Онҳо мегӯянд,мусоҳибаи мустақими телевизионии нахуствазири Русия дар чандин маврид боиси хашму ғазаби онҳо шудааст.
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, изҳороти Путин дар бораи сарватманди зиндонӣ Михаил Ходорковский, иттиҳоми марбут ба олуда ба фасод будани раҳбарони нирӯҳои либерали Русия ва ҳам пуштибонии ӯ аз ҳуқуқи аксарият дар мисоли ошӯбҳои майдони Манежи Маскав меарзад, ки дар додгоҳ баррасӣ ва худи Путин аз мақомаш барканор шавад.
Суханронии "нафратовар"
Яке аз фаъолони маъруфи ҳуқуқи башар дар Русия зимни арзёбии суханрониҳои ахири телевизионии нахуствазир Владимир Путин гуфт: “Ҳамаи ин нафратовар аст. Ин як худсарии лафзӣ аст. Адами ҳама гуна меъёрҳои эҳтироми инсон ва шарафи инсонист. Ва муҳимтарин чизи дигар ин аст, ки ин суханрониҳои ӯ, новобаста ба ҳама гуна зарфиятҳои стратегиаш, дурандешона нест”.
Светлана Ганнушкина, раиси кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” ва як узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия мегӯяд, баъди шунидани суханронии ахири нахуствазир бидуни тардид аз даъвати фаъолони ҳуқуқи башар пуштибонӣ карда зери талаби истеъфои Владимир Путин имзо гузошт.
Ӯ афзуд: “Чизҳое гуфта шуд, ки як одами ҷиддие, ки дар як вазифаи муҳим аст, аслан ҳақ надорад бигӯяд. Иттиҳоми бидуни далели мухолифин дар ҷиноят, як масъала аст. Ду изҳороти вай пеш аз ҳукми додгоҳ дар бораи гунаҳгор будани Ходорковский аслан ғайри қобили қабул аст. Ва ниҳоят, мавриди сеюм ин аст, ки билохира як маҳкумият ва ё вокуниши сахте дар қиболи фаъолияти фашистон дар ин охирҳо дар Русия садо надод”.
Изҳороти шадидлаҳни Путин
Владимир Путин дар ҷараёни мусоҳибаи телевизионии рӯзи панҷшанбеаш, ки бар пояи суолу ҷавоб бо мардуми Русия таҳия шуда буд, чандин изҳороти шадидлаҳне ба забон овард, ки боиси ранҷиш ва интиқоди гурӯҳҳои сиёсиву шаҳрвандии ин кишвар гардид.
Вай дар посух ба саволи як зани сокини Иркутск оид ба сарнавишти сарватманди зиндонӣ Михаил Ходорковский, ки дар пешорӯи иттиҳомоти нави марбут ба ғорати маблағҳову напардохтани молиёт қарор дорад, гуфт: “Дузд бояд дар зиндон бошад”.
Дар изҳороти созмонҳои мудофеи озодии баёни Русия, инчунин ташкилоти байналмилалии Human Rights Watch, Freedom House ва Amnesty International бо маҳкумияти изҳороти ахири Путин гуфта мешавад, ки даҳ рӯз пеш аз содиршавии ҳукми Ходорковский инро мешавад чун кӯшиши таъсиргузорӣ ба тасмими додгоҳ арзёбӣ кард.
Набардҳо барои пул ва қудрат
Дар робита бо арзи ҳастӣ кардани ҳизби нави оппозитсионии “Озодии мардумӣ” ва саволи нафаре, ки мегуфт, ба андешаи Путин “хостҳои Немтсов, Рижков, Милов ва дигарон чӣ буда метавонад”, ӯ бидуни андешаи зиёд гуфт: “пул ва қудрат аст”.
“Дар вақташ солҳои 1990-ум хеле корҳое карданд, ҳамроҳ бо березовскийҳову дигарҳое, ки дар зиндон ҳастанду имрӯз исмашонро ба ёд овардем, миллиардҳои зиёдро ба киса заданд. Аз охурча дурашон кардем, онҳо камтар истода ҳоло дубора баргашта кисаҳои худро пур кардан мехоҳанд. Агар мо ба онҳо иҷоза диҳем, ки ин корро кунанд, ба фикрам ин навбат на фақат бо миллиардҳо қонеъ намешаванд, балки тамоми Русияро мефурӯшанд”, -афзуд ӯ.
Дар изҳороте, ки муассисони ҳизби нави “Озодии мардумӣ” кардаанд, гуфта мешавад, ки мехоҳанд аз болои Путин барои тӯҳматаш ба додгоҳ шикоят баранд. Владимир Рижков дар сӯҳбат бо Интерфакс гуфт, ки “Путин моро дар он гуноҳҳое айбдор кардааст, ки дар асл худи ӯ олудаи он аст”. Ин сиёсатмадор гуфт, ки дар давраи раҳбарии Путин “мизони фасоду ришвахорӣ дар кишвар даҳ баробар, шумори коркунони сохторҳои давлатӣ ду баробар ва шумори миллиардерҳое, ки сармояашон бо доллар ҳисоб мешавад, даҳ баробар афзоиш ёфтааст”.
