Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат: Дар миёни боздоштшудагони тоҷикон нестанд


Ахиран дар натиҷаи амалиёти махсуси мақомоти интизомии Маскав барои ҷилавгирӣ аз даргириҳои қавмӣ дар ин кишвар ҳудуди 1000 нафар боздошт шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Мурод Бӯрибоев, сухангӯи сафорат, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, онҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намудаанд, ки аз ширкат дар хушунатҳои қавмӣ худдорӣ кунанд.

Ӯ гуфт: «Сафорат ба хотири амнияти шахсии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи Русия таҳсил доранд, даъват ба амал овардааст, ки аз ин гуна тазоҳурот канорагирӣ кунанд. Ҳамчунин аз пайвастан ба гурӯҳҳои мухталиф ва шахсони ғаразнок низ худдорӣ намоянд».

Мурод Бӯрибоев афзуд, то ҷое ки онҳо маълумот доранд, дар муноқишаҳои қавмӣ, ки тӯли чанд рӯз дар Маскав идома дошт, шаҳрвандон ва ҷавонони тоҷик осеб надидаанд.

Нигаронӣ ва ҳароси пайвандони муҳоҷирон

Дар ҳамин ҳол Абдуазим, ҷавони тоҷик, мегӯяд, новобаста ба он, ки ҷавонон, донишҷӯён ва дар маҷмӯъ муҳоҷирони тоҷик, аз ин даргириҳо худро канор бигиранд ҳам, вале боз ҳам чунин ҳаводис ба онҳо бетаъсир намемонад ва кору фаъолияти онҳоро дар ин кишвар мушкил мегардонад.

Тариқи хабаргузориҳо намоишҳои пайвастаи даргириҳои густурда миёни ҷавонони ифротгарои рус ва муҳоҷирони хориҷӣ дар Маскав нигарониҳо пайвандони онҳоеро, ки ин шабу рӯз дар Русия ба сар мебаранд дучанд кардааст.

Тоҳир Афзалов, як мусоҳиби мо, мегӯяд, феълан чаҳор фарзанди вай дар ин кишвар маридикоранд ва наметавонанд озод гашту гузор намоянд. Ӯ гуфт, пас аз дидани саҳнаҳои даҳшатбори задӯхурди ҷавонон дар манотиқи мухталифи Маскав ба хулосае омадааст, ки новобаста ба вазъи нохуби иқтисодии хонавода фарзандонашро ба ватан бозхонад.

Аммо коршиносони тоҷик мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик кайҳо дар чунин вазъияти фавқулодда қарор доранд.

Зуҳури миллатгароӣ дар Русия

Зеро русгароён дар Русия ҳанӯз аз замоне, ки Шуравӣ дар остонаи суқут қарор дошт пайдо шудаву фаъолияташон ба ҳангоми мустақил шудани ин кишвар авҷ гирифт. Гузашта аз ин онҳо ҳодисаҳои ахири Маскавро натиҷаи беаҳмиятии давлати Русия нисбати нажодпарастии ҷавонони ин кишвар медонанд.

Зафар Суфӣ, таҳлилгари тоҷик, бар ин аст, ки агар дар давраи аввал ин гурӯҳҳо таҳти назорати баъзе ниҳодҳои зиррабти ин кишвар буданд, муноқишаҳои ахир собит карданд, ки ҳоло онҳо аз зери контрол бурун рафтаанд. Вай мегӯяд: «Ҳамагуна хушунат барои худи амнияти ҳар кишваре, ки он ҷо сар мезанад паёмадҳои хуб надорад».

Авҷи бегонаситезӣ дар ҷомеаи Русия


Дар ҳамин ҳол Нуралии Давлат, коршиносони тоҷик, бурузи дигарбораи бархӯрдҳои қавмиро дар Русия баид намедонад ва мегӯяд, андешаҳои нажодпарастона ва бадбинона алайҳи хориҷиён дар насли наврас ва ҷавони ин кишвар ҷой шудааст.

Вай аз ҷумла афзуд: "Вазъият дар маҷмӯъ бад мешавад ба ин хотир, ки рӯҳияи бадбинии ғайрирусҳо дар ҷомеаи Русия боз ҳам шиддат мегирад. Яъне вақте, ки ҳукуматдорон заъфи худро нишон медиҳанд, дар ин сурат имкон дорад, ки чунин вазъият дар худи Маскав ҳам ба вуқӯъ напайвандад ҳам дар дигар шаҳрҳо имкони сар заданаш вуҷуд дорад".

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест,ки ахиран Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури Русия аз мақомоти дахлдор талаб кард,дастанадакрони ошӯбҳои ахир дар ин кишвар боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ӯ афзуд ҷавонон ва наврасони ширкатдорро набояд тарбия намуд балки муҷозот кард.
XS
SM
MD
LG