавзӯъ, ки бештар борони маломат бар сари падару модар мерезад, ин қонун метавонад василаи фишор барои густариши ришвахорӣ дар миёни иддае аз омӯзгорон шавад.
Ба ин далел бисёре аз падарону модарон бар ин назаранд, ки дар баробари маъсулияти волидайн, бояд масъулияти кӯдакистону мактаб ва муҳит низ бештар карда шавад ва барои саҳлангорӣ мактаб низ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ин дар ҳолест, ки яке аз таъкидҳои асосии раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни баррасии лоиҳаи қонун ширкати фаъол доштани оила, мактаб ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд аст.

- «То синни ҳафтсолагии фарзанд, падару модар масъулият дорад ва онро ҳис мекунад. То ҳафтсолагӣ, баъд мактаб бояд масъул бошад , фақат падару модар набояд гӯем. Чаро танҳо мо — волидайн? Мактаб, ҷомеа низ бояд моро кумак кунад ва дар таълиму тарбияи фарзанд саҳм гузорад. Ақалан кумак ҳам накунад, бетараф набошад».
- «Ба фикри ман, айб дар сари мушкилот ва проблемаҳои замона аст, на падару модар. Зеро барои тарбия ва таълими фарзанд бояд падару модар вақт доштанаш даркор. Бале мо бояд фарзандонамонро хӯронем ва тарбия кунем, лекин дар баробари ин мо кор мекунем. Аксарияти вақти мо низ дар кор меравад. Моро санги маломат назанед»
- «О, бе ҳамин ҳам забони муаллимҳо дароз буд. Моро ҳамеша гунаҳкор мекарданд, ки ба фарзандонатон аҳамият намедиҳед, бо онҳо кор намекунед, таълим намедиҳед. Акнун забонашон дарозтар мешавад».