Путин - сарватмандтарин дар дунё?
Бар тибқи бархе ҳисобҳои ғарбиҳо, сармояҳои худи Путин дар ҳаҷми беш аз 50 миллиард доллар ҳисоб шуда эҳтимол меравад, аз ин ҳам бештар бошад.
Владимир Путини 58-сола, подполковники собиқадори КГБ, ки соли 1999-ум нахуст бо пешниҳоди Борис Елтсин ба унвони иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Русия аз худ дарак дод, кайҳост ба саволи маъруфи хабарнигори ғарбӣ посух додааст, ки дар як нишасти хабарӣ 10 соли пеш гуфта буд: “Шумо кистед, ҷаноби Путин?”.
Ӯ, ки баъди интихоботи соли 2000-ум бомуваффақият ду мӯҳлат раҳбарии Федератсияи Русияро ба ӯҳда доштааст, ҳанӯз ҳам муҳимтарин шахсияти сиёсати дохиливу хориҷии ин кишвар боқӣ мемонад. Дар ин муддат, ба қавли таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ, ӯ тавонист бархӯрд ва муносибати ҷаҳон, ба вижа Ғарбро нисбати Русияе, ки бо хатари парокандашавӣ рӯбарӯ буд, тағйир дода Маскавро дубора ба бозигари муҳими сиёсати ҷаҳон табдил диҳад.
Ҷаноби Рашид Ғанӣ мегӯяд: “Яке аз сабабҳои аслие, ки заминаҳои барқарор кардани давлатдории қавитарро имконпазир гардонд, қобилияти стратегии Путин дар дарк ва истифодаи шароити байналмилалӣ аст. Ҳисобу китобҳои ӯ дуруст баромад, ки гирифтории аз ҳад зиёди Амрико дар ҷангҳои Ироқу Афғонистон ва ҳоло Покистон ва умуман гирудор бо мардуми кишварҳои мусулмоннишин ногузир ба баланд шудани нархҳои нафт сабаб мешавад. Русия яке аз содиркунандаҳои асосии нафти ҷаҳон аст ва даромад аз фурӯши нафт ба ӯ имкони барқарорсозии давлатдории Русияро пиёда кунад”.
Раҳбари аслии Русия
Рашид Ғанӣ мегӯяд, бо вуҷуди дар мақоми нахуствазирӣ буданаш Путин тавонист ба рақибону мунаққидони берунааш нишон диҳад, ки раҳбари воқеӣ, тасмимгиранда ва ҳалкунандаи аслии масъалаҳо дар Русия кист.
Пурсишҳои афкори умум дар Русия нишон медиҳанд, ки Путинро мардум барои қотеияти сухан, гоҳо заҳр заданҳояш ба сангари мухолифон, мардумгаро ва популист буданаш дӯст медоранд. Болоравии нишондодҳои иқтисодиро дар аҳди ӯ ба унвони намунаи ҷиддии пешравии вазъи зиндагии мардум мисол меоранд.
Вале аз сӯи дигар, мегӯянд мунаққидони сиёсӣ, маҳз дар ҳамин даҳ соли охир Русия аз назари дастовардҳои демократӣ ба таври бесобиқа рукуд карда, заминаҳои эҷоди ҷомеаи демократӣ заъиф шуд. Маҳз Путин ташаббускори шурӯи ҷанги дуюми Чеченистон буд. Дар ин муддат низоми интихоби раҳбарони манотиву вилоятҳо ва палатаи болоии парлумон таъйинотӣ шуда низоми додгустарӣ комилан мустақилияти амалро аз даст дод. Дар саросари ин кишвар ҳама матбуот ва телевизиону радиои мустақил ва мухолифи давлат баста шуда сояи дасти сангини назорату сонсур болои сайтҳои интернетӣ ҳам афтод.
Як фаъоли ҳуқуқи инсон мегӯяд, кишвари “бисёрмиллатаву сермазҳаб ва гуногунфарҳанги Русияро бидуни фаъолияти солиму пешрафтаи сохторҳои демократӣ” раҳбарӣ кардан мумкин нест. Аксар мухолифин мегӯянд, ошӯбҳои гурӯҳҳои миллатгаро дар Маскав ҳафтаи ҷорӣ собит кард, ки ҳукумати Русия хеле заъиф буда аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи аслии худ намебарояд.
Бо назардошти ин ҳама, фаъолони ҳуқуқи башари Русия мегӯянд, бахубӣ дарк мекунанд, ки талаби онҳо барои истеъфо додани Путин натиҷа нахоҳад дод. Лев Пономарев, раҳбари ҳаракати “Барои ҳуқуқи инсон” мегӯяд, аммо нирӯҳои демокративу озодихоҳ бо вуҷуди афзоиши фишор аз муборизаҳои хастанопазири худ даст намекашанд.