Ширкати русии MTS рӯзи 20 декабр ҳама муштариёнашро дар ин замина огоҳ карда гуфт, ки “мувақаттан кулли хадамоти мухобиротӣ ва дастрасӣ ба Интернет қатъ мешавад”. Дар сайти интернетии MTS-Туркманистон навишта шудааст, ки огаҳиномаеро ба манзури мутаваққифшавии муҷаввизи ин ширкат аз вазорати мухобироти Туркманистон дарёфт кардааст.
Елена Кохановская, раҳбари хадамоти иртибот бо ҷомеаи ширкати MTS дар Маскав, гуфт, ки мақомоти Ашқобод то ҳол аз ташреҳи масъала худдорӣ мекунанд.
Ӯ афзуд: “Мо аз ҷониби туркманҳо ҳеҷ ташреҳе дарёфт накардем ва интизорем, ки ба мо вазъро тавзеҳ бидиҳанд. Умедвор ҳастем, ки ин масъала ҳалли худро ёфта тамоми нофаҳмиҳо аз байн бурда мешавад”.
Хомӯшии мақомот
Дар ҳоле, ки мақомоти Туркманистон ҳамоно дар ин бора лаб намекушоянд, бархе расонаҳои минтақаӣ навиштанд, MTS-Туркманистон зери фишори мақомоти Ашқобод қарор дорад ва онҳо мехоҳанд ин ҳолати наздик ба монополияро дар бозори телефонҳои ҳамроҳ бишкананд. Моҳи гузашта бахши азими борҳои марбут ба ин ширкат, аз ҷумла симкортҳои MTS аз ҷониби гумруки Туркманистон мусодира шуд.
Ин ширкат инак панҷ сол аст дар бозори Туркманистон фаъолият мекунад. Олтин Магауина, хабарнигори бахши туркмании радиои Озодӣ дар бораи ҷойгоҳи он чунин гуфт: “MTS ширкати пешво дар бозори телефонҳои ҳамроҳи Туркманистон буда, наздики 85 дарсади муштариёни телефонҳои ҳамроҳ аз хадамоти он истифода мекунанд”.
Телефон – танҳо барои элита?
Соли 2008, баъди он ки президенти нави Туркманистон Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов барои каме боз кардани ҷомеаи баставу мунзавии худ иқдомоте ба кор бурд, ба аҳолиаш имкони дастрасӣ ба интернетро низ фароҳам овард.
Қабл аз он дастрасӣ ба телефони ҳамроҳ танҳо насиби элитаи сиёсии кишвар буд ва сокинони рустову деҳоти ин ҷумҳурии панҷ миллионнафара орзу мекарданд, ки бо ҷаҳони беруна тамоси бесим дошта бошанд. Аммо баъди ин, сокинони чӯлу биёбонҳои маҳаллӣ ҳам чӣ будани интернетро аз роҳи MTS дарк карданд.
Нигаронии муштариён
Дар ҳоле, ки маълум нест оё бо гузашти як моҳ фаъолияти хадамоти MTS-Туркманистон дубора аз сар гирифта мешавад ё на, аммо ширкат муштариёнашро мутақоид сохтааст, ки намегузорад пулҳову пасандозҳои онҳо аз даст бираванд.
Хабарнигорони бахши туркмании радиои Озодӣ мегӯянд, ки аз ҳоло бисёр муштариҳои MTS ба қарордодҳои ширкати “Олтин Аср”-ро имзо мекунанд. Бисёр таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сурати ба дарозо кашида шудани инзивои мухобиротии муштариёни MTS дар асл инзивои мардуми Туркманистон амиқтар хоҳад шуд